Солгарди террори сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби наҳзатиҳо

№92 (4042) 30.07.2019

террорАз замони рух додани амали басо нангину разилона — ба дасти террористони наҳзатӣ кушта шудани сайёҳони хориҷӣ як сол сипарӣ мешавад. Албатта, гунаҳкорони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо ин ҷинояти мудҳиш ҳаргиз фаромӯш намегардад.

Дар асл, наҳзатиҳо бо куштани сайёҳони хориҷӣ мехостанд боз фазои кишварро мағшуш намуда, дар зеҳнҳо хараҷу мараҷ ва тарсу даҳшатро ба вуҷуд оранд. Махсусан, дар зеҳни хориҷиён, ки ба ҷаҳонгардӣ машғуланд ва тавассути  ҷаҳонгардӣ метавонанд сарчашмаҳои нави даромади буҷети давлатӣ гарданд. Яъне, эҳсоси бадбинӣ ва зиддимиллии онҳо то ба ҳаддест, ки ҳеҷ як манфиати  ҷамъиятиву миллӣ барояшон арзише надорад. Мақсадашон аз ташкили ин ҳодисаи нангин дар соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ноором барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан буд.

Ҳама огоҳанд, ки 29 июли соли 2018 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гурӯҳи террористии иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба гурӯҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ садама зада, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд ва  ду нафари дигарро захмӣ карданд. Аз чор нафар сайёҳи хориҷии кушташуда ду шаҳрванди Амрико — Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, як шаҳрванди Ҳолланд — Воке Рене Виллемм ва як шаҳрванди Швейтсария — Хамел Маркус буданд. Ду сайёҳи дигар шаҳрвандони Швейтсария — Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис, ки ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд, фавран ба бемористонҳо интиқол дода шуданд ва мавриди муолиҷа қарор гирифтанд.

Вуқӯи ин ҳодисаи маргбор боиси нигаронии мардуми кишвар гардид ва вокунишҳои давомдорро дар пай дошт. Ҳама омилони ин ҳамлаи террористиро шадидан маҳкум карда, онро амале муғризона донистанд, ки ба хотири латма задан ба имиҷи кишвари рӯ ба рушди мо анҷом дода шуд.

Дарвоқеъ, ин гумон ва ҳадси аҳли ҷомеа баъди ба даст афтодани роҳбари гурӯҳи террористии мазкур — Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе тавассути кормандони сохторҳои марбутаи кишвар тасдиқ шуд. Ӯ ҳангоми бозпурсӣ эътироф кард, ки ин амали нангини террористиро бо ҳаммаслаконаш дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ба хотири ноамн кардани вазъи ҷомеа ва коҳиши эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба устувории пояҳои амну субот дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуда буданд, яъне ҳадафи аслии ин террор сиёсӣ буд.

Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ин ҳамла ба сайёҳони хориҷиро гурӯҳи тунд­рави «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифт, дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи худи Ҳусейн Абдусамадов ба сароҳат маълум гардид, ки тарроҳи  ин  нақшаи фоҷиабору хунин ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ буд. Масъулони ташкилоти террористии наҳзатӣ  бо даст доштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки  бар алайҳи ҳамватанону ҳаммиллатони хеш анҷом доданд, дигарбора ба мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон собит сохтанд, ки барои онҳо арзишҳое чун Ватану миллат ва дину мазҳаб аслан ҳеҷ қурбу манзалат надоранд. Номи ин муқаддасот фақат барои авомфиребӣ бо сӯзу гудоз аз сари минбарҳо ба забон оварда мешаванд.

Фирориёни ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, ки айни ҳол дар Аврупо рӯз мегузаронанд, бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки худро аз қабзаи террорист будан раҳонанд. Ҳамин аст ки онҳо ҳамеша худро ҷабрдида ва аз ҳуқуқҳояшон поймолшуда намоиш медиҳанд. Вале воқеият ин аст, ки ин ташкилот аз бунёд хушунатгаро, инсонбадбин ва ифротию террористӣ буд. Амалҳои солҳои 1990-ум дар кишвар анҷомдодаи онҳо сад дарсад инро собит менамояд. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон низ сарварони ин ҳизб аз ғояҳои бунёдии худ даст накашиданд, ҳарчанд ки худро таҳаммулпазир ҷилва дода, гӯё бо роҳи демократӣ ба даст овардани ҳокимиятро мехоста бошанд. Аммо дар асл бозии навро роҳандозӣ карда буданд. Гурӯҳҳои ҷангӣ, зиддиинсоние, ки қаблан аъзои ин ҳизб буданд ва гӯё ба раванди сулҳ ворид нашуданд, дар гӯшаю канори кишвар то соли 2010 борҳо амалҳои ифротгароёна ва даҳшатафканиро ба роҳ монданд. Ҳарчанд ин гурӯҳҳо бо ҳизби террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ бунёди ягона дошта бошанд ҳам, роҳбарияти ҳизб ҳамеша иддао пеш меовард, ки ин гурӯҳҳо ба онҳо ҳеҷ иртибот надоранд. Агар ҳамин силсила ҳодисаҳоро пас аз истиқрори  сулҳ (аз 1997 то ба ҳол) мавриди таҳлил қарор бидиҳем, метавон ба чунин натиҷа расид, ки роҳбарияти фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ пас аз истиқрори сулҳ, воқеан ҳам, дар ду самт, яке ошкоро ва дигар пинҳонӣ фаъолияти ғаразнок пеш мебурданд.

Ҳамин шеваро дар воқеаҳои сентябри 2015 роҳбари фирории ин ташкилоти террористии наҳзатӣ идома дод. Агарчӣ аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҷурму ҷиноятҳои террористии роҳбарияти ҳизби наҳзатӣ собит ва ин тарҳ бевосита аз тарафи худи онҳо ва марказҳои тасмимгирандааш таҳия шуда бошад ҳам, худро дар ин моҷаро билкул орӣ аз гуноҳ меҳисобанд. Чун роҳбари ин ҳизби тахрибкор пешакӣ медонист, ки кудатои низомӣ метавонад ду тараф дошта бошад: ё пирӯз шавад ва ё шикаст хӯрад, чор моҳ қабл аз оғози он аз кишвар берун шуд, то дар ҳолати ба шикаст дучор шудан аз ҷавобгарӣ дур бошад ва дар Аврупо ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ роҳат зиндагӣ кунад.

Тааҷҷубовар аст, ки ин хоинони ватанфурӯш ва муздурони хориҷӣ  ба ҳангомаи сиёсатбозӣ дода шуда, куллан фаромӯш кардаанд, ки онҳоро замоне модари тоҷик дар кишваре бо номи Тоҷикистон зода буд. Фаромӯш кардаанд, ки аз ҳавои мусаффои ин диёри биҳиштӣ нафас кашидаву бо обу нону намаки он ба воя расидаанд. Чӣ илоҷ, таърих ҳама чизро ҷо ба ҷо хоҳад гузошт, зеро собит гардидааст, ки ин қабил афроди носипос дар ниҳояти кор ба як каф хоки Ватан ва дидори ҳамватанон зор хоҳанд шуд. Вале он гоҳ дер мешавад.

Эҳсони Илҳом, таҳлилгари масоили сиёсӣ