Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Рушди деҳот. Мушкилот ва дурнамо

№10 (3960) 24.01.2019

«Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад».

(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Рушди  босуботи деҳот дар шароити муосир, бояд бо истифода аз усулҳои зерин сурат гирад: арзишҳои экологӣ  -  истифодаи бошууронаи захираҳои табиӣ, истифодаи бехатари технологияҳо ва озуқавории бехавф, арзишҳои иқтисодӣ — таъмини устуворӣ ва самаранокии раванд­ҳои такрористеҳсолкунӣ ва худкифоии иқтисодии деҳаҳо, ҷалби сармоя ба деҳот, ҳифзу рушди бартариҳои рақобатпазир, арзишҳои иҷтимоӣ, адолату назорати иҷтимоӣ, арзишҳои сохторию ниҳодӣ — идоракунии самаранок, таъмини захира ва механизм барои рушди деҳот,  худташкилкунии ҷамоатҳои деҳот.

Бояд зикр кард, ки саҳми аҳолии деҳот дар  Олмон  25,1 дарсад,  Дания — 12,7, ИМА — 18,7, Австрия – 34,1, Белгия 2,7 дарсадро ташкил медиҳад. Табиист, ки ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад.

Афзоиши теъдоди деҳаҳои навбунёд ва барқароршавии деҳоти пеш мавҷудбуда ва мутобиқан афзоиши аҳолӣ ба афзоиши деҳаҳои хурд (то 10 оилаю хоҷагӣ) оварда расонидааст.

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди деҳоте, ки иншооту дигар муассисаҳои заруриро надоранд, меафзояд. Биноан, аҳолии онҳо иҷборан ба муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ мераванд. Эътироф бояд кард, ки қисмати муайяни аҳолии қобили меҳнати деҳот сарчашмаи доимии даромад надоранд.

Вақти он расидааст, ки тадбирҳои бетаъхир нисбат ба таъмини рушди деҳот бо мақсади суботу устувории он, махсусан дар қисмати фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ андешида шаванд. Дар ин ҷода метавон таваҷҷуҳи хосаро ба бунёди корхонаҳои хурд тавассути соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ равона кард.

Хулоса, сиёсати рушди деҳот  -  ин муносибати давлат ба деҳот ҳамчун маҷмӯи таърихан ташаккулёфтаи  ҳудудҳои ягона мебошад, ки вазифаҳои истеҳсолӣ — иқтисодӣ, иҷтимоӣ — демографӣ, фарҳангӣ ва ғайраро иҷро мекунад.

Ҷумъахон АЛИМӢ, Арафамо  ДАМИНЗОД, устодони ДДК ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ