Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ҳуҷҷати барномавист барои фаъолият дар ҳама самт

№27 (3821) 01.03.2018

Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли  2017 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ба сифати роҳнамои  ҳадафҳои  созанда аз ҷониби аҳолии кишвар бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Роҳбари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории амиқ қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Паёми Пешвои миллат ҳамчун як ҳуҷҷати барномавӣ самтҳои фаъолияти минбаъдаи хоҷагидории кишвар, сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро муайян менамояд ва бо амалӣ гаштани нишондодҳои он Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ оварда, созандагиву ободкорӣ равнақ меёбад, ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбас­ти коммуникатсионӣ баровардани кишвар давра ба давра амалӣ мегарданд.

Дар Паём таъкид шуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ, аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурус­тӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд хоҳад шуд.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯйи синну сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Сарвари давлат аз сан­ҷишҳои беасосу такрорӣ изҳори нигаронӣ намуда, дар Паём зикр карданд, ки мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.

Аз ин лиҳоз, зарур ҳисобиданд, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷиши фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ, дар ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.

Омӯзиш ва таҳлили Паёми Пешвои миллат собит месозад, ки Президенти мамлакат ба қудрати созандаи халқи тоҷик итминони комил доранд. Аз ин ҷост, ки дилпурона изҳор намуданд: «Мо бо заҳмату ­фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем».

Дар Паёми Сарвари давлат оид ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо пешниҳод гардид, ки кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯйӣ карда шавад.

Зумрад БАРОТЗОДА,

судяи Суди иқтисодии

шаҳри Душанбе