СОБИТҚАДАМИИ «IRS» ДАР ИҶРОИ РИСОЛАТ БАРЪАЛОСТ

№ 09.06.2016

КУПРУК РАСМИ 1Бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ таъмири куллӣ гардидани купруки азим дар километри 95+600 -и  шоҳроҳи Душанбе –Чанок дурустии ин гуфтаро собит менамояд

Нигоҳдории роҳ кори саҳлу сода набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Бо дарки масъулият ва итминони комил гуфта метавонем, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон василаҳои зеринро доро буда,  маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам овардаанд, ки рисолаташро вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок, ки  дар ҷисми кишвар шоҳраг маҳсуб мешавад, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намояд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро ба дунбол дорад. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад,  вайроншавии баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Ширкат, ки  барои давраи муайян нигоҳдории шоҳроҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст. Барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани корҳои таъмиру таҷдид  имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои хурди истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор муҳайё аст. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки корҳои таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали Ширкат ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири шоҳроҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар филиали Ширкат  15 октябри соли гузашта таъмири куллии купруки калони мошингузарро дар километри 95 +600  шурӯъ намуда буд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ – ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» бо бунёди купруки муввақатӣ  шурӯъ шуда, дар муддати кӯтоҳ  ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути он ба роҳ монда шуд. Барои  таъмиру таҷдиди иншооти фавқуззикр маводу масолеҳи босифат дастрас шуда, таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ дар мадди назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошт. Дар маҷмӯъ, барои таъмири куллии купруки мазкур аз ҷониби филиали Ширкат зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ шуда, он ҳаштуми июни соли равон мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани купруки мавриди Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, масъулини Вазорати нақлиёти мамлакат ва меҳмонони зиёд ширкат доштанд. Зимни суханронии худ Асомиддин Азизов минҷумла зикр намуд, ки таъмиру таҷдиди купруки мазкур идомаи мантиқии ибтикороти филиали Ширкат ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чанок  ба ҳисоб рафта, минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар тамоми ҳолатҳо, сарфи назар аз он ки шоҳроҳ аз минтақаи кӯҳистони мамлакат гузашта, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст, кормандони мо вазифаи хешро сарбаландона ба ҷо оварда истодаанд. Омили мазкур  шаҳодати он аст, ки «IRS» дар иҷрои рисолати худ вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок  собитқадам буда, ин омил ба ҳамагон баръалост,- хулоса намуд Асомиддин Азизов.

Далер Мерганов,

«Садои мардум»