Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст

Разведкачии полк

№68 (4174) 09.06.2020

Шоев КошЗодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ Шоев Кош, вақте ки соли 1942 барои иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар гардид, донишҷӯи соли дуюми совхозтехникум буд. Нахуст дар шаҳри Тошканд тайи се моҳ аз курси омодагии ҳарбӣ гузашта, сипас ҳамроҳ бо дигар хатмкардаҳо ба фронт фиристода шуд. Дар ҷангҳои назди шаҳри Моск­ва бо дастаи тоҷикписарон аз рӯзҳои аввал шуҷоатмандӣ нишон дода, сазовори таҳсин ва боварӣ гардиданд. Овозаи шуҷоати тоҷикписарон то ба фармондеҳи полк расид. Ӯ дар ёдномаҳояш он хотираро чунин сабт намудааст.

«Рӯзе моро сарфармондеҳи полки 515-ум наздаш даъват намуда, суханони нек гуфт ва илова кард, ки тоҷикон чашми тезбин доранд, онҳо ҷасуру бебоканд. Аз онҳо разведкачиёни хуб мебароянд. Пас аз шиносоӣ ду нафар — ману Анвар ном ҷавони душанбегиро ҷудо намуда, ба гурӯҳи разведкачиён шомил намуд.

Ҳамин тавр, 12 нафар разведкачии полк шудем. Чанд муддат таҳти роҳбарии капитан Андрей Смолний дарс хондем. Вазифаи аввал омӯзиши забон, баъд огоҳӣ аз амалиёти душман буд.

Танҳо шабона амалиёт мегузаронидем. Гурӯҳи махфии мо ҳамеша бо марг дасту гиребон буд. Чандин бор дар муҳосира монда, аз чанголи марг наҷот ёфта бошем ҳам, вале ҳеҷ гоҳ бе маълумоти аниқ барнамегаштем. Муҳорибаҳои хунин идома дош­танд, шаҳрҳо яке паси дигар аз фашистҳо озод мешуданд.

Аъзои гурӯҳ яке паси дигар ҳалок мешуданду боз одамони нав онҳоро пурра мекарданд. Ҳамин тавр, ба сарҳади Полша ворид гардидем. Душман қувваашро ба муҳорибаи Варшава сафарбар намуда буд, зеро он муҳорибаи ҳалкунанда маҳсуб мешуд. Дастаи разведкачиён барои муайян намудани авзои шаҳр ва ҳолати омодагии душман ба Варшава сафарбар гардид. Шабона зери борони тир вориди Варшава шудем. Аз аҳолии таҳҷоӣ касе наменамуд. Аниқ намудем, ки фашистон мардумро тарсонидаанд, ки агар русҳо ворид шаванд, ҳамаро мепарронанд…

Пас аз ду рӯз бо маълумоти пурарзиш баргаштем. Вале дар қисмати роҳ дар муҳосираи душман афтодем. Дар ҷанги нобаробар панҷ нафарамон ба ҳалокат расид. Як ҳафта дар ҷангал пинҳон шудем. Пас аз панҷ рӯз амалиётро тарҳрезӣ карда, ба ҳуҷум гузаш­тем. Барқсон хати муҳосираро рахна карда, ба деҳае баромадем. Дар он касе набуд. Аз гуруснагӣ аз заминҳо пиёзу картошкаи хом тановул намуда, каме истироҳат кардем. Пас аз чанде ду нафарамон варам карда фавтиданд. Дигарон тани нимҷон худро ба қисми ҳарбӣ расонидем.

Амалиёти Варшава оғоз гардид. Он шадидтарин муҳориба дар таърих буд. Душман тамоми қувваро сафарбар намуд, то амалиёти Армияи Сурхро боздорад, вале ин ҳама барои армияи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки рӯҳи шикастнопазир дошт, ҳеҷ буд.

РазведкаДушман дар муҳосира монда, шикаст хӯрд. Ман дар ин набард тир хӯрда, ба беморхона афтодам. Дар он ҷо хабар ёфтам, ки барои муҳорибаи Варшава бо орден сарфароз гардидаам. Аз 60 нафар тоҷикони полк танҳо ду нафар баргаштем. Дигарон қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Номи тоҷикписарон ҳамеша вирди забони командирон буд. Онҳо моро «Тоҷикони ҷасур» меномиданд».

Шоев Кош дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду дафъа тир хӯрда бошад ҳам, боз ба фронт баргашт. Рӯзи Ғалабаро низ дар беморхона истиқбол гирифтааст. Пас аз адои хизмат соли 1946 ба Тоҷикистон баргашта, таҳсилро идома дода, то охири умр ба ҳайси байтор фаъолият намуд.

Дар вохӯриву ҷамъомадҳо сари синаашро ордену медалҳо зеб медоданд. Ҳар яке аз медалҳои пеши бараш далолат аз қаҳрамонӣ ва корномаҳои алоҳидаи ӯ мекард. Шоев Кош дар ҳама ҷо ҳамяроқонашро ёд мекард. Ёд мекарду ашк мерехт. Захм­ҳои танаш осори талхе аз он солҳои мудҳиш буданд.

Ӯ соли 1972 бо хотироти талху ширини айёми он ҷанги мудҳиш аз олам даргузашт. Вале корнамоиҳои бемислаш ҳанӯз дар хотирҳо боқист ва ӯву ҳамсафонаш ҳаргиз фаромӯш намешаванд.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»