Рӯзи ҳуқуқи инсон. Таҷлили он аз куҷо маншаъ мегирад?

№148 (4098) 10.12.2019

Ҳар сол дар олам 10 декабрро чун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегиранд. Тавре аз матолиби оид ба ин сана нашр ва пахшшуда бармеояд, он ба қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон рабт дошта, нақши он дар ҷаҳони муосир барои эътироф, эҳтиром, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир мебошад. Меъёрҳое, ки дар ин санад муқаррар шудаанд, аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ эътироф гардидаанд.

Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар Иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, 30 ҳуқуқи бунёдии инсонро ҳамчун асоси ҷомеаи демократӣ дар бар мегирад. Баъдан, дар асоси он чанд санади дигари байналмилалӣ, аз ҷумла, Паймон дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймон дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, қабул гардид, ки дар пешрафт, эътирофу эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд.

Моҳиятан Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҳуҷҷатест, ки дар он саъю талош ва муборизаи халқҳои ҷаҳон баҳри эътироф ва қабули озодию баробарӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон қабул шудааст. Санадҳои таърихӣ, ба мисли Хартияи бузурги озодихоҳӣ (соли 1215), Санад дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689, Инглистон), Эъломияи истиқлолият (соли 1776) ва Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789, Франсия) низ ҳамчун сарчашмаи муҳими ин эъломия мебошанд.

Аввалин санад дар бораи ҳуқуқи инсон Эъломияи шоҳ Куруши Кабир маҳсуб мешавад, ки то ҳол аҳамият гум накардааст, ба шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума ва меъёрҳои он дар чор моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтааст.

Зарурати таҳия ва қабули санади умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми қабули Оинномаи СММ ба миён омад. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, моҳи июни соли 1945, бо ташаббуси эътилофи давлатҳои зиддифашистӣ – ИҶШС, ИМА, Хитой, Англия ва Франсия созмони байналмилалии пурқуввати бисёрҷанбаи бехатарӣ бо номи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфт, ки дар низомномаи тасдиқгардидаи он ҳуқуқҳои инсон ҷойи марказиро ишғол менамояд. Моҳи феврали соли 1946 дар шаҳри Сан-Франсиско Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид Комиссия оид ба ҳуқуқи инсонро созмон дод. Дар ҳайати он аз 18 давлати ҷаҳон файласуфон, дипломатҳо ва ҳуқуқшиносони барҷаста шомил буданд, ки маҳз ба хизмату талошҳои онҳо ­Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пурмуҳтаво шуд.

Сипас, дар Иҷлосияи сеюми намояндагони Ассамблеяи генералӣ дар қасри Шайои Париж баррасии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оғоз гардид. Аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 1948 баррасии лоиҳаи эъломия дар шаҳри Париж зимни 85 ҷаласа идома ёфта, 1400 маротиба овоздиҳӣ баргузор гардид.

Аз 56 давлати аъзои СММ 48 давлат ба тарафдории Эъломия овоз доданд ва он бо раъйи аксарияти давлатҳо ва ҳашт давлати бетараф қабул шуд.

Доир ба муҳтаво ва муқаррароти санад бояд гуфт, ки аз пешгуфтор ва 30 модда иборат аст. Дар моддаи 1-и он омадааст: «Тамоми одамон озод ва аз нигоҳи шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Ҳамаи онҳо ақлу виҷдон доранд ва бояд нисбат ба ҳамдигар бародарвор муносибат кунанд». Нуктаи дигари ҷолиб он аст, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба зиёда аз 350 забони дунё тарҷума шуда, якумин санади глобалист, ки дар он ҳуқуқҳои инсон муайян шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари давлатҳои дигари ҷаҳони мутараққӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ аз 2 марти соли 1992 на танҳо ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки дигар санадҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон эътироф намуда, баҳри иҷрои онҳо кори зиёд амалӣ намудааст ва барои тавсеаи ин раванд дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои дахлдор оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, оид ба ҳуқуқи кӯдак, мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ созмон дода шудаанд, ки назорат ва амалишавии санадҳоро таъмин менамоянд.

Ҳадафи таҳияи матлаб аз як тараф, шарҳу тавзеҳи моҳияти ҷашн бошад, аз ҷониби дигар, бозгӯйӣ намудани саҳми ниёкон дар ин раванд (манзур Эъломияи шоҳ Куруши Кабир аст) маҳсуб мешавад. Месазад, ки аввалин санад дар бораи ҳуқуқи инсон эътироф шудани Эъломияи шоҳ Куруши Кабир, ба шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шудану ифода ёфтани меъёрҳои он дар чор моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Таҳияи Д. Мерганов, «Садои мардум»