Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудани Пешвои миллат таҳрикбахши рушди соҳа мегардад
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид, рушд бахшидани саноати дорусозӣ дар кишвар мебошад. Тавре Президенти мамлакат зикр карданд: «Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 340 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд».Воқеан, чунин аст. Бо ин миқдор дору, ки ҳоло дар кишвар истеҳсол мешавад, талаботи бозори дохилиро наметавон қонеъ кард. Аз ин ҷост, ки дар зарфи ду соли охир, тавре дар Паём зикр шуд, ба кишвар ба маблағи 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар самти ба вуҷуд овардани дору имконияти хуб дорем, ки ин истифодаи растаниҳои дармонбахш мебошад. Моро танҳо лозим аст роҳи дурусти омӯзиш, таҳқиқ ва коркарди онро пайдо намоем. Дуруст аст, ки ҳоло аз ин растаниҳо дар тиб истифода мебарем, аммо таври маъмул мутахассисони мо онҳоро дар шакли чой пешниҳод менамоянд, ҳол он ки давлатҳои мутараққӣ аз онҳо ҳаб ва малҳам истеҳсол мекунанд, ки дар табобати бемориҳо садҳо маротиба таъсири бештар доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, то аз растаниҳои шифобахш маводи доруӣ омода созем. Агар ин самтро рушд бахшида тавонем, ҳам фармакологияи кишвар пеш меравад, ҳам метавон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Дар ин росто кори олимон аз он иборат аст, ки хусусиятҳои растаниҳои шифобахшро ҳамаҷониба омӯзанд, таҳқиқ ва ба саноатчиён кашфиёташонро манзур намоянд. Албатта, олимони мо дар ин самт корҳои чашмрасро амалӣ намуданд, ки ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд. Чунончи, олими шинохтаи тоҷик, профессори факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мубаширахон Раҳимова соли 2014 дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор», ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд, ки ихтироъҳои ӯ бо 4 медал — 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадр шуд. Яке аз ин бозёфт тарзи ҳосил кардани шираи райҳон мебошад. Маводи ҳосилшударо дар тиб барои бемории қалб, буғуми дасту пой ва бемориҳои пӯст истифода бурдан мумкин аст. Нуҳ сол гузашт ва ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки оё онро дар истеҳсолот ҷорӣ кардем? Не! Ихтироъ ҳанӯз рӯйи коғаз аст ва ин дар ҳолест, ки маводи доруии чунин хусусиятдоштаро ҳоло аз хориҷи кишвар ворид месозем. Дар ин самт олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ баъзе корҳои назаррас анҷом додаанд.
Раиси Кумитаи фармакологияи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, профессори кафедраи химияи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобизода Ғуломқодир бо шогирдонаш дар натиҷаи таҳқиқ ва омӯзиш, омехтасозии растаниҳои шифобахшро бо доруҳои мавҷуда пешниҳод месозанд, ки дар фармакологияи кишвар тарзи нав аст. Силсилаи таҳқиқоте, ки панҷ сол боз дар ин самт анҷом мепазиранд, нишон медиҳанд, ки ба вуҷуд овардани чунин доруҳо дар асоси растаниҳои шифобахш имкон медиҳад таъсирнокии дору пурзӯр шуда, доруҳои бехатар ба вуҷуд оянд. Ин гуна мисолҳо кам нестанд, вале таассуфовар он аст, ки бо сабабҳои гуногун ҳанӯз дар амал татбиқ нагардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дастур додаанд: «Ба мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ, боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд».
Пешниҳоди Пешвои миллат дар ин самт, ки дурбинона аст, қобили дастгирӣ мебошад, зеро бо рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ имкон фароҳам меояд дар кишвар доираи омӯзиши растаниҳои давоӣ васеътар гашта, бозёфти илмӣ ба даст ояд, илми фармакология тараққӣ кунад ва илм ба истеҳсолот пайваст гардад. Дар ин сурат вобастагиамон ба кишварҳои дигар камтар мешавад ва маблағе, ки барои хариди маводи доруворӣ берун аз кишвар харҷ мегардад, дохили кишвар гардиш хоҳад кард. Ҷиҳати хуби дигар он аст, ки бо рушди саноати дорусозӣ садҳо ҷойҳои нави кор низ фароҳам меояд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»