Саломатӣ гарави осоиштагии ҳар хонадон аст

№7 (3957) 17.01.2019

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз ғамхорӣ ба мардуми кишвар буда, аз таҳлили амиқи дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангу сиёсати хориҷии мамлакат таркиб ёфтааст.

Хуб медонем, ки бе тани солим ба ягон муваффақияту дастовард ноил шудани инсон амри маҳол аст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр карданд, ки «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаи тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем».

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чораҳои дахлдор андешанд. Хусусан, бояд ба пешгирӣ намудани воридшавии дорувориҳои бесифат ва муҳлати истифодаашон гузашта, истеҳсоли дору дар дохили мамлакат диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бегуфтугӯ, мо — кормандони соҳа дастури Пешвои миллатро роҳнамои фаъолият қарор медиҳем, то ин ки саломатии инсон, ки гавҳари ноёб аст, ҳамеша дар амон бошад.

Дар ин радиф, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат аст. Аз ин рӯ, ба зан ҳамчун мазҳари покизагиву иффат, соҳиби ақлу заковати беназир ва хиради воло арҷгузорӣ мешавад. Пешвои миллат дар Паём барҳақ таъкид карданд, ки «зан модар аст, яъне, ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад». Ҳамчунин, ба мо — бонувон тавсия доданд, ки нисбат ба риояи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам ҷиддитару баҳри татбиқи онҳо беш аз пеш фаъол бошем.

Барои татбиқи самараноки дастуру ҳидоятҳои созандаи Паёми Пешвои миллат моро мебояд беш аз ҳарвақта сарҷамъу муттаҳид гардем ва ваҳдати миллиро тақвият бахшем, зеро асоси хушбахтии инсон ва сарчашмаи некуаҳволӣ аз ин омилҳо бармеоянд.

Саодат АМИНҶОНОВА, муовини сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон