22 майи соли 2016 – Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

РАЪЙПУРСИРО 300 ЖУРНАЛИСТ ИНЪИКОС МЕНАМОЯНД

№64 (3544) 19.05.2016

17 майи соли 2016 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар он роҳбари Ситоди мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Слобода Евгений Александрович иштирок намуд.

Бо мақсади инъикоси рафти тайёрӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи ба қайд гирифтани зиёда аз 300 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ қарор қабул кард.

Инчунин дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории  Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва корпуси дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қарор қабул шуд. Зикр шуд, ки то имрӯз зиёда аз 120 нафар мушоҳиди байналмилалӣ аккредитатсия шудаанд.

Ҳафт намоянда аз Созмони ҳамкории Шанхай, 74 намоянда аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 33 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳашт нафар аз корпуси дипломатӣ ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ аккредитатсия шуда, ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд.

Дар ҷаласа гузориши раисони комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Ваҳдат №5, Турсунзода №7 ва Рӯдакӣ №11 баррасӣ гардид.

Ғайр аз ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи миёнадаврии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 17 июли соли 2016 таъин гардид.

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»