Оё нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ сари вақт иҷро мегардад?

№122 (4072) 12.10.2019

Fhnbi (1)Аз оғози маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 12 рӯз сипарӣ гардид. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳо оид ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, — мегӯяд сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Низомиён.

То 10 октябр нақшаи умумии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат 45 фоиз иҷро гардида, ВМКБ пешсаф аст. Нақшаи даъват дар он 4 октябр иҷро гардида, ҳоло ба 110 фоиз расидааст. Аз комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Исфара ва ноҳияи Шаҳристон низ чанд рӯз пеш оид ба иҷрои нақша хабар доданд. Умуман, дар вилояти Суғд иҷрои нақша 60 фоизро ташкил медиҳад.  Шаҳру ноҳияҳои Роғун, Лахш, Нуробод, Сангвор ва Тоҷикобод низ  супоришро пурра иҷро намуданд. Аммо иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе 48 ва дар вилояти Хатлон 32 фоизро ташкил намудааст.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол шароити хизмат — машқу тамрин, таъминот ба сарулибос ва хӯрокворӣ дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат  ба талабот ҷавобгӯ буда, сарбозон дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Дар қисмҳои ҳарбӣ барои наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзиши лавозимоти ҳарбӣ бо тамоми шароит, хобгоҳу китобхонаҳо, паркҳои техникӣ, нуқтаҳои тиббии саҳроӣ, хонаҳои фароғативу фарҳангӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидон, майдонҳои варзишӣ, ошхона, ҳаммом муҳайё гардидаанд, ки самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб  меёбанд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмат ва истироҳати сарбозон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар рӯз ғамхорӣ зоҳир гардида, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аммо ин ҳама имконият медиҳад, ки нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ сари вақт иҷро гардад? Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.

 Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»