«Озодӣ» чӣ мехоҳад?

№85 (4191) 14.07.2020

1Ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ бо барномаҳои радиои «Озодӣ» (Аврупои Озод) шинос будем. Ҷавонони солҳои 70-уми асри гузаштаро баъзе барномаҳои радиоҳои «Озодӣ», «Садои Амрико», «Мавҷи Олмон» («Немецкая волна») писанд меомад, зеро дар онҳо оҳангҳои даъват ба худшиносии миллӣ, масъалаи тақсимоти нодурусти марзҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва шеваи мустамликадорӣ доштани сохтори Давлати Шӯравӣ, нобаробарии тақсими меҳнат дар байни аҳолии Иттиҳоди Шӯравӣ (яъне истеҳсоли ашёи хом дар Осиёи Миёна ва коркарди он дар қисмати аврупоии Россия) ва монанди он ҳамвора пахш мегаштанд. Ҳамчунин, барои мо ҷолиб буд, ки асари нависандаи гуреза ва дигарандеши шӯравӣ — Александр Солженитсинро бо номи «Архипелаг Гулаг» (Галаҷазираҳои ГУЛАГ) шабҳо аз тариқи ин радио гӯш кунем. ГУЛАГ — номи кӯтоҳшуда аз забони русӣ Главное управление лагерей, яъне раёсати асосии лагерҳо (лагерҳои меҳнатӣ барои бадарғакардагон) мебошад.

Дар гуфтори радиоӣ Александр Солженитсинро нобиғае дар ҷаҳон мешиносониданд, ки барои андешаҳои озодипарварӣ ба Сибир бадарға шудааст. Тадриҷан пай бурдем, ки андешаҳои Солженитсин бар пояи шовинизми русӣ ва яҳудиситезӣ (антисемитизм) баён мешаванд. Баъди аз зиндон озод шуда, ба Ҷоизаи байналмилалии «Нобел» сазовор гаштан нависанда ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳиҷрат кард. Шунидем, ки Тоҷикис­тон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро муфтхӯру осеб­расони кишвари бузурги Россия меномад.

Он замон бо фаҳмиши донишҷӯиямон дарк намекардем, ки дар паси радиоҳои «адолатпеша» ва «озодиҷӯй», ташкилотҳои ҷосусии Аврупо ва Амрико қарор доранду ҳадафи аслиашон беобрӯ кардани ҳукуматдорони рус ва фарҳанги русӣ буда, бо мақсади пош додани Иттиҳоди Шӯравӣ неруҳои зиддишӯравӣ ва ҷонибдорони тарзи зиндагии амрикоиро таърифу тавсиф мекунанд.

Чун каме ба сиёсати ҷаҳонӣ сарфаҳм рафтем, пай бурдем, ки яке аз василаҳои чашмгири он расонаҳои хабарӣ ҷой кардани норизоятиву нобоварӣ ба мафкураи миллатҳои ғайрирус мебошад. Чунон ки аз таърихи дастгоҳҳои таблиғотии кишварҳои Аврупову Амрико пайдост, сарони кишварҳои бузургхоҳ, аз ҷумла президенти вақти ИМА генерал Дуайт Эйзенхауэр, шиори «созмон додани шабакаҳои радиоии ғайридавлатиро дар хориҷ аз Амрико» ба миён гузоштанд. Аз соли 1948 зери роҳбарии Департаменти давлатии ИМА ва Раёсати марказии иктишофӣ чанд ташкилоти «ғайридавлатии» пешбарандаи фаъолияти зиддишӯравӣ, аз ҷумла Кумитаи миллии Аврупои Озод (National Committee for a Free Europe) бо шабакаи радиошунавонӣ созмон ёфта, 4 июли соли 1950 (яъне 70 сол пеш) пахши барномаҳоро дар Олмони Ғарбӣ оғоз карданд. Барномаҳо аввал ба фазои Булғористон, Чехословакия, Лаҳистон (Полша), Маҷористон (Венгрия), Руминия, аз соли 1978 ба самти Литва, Латвия ва Эстония нигаронида шуданд. Аз рӯи нигош­таҳои чопии шӯравӣ, «Озодӣ» аз рӯзҳои нахустини барпо гардидан рисолати намояндагии дастгоҳи ҷосусии Амрико дар Аврупоро иҷро мекард. Шабакаи радиоии «Озодӣ» ҳамеша аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешуд.

Мушовири сиёсии кумитаи матбуот О. Ҷексон моҳи ноябри соли 1951 дар назди кормандони шабакаи радиои «Аврупои Озод» суханронӣ намуда, изҳор дошта буд: «Аврупои Озод» хадамоти ҷанги психологӣ мебошад. Ташкилоти мо ба хотири таҳрик ва барпо намудани беназмиҳо дар кишварҳое, ки барномаҳоро пахш мекунем, таъсис шудааст. Мудохилаи ҳарбӣ танҳо ҳамон вақт маънӣ дорад, ки дар зеҳни мардуми кишварҳои мавриди таваҷҷуҳ эҳсос ба фаъолиятҳои яроқнокро корида бошем».

Тавре маълум мегардад, манзури Ҷексон аз роҳи таассуби дингароӣ, бознигарии марзҳои байни кишварҳо, худхоҳӣ ва худбузургбинии миллӣ ва монанди он таҳрик бахшидани мухолифат, нобоварии аҳолӣ нисбат ба сохти давлатдорӣ миёни кишварҳо буд. Новобаста ба он ки аксарияти бовармандони кешҳои нас­рониву католикӣ дар Аврупову Амрико ба парастандагони дини ислом бо чашми нобоварӣ ва гоҳе нафрат менигаристанд, радиои «Озодӣ» ва соири радиоҳои дар боло ёдшуда зимни барномаҳояшон ҷойҳои намоёнро ба пуштибонии исломгароёни шӯравӣ мебахшиданд ва бо ин хешро ҳомии арзишҳои демократӣ нишон медоданд.

Ин нукта ҷолиб аст, ки радиои «Озодӣ»-ро Ҳукумати Россия ба рӯйхати ВАО-и хориҷие, ки ҳамчун агенти дастгоҳҳои таблиғотии кишварҳои ғайр амал мекунанд, дохил кардааст. Радиои «Садои Амрико»-ро бошад, соли 2017 ба ин рӯйхат ворид карда буд. Дар маҷмӯъ, 10 воситаи ахбори омма ба рӯйхати номбурда шомил мебошанд. Пахши барномаҳои радиои «Озодӣ» бо сабабҳои сиёсӣ дар кишварҳои Беларус, Озарбойҷон, Россия, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон манъ мебошад. Зимнан, ёдовар бояд шуд, ки аз рӯи бархе аз хабарҳои расонаҳои электронӣ, пахши барномаҳои радиои «Озодӣ» барои шаҳрвандони амрикоӣ қатъиян манъ аст.

Таҳлилгарони рус В. И. Якунин, В. Э. Багдасарян, С. С. Сулакшин дар монографияи худ бо номи «Технологияҳои навини мубориза бо давлатдории русӣ» изҳор доштаанд, ки радиои «Озодӣ» ба таблиғоти одии зидди Россия машғул аст. Ин таҳлилгарон бар онанд, ки гарчанде Созмони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) радиои «Озодӣ»-ро барои муборизаи идеологӣ бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Паймони Варшава бунёд карда бошад ҳам, шеваи фаъолияти он моҳиятан тағйир наёфтааст.

Воқеан ҳам, ин хулосаи олимони мазкур ҷой дорад. Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва дар рӯи вайронаҳои он 15 давлати озоду мустақил бунёд ёфт. Дигар норасоиву ошуфтагиҳои сиёсии ҳар рӯз сад бор ба такрор аз баландгӯяки радиои «Озодӣ» пахшгашта ислоҳ шуданд. Русҳо саросар аз ин кишварҳо ба ватани бобоӣ кӯч бастанд. Ин кишварҳо дигар мустамликаи Россия нестанд ва забонҳои давлатиашон забони модарии миллатҳои таҳҷоӣ мебошанд.

Номҳо бо забони худӣ гузошта шудаанд. Боварҳои динӣ ихтиёрианд ва шумори ибодатгоҳҳо садчанд афзуданд. Тиҷорат ва соҳибкорӣ озод аст ва ҳатто дар Тоҷикистон барои тиҷорати истеҳсолӣ имтиёзҳое фароҳам оварда шудааст, ки дар ИМА ҳаргиз вуҷуд надоштанд. Шумораи муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, маишӣ ва варзишӣ даҳчанд афзуданд ва монанди он. Пас, дигар чӣ мехоҳад радиои «Озодӣ» аз системаи давлатдории тоҷикон, ки на бо шаблони аврупоӣ ва на бо шаблони давлатҳои исломӣ бунёд ёфтааст? Шояд мехоҳад, ки кишварҳои ҷаҳон шеваи зиндагиву давлатдории амрикоӣ дошта бошанд? Дӯсту душманро бо иродаи Президенти ИМА ва Конгресси он интихоб кунанд? Магар зуҳуроти зиёновари дохили ҷомеаро бо шеваи худ бехатар насозанд? Магар бигзоранд, ки ин зуҳуроти номатлуб бо усули дар Ироқу Сурия ва Мисру Афғонистон пайдогашта кишварро ба ошуфтагиҳои марговар даромезанд?…

Ҳоло ҳам чун замони донишҷӯӣ ба барномаҳои радиои «Озодӣ» гӯш медиҳем ва аксаран аз гуфтаҳояшон дар шигифт мемонем, ки аз чист ин қадар бадбинӣ ба давлатдории тоҷикон?! Бо кадом ният онҳо террористону ифротгароёни дини исломро ҷонибдорӣ мекунанд? Агар ҳадафашон коштани ормонҳои демократӣ бошад, дар куҷои ташкилотҳои сиёсии диниву мазҳабӣ хурдтарин арзишҳои демократиро пай бурдаанд?

Чаро соли 2002 радиои «Озодӣ» фаъолияташро дар Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва пашту пас аз қатъи 18-солаи интишори барномаҳо, яъне, соли 1980, аз нав оғоз кард? Шояд радио рисолаташро анҷом дода буд, зеро нооромиву даргириҳо таври хостаҳои комплекси ҳарбӣ — саноатии ИМА ва кишварҳои дигари тавлидгари аслиҳа, бидуни ошуфтасозиҳои нав дар ҷараёнанд. Аммо аз ин ки соли 2002 боз ба пахши барномаҳо шурӯъ кардааст, ин тахмин дур нест, ки тасмими тоза гирифтаанд. Дигар ин ки аз моҳи январи соли 2012 «Озодӣ» барномаҳоро дар минтақаҳои сарҳадии паштунишини Покистон (Паштунистон) ва қавму қабоили паштутабори Афғонистон бо гуфтори пашту пахш мекунад. Дар шигифтем, ки аз демократия сухан ронда, боре ҳам дар мавзӯъҳои «демократияи динӣ», ба монанди сангсоркунии занон, қатли одамони бегуноҳ дар кишвари ноороми Афғонистон назди микрофон лаб во накардаанд. Аммо 27 марти соли 2019 дар Қрими Россия, ҳамин ки 20 нафар террористи «Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ» аз тарафи ниҳодҳои амниятии Россия боздошт шуданд, бидуни таъхир, пас аз гузашти ду соат, аз ду канали «Озодӣ» гуфтори радиоӣ бо ҳавову ҳаваси ҷонибдории ин «бечораҳои мусалмони дар шиканҷа» барномаҳо интишор ёфтанд.

Боз ҳам пурсиши дигаре дар миён аст, ки чаро радиои «Озодӣ» аз дастовардҳои бешумори Тоҷикистон чашм мепӯшад ва аз онҳо ёдовар намешавад? Сарварони радиои «Озодӣ» ва маблағгузорони ҷаҳонхори дар паси он қарордошта на танҳо намехоҳанд аз пешравиҳои Тоҷикистон сухан гӯянд, балки ҳамдиёрони моро, ки фирефта шуда, дар бахши тоҷикии радио фаъолият мекунанд, барои худдорӣ варзиданашон аз пахши маълумоти дурӯғини интиқодӣ таҳдиди аз кор рондан мекунанд. Барои мисол, моҳи апрели соли 2019 радиои «Озодӣ» изҳорот дода буд, ки бар зидди бахши тоҷикии худ тафтишот оғоз менамояд. Назар ба матни ба интишоррасида бахши мазкур ҳамвора бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва дастнигари он гаштааст. Чунин ҳолат дигар ба арзишҳои онҳо созгор нест. Ҷуз ин дар матни номбурда омадааст, ки чунин нишондиҳии рӯйдодҳо «обрӯи Иёлоти Муттаҳидаро мерезонад».

Инак, ноҷавонмардиву беинсофии радиои «Озодӣ», фарзанди нотании он «Паём.нет» ва чанди дигарро бубинед, ки аз офати табиии бар сари сайёра омада баҳра бурда, кишварҳои дигарро дар рух додани он гунаҳкор медонанд, аммо чӣ метавонанд гуфт, ки ин вабо беш аз ҳама ИМА ва кишварҳои Аврупоро ба таҳлука овардааст ва маҳз дар ҳамин кишварҳо мардум ноором гаштаанд.

Ҳамин тавр, ба хулоса омадаем, ки радиои «Озодӣ» ва ҳаммаслакони он бар асоси илми журналистика амал накарда, як дастгоҳи дасисабоз ва бо истифода аз далелҳои бирёншуда (истилоҳи русии жаренные факты) дар пайи ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои ба озодӣ ва истиқлолиятрасида мебошад.

Дар интиҳо бо ибораи халқӣ гуфтанием: «Он мурғе, ки шумо куштаед, мо парташ кардаем».

Кова МИРЗОИЁН