НАВАСКАРОН. БА САВГАНДИ ҲАРБӢ СОДИҚЕМ

№17 майи соли 2016 17.05.2016

Дар маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони навдаъватшуда Савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ, сардори маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Б.Муминҷонзода, намояндагони мақомоти сарҳадии Федератсия Россия дар Тоҷикистон, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падарону модарони сарбозон ва дигар меҳмонон низ иштирок доштанд.

Генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон баромад намуда, қайд кард, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад.  Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад.

Намояндагони мақомоти сарҳадии Федератсия Россия дар Тоҷикистон, собиқад Саидов Олим, падару модарони сарбозон — Шоев Ҳикматулло, Исмоилов Нуриддин, Аланазарова Дилором, Хоҷаева Моҳитобон, Мирзоева Соҳибҷамол суханронӣ карда, ба онҳо хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуданд.

Сарбози навдаъватшуда Боев Наврӯз баромад намуда гуфт, ки мо сарҳадбонон бояд бо интизоми намунавӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ ва садоқату ҷасорат ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошем.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон