«Парчам ҳаст?»

№146 (4096) 03.12.2019

Маршрутка-в-ДушанбеВақте ки дар фарҳанги электронӣ маънои калимаи «ориентир»-и русиро суроғ кардам, шакли тоҷикии он «манзил» тарҷума шуд. Ба забони форсӣ — «нуқтаи атф». Маънои «манзил» бошад, ҷои фуруд омадан, фуромадгоҳ ва истгоҳ аст.

Воқеан, чанд сол пеш, вақте ки Парчами давлатиро дар пойтахти кишвар афрохтанд, эҳтимол кам касе тасаввур мекард, ки он ба ғайр аз рамзи давлат буданаш, махсусиятҳои дигаре ҳам касб мекунад, хусусан, дар миёни омма. Як пагоҳӣ савори мусофиркаши рақами ҳашт ба маркази шаҳр мерафтам. Аҳволи нақлиёти мусофиркашон саҳаргоҳон, вақти ба кор рафтан ва бегоҳ, ҳангоми аз кор баргаштан, ба ҳама маълум аст. Вақте ки нақлиёт «Осорхонаи миллӣ»-ро гузашт, дар дохил як ҳаёҳӯ ва шӯр барпо шуд. Овози яке аз мусофирон, ки дар курсии аз ҳама охир менишаст ва хоҳиши фаромадан дошт, аз ғояти бисёрии мусофир ба гӯши ронанда ва ёвари ӯ нарасид. То матлабро ба ронанда расониданд, ки мошин аз нуқтаи фаромадан андаке гузашт. Он мусофир, ки шикояткунон дигар ҳамсафаронро тела додаву зер карда, ба баромадгоҳи нақлиёт наздик мешуд, бо тундӣ ба ронанда гуфт:

- Мемурӣ, ки ҳаму мусиқиата пасттар монӣ?!

Ронанда, шояд айбашро медонист, ки лом нагуфт. Ба ҷои вай пулчинак ҷавоб дод:

- Охир, амакӣ, се бор пурсидам, ки «Парчам ҳаст?», «Парчам ҳаст?» ягон нафар овоз набаровард.

Мусофир, ки ҳанӯз ғазабаш паст нашуда буд, гуфт:

- Номаъқул кардӣ. Агар дар мошинат касе бо номи парчам мебуд, ҳатман ҷавоб медод, ки бале парчам ҳаст. Аз ин пас пурс, ки дар истгоҳи «Осорхонаи миллӣ» ё «Боғи парчам» мефароед?

- Хуб шудааст, амак, — кӯтоҳ ҷавоб дод пулчин ва ба ронанда гуфт, ки ҳаракат кунад.

Ӯ андак парешон шуда буд магар, ки вақти ба истгоҳи Маркази савдо (Универмаг) расидани нақлиёт аз мусофирон пурсид:

- Парчам ҳаст?

Дар дохили мусофиркаш якбора овози ханда баланд шуд. Ронанда ҳам ба зӯр худро дошта гуфт:

- Ба худ биё, эй бача, Парчамро гузаштем!

М. УСМОН, «Садои мардум»