Суди Конститутсионӣ: «Фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад»

№147 (3784) 12.12.2017

8 декабри соли равон дар Суди конститутсионии ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода оид ба дархости шаҳрвандон З. Хурамов ва Ҷ. Ҳасанов дар хусуси муайян намудани мутобиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ доир гардид.

Дар он намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» андеша баён намуданд.

Зикр гардид, ки амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шахс ба нафақа аз ҳадафҳои муҳими давлат дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шахс ба шумор рафта, бо кафолати дахлдори давлатии дар қонунгузорӣ инъикосёфта татбиқи воқеӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо нафақа, Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ давра ба давра ислоҳоти соҳаи нафақаро роҳандозӣ намуда, тавассути қабулу такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми таъминоти нафақаро ба  шароити муосир мувофиқ мегардонад.

Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионӣ дар меъёрҳои сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» меъёрҳои манъкунанда ё маҳдудкунандаи кафолати таъминоти иҷтимоии дархосткунандагонро муайян накард ва онро ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ зарур шуморид, ки сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъйини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» бинобар ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ набудан ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад.