ШАҲРИНАВ. «ОИЛАИ БЕҲТАРИН» ЭЪЛОН ШУД

№71 (3551) 02.06.2016

- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои муайян намудани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав рӯҳбаландӣ ва ҳамовозӣ пайдо кард, — иброз дошт зимни суҳбат раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмидин ва афзуд:

- Ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои ҳар як оила, аҳли деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр, қабл аз ҳама, масъулияти баланд, боиси ифтихор ва сазовор гардидан ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Комиссияи маҳаллии гузаронидани мусобиқаи мазкур дар сатҳи ноҳия таъсис ёфт, ки аз 22 нафар иборат мебошад.

Даври аввали мусобиқа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуда, беҳтарин деҳа ва маҳалла, оилаи беҳтарин ба баррасии ситоди ноҳиявӣ пешниҳод гардид. Комиссияи ноҳиявӣ ҳафтаи гузашта «Оилаи беҳтарин»-ро эълон кард.

Бояд гуфт, интихоби «Оилаи беҳтарин» барои аъзои комиссия осон набуд, зеро ҳафт оилае, ки ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд, сазовори ғолибият буданд. Баъди шунидани фикру мулоҳизаҳои ҳар узви комиссия «Оилаи беҳтарин» интихоб шуд. Чунин шараф насиби аҳли оилаи корманди шуъбаи маорифи ноҳия Қаландар Сафарзода аз деҳоти «Истиқлол» гардид. Аҳли ин оила ба саволҳои аъзои комиссия ҷавобҳои пурра ва қаноатбахш доданд. Бояд гуфт, ки аъзои ин хонавода соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона кор мекунанд. Ҳавлие, ки онҳо истиқомат мекунанд, ҷавобгӯи ҳама шартҳои мусобиқа аст.

Ин оила сазовори Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти пулӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Рӯзҳои наздик мо ғолибонро аз рӯи дигар номинатсияҳо, аз қабили шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳаллаи беҳтарин низ муайян мекунем.

Чорабиниҳои зиёди оммавӣ — фарҳангии ноҳия, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия ва ғайра дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия ба номи Носирҷон Маъсумӣ баргузор мешаванд. Масоҳати ин боғ он қадар калон набошад ҳам, яке аз мавзеъҳои ҳавояш форами ноҳия аст. Дар дохил ва атрофи боғ як чойхона, се ошхона ва як тарабхона дар хизмати сокинонанд. Аз хоначаҳои афсонавӣ, атраксион ва чархофалакҳои гуногун ҳар рӯз кӯдакон истифода бурда, ба бозиҳои ҳархела машғул мешаванд.

Дар шафати боғ бинои кинотеатри зимистона воқеъ буда, мутаассифона, дидани он хотири касро мағшуш мегардонад. Бинои мазкур солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, солиёни дароз мавриди истифода қарор дошт, вале аз ибтидои солҳои навадум он ба ҳоли табоҳ афтод: дигар дар ин ҷо на кино намоиш медоданду на ягон чорабинии дигар баргузор мешуд. Деворҳои бино кафида, дару тирезаҳояш корношоям, болои бом ба алафзор мубаддал гардидааст. Дар болои бино ҳатто ниҳол шинонед ҳам, нашъунамо мекунад.

Ман таассуротамро дар ин бобат ба раиси ноҳия баён кардам.

- Ман ташвишу нигаронии шуморо эҳсос мекунам, — гуфт раиси ноҳия ва идома дод: — Ин бино ба КВД «Тоҷиккино» тааллуқ дорад. Дар Барномаи рушди иҷтимоӣ — иқтисодии ноҳияи Шаҳринав, ки барои солҳои 2009-2015 қабул гардид, таъмири кинотеатр ва мавриди истифода қарор додани он дар назар дошта шуда буд, вале масъулону соҳибони бино ба ин нукта аз паси панҷа нигариста, коре анҷом надоданд. Ба муроҷиатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар ин бобат аз роҳбарони КВД «Тоҷиккино» ҷавобе нашуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омода буд бинои мазкурро ба тавозуни худ гирифта, онро таъмир намояд ва ё дар ҷои он бинои дигаре созад. Бовар кунед, мо ҳам аз дидани ин бино хиҷолатзада мешавем. Умед дорем, ки масъулони КВД «Тоҷиккино» дар ин бобат ба ягон хулоса меоянд.

Зимни суҳбат бо раиси ноҳияи Шаҳринав Аюб­зода Нусратулло Наҷмидин ҳамчунон маълум шуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоӣ — иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2009 — 2015 бунёди якчанд иншооте, ки онҳоро асосан мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, аз қабили вазорату кумита ва дигар идораҳо бунёд мекарданд, ба субут нарасидааст. Бунёди қасри фарҳанг аз ҳамин ҷумла буда, ҳоло чорабиниҳо дар қасри фарҳанги хоҷагии деҳқонии ба номи Меликмуродов ё иттиҳодияи истеҳсолии саноатӣ- аграрӣ доир мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҳамакнун барномаи наверо омода карда, бунёди иншооти нотамом, сохтмони иншооти аз барномаи пештара берунмонда, аз ҷумла сохтмони қасри фарҳанги ноҳияро ба нақша дароварда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карданӣ аст. Умед мебандем, ки бо гузашти муддати на чандон зиёд дар маркази ноҳияи Шаҳринав қасри фарҳанг қомат рост мекунад, кинотеатри зимистона низ соҳиби аслии худро пайдо хоҳад кард.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»