Қотилони Муҳиддин Олимпур киҳоянд?

№149 (4099) 12.12.2019

asdasdМуҳиддин Олимпур хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе буд. Ҳамин даргоҳи маърифат чашми ӯро ба дунёи нафосат ва зебоӣ кушод ва ба сӯи орзуҳои нав ҳидоят намуд.            

Ӯ аз зумраи шахсиятҳое буд, ки ҷонсӯзи забон ва фарҳанги миллианд. Фарҳанги тоҷиконро ба хориҷиён ошно мекард ва фарҳанги волои кишварҳои дӯстро ба тоҷикон. Барномаи телевизионии «Ситораҳои Шарқ» гувоҳи гуфтаҳои болост.

Дар бораи Олимпур садҳо мақола, маҷмӯаи дастаҷамъӣ офарида шудааст. Вай дар музокироти сулҳ миёни тоҷикон ҳамчун рӯзноманигор ширкат варзид. Он замон ба сифати аккос дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва ҳамзамон, мухбири радиои «БИ БИ СИ» адои вазифа менамуд. Марди сафар буд ва таъриху фарҳанги тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ мекард.  Нигоришҳо ва мақолаҳояш дар «Тӯшаи чашм», «Чорбоғи гулҳо», «Ишқ фарёд кунад», «Роҳнамои суратгир», «Аз Душанбе то Лос Анҷелос», «Ирон бӯи модар мекунад», «Гугуш» ва ғайра гирд оварда шудаанд.

Фарҳанги бисёр воло ва ба бузургони миллат эҳтироми бузург дошт. Вақте сухан дар бораи бузургон (Улуғзода, Айнӣ, Икромӣ, Миршакар) мерафт, ҳатман калимаи ифтихории «устод» -ро истифода мебурд. Умуман, рӯзноманигори хушсалиқа, нависандаи озода буд.

Китобхонаи шахсии бузург дошт, ки аз он ҳангоми донишҷӯӣ ҳамдиёронаш — хонандагони мактабҳои олӣ истифода мебурданд.

Барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Муҳиддин Олимпур айни камолоти эҷодӣ, дар синни 49-солагӣ,  12-уми декабри соли 1995 дар соҳили дарёи Душанбе аз тарафи дастаи мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии  Юнусов Нозим Юсупович, аъзои даста — Тоҳиров Аҳтам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шарипов Насрулло Нарзуллоевич, Давлатов Назрибек Бекназарович  ба қатл расид. Куштори М. Олимпур ва дигар зиёиёни ватандӯсти миллат, ба монанди Юсуф Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, дар замоне ки ҳанӯз Ватани азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалинро ба сӯи истиқлолият мегузошт, душманону бадхоҳони миллату давлати тоҷикро дар симои саркардагону аъзои ТТЭ ҲНИ ошкор кард.

Муҳиддин Олимпур ба наҳзатиҳои хунхор чӣ халал расонид, ки супориши маргашро дода буданд? «Гуноҳ»-и ӯ он буд, ки ақидаҳои наҳзатиҳоро нодуруст мегуфт. Такрор ба такрор даъво мекард, ки андешаҳои наҳзатиҳо ботил аст ва рафтан аз паси онҳо оқибат ба марг оварда мерасонад. Маҳз ҳамин ақидаҳои марди зиёӣ наҳзатиҳоро шигифтзада намуду нақшаи маргашро кашиданд. Монанди Олимпур садҳо тани дигар, ки монеи  ҷомеаи исломӣ ва исломгароён буданд, аз дасти наҳзатиҳои ифротӣ ба қатл расиданд.

То ин замон намояндагони ташкилоти террористии наҳзат мисли мор пӯсташонро якчанд маротиба иваз намуданд. Яъне, мавқеъ, сиёсат, рафтору гуфтор, ришу мӯй ва ҳатто либоспӯшиашонро дигар карданд, то ки ба талаботи стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳамзамон, бо ҳиллаву найранг мехоҳанд боз диққати мардуми тоҷикро ҷалб намоянд. Аммо мардуми кишвар дигар ҳаргиз  ба разилони наҳзатӣ бовар намекунад. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон нарасида буданд ва нахоҳанд расид.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз зиндаёд Муҳиддин Олимпур, ки барои кишвари азизамон — Тоҷикистон хизматҳои шоён кардааст,  ифтихор дорад. Ӯ ҳамеша дар дилу дидаи мардум ҷой дорад ва номаш вирди забонҳост.

С. Холбеков, директори  МТМУ №16-и ноҳияи Айнӣ