СУХАН АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ БУД

№17 майи соли 2016 17.05.2016

СУХАНДар доираи омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши васоити ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд.

Дар конфронс журналистони аз рӯзномаҳои давлатию мустақил, хабарнигорони радио ва телевизиони шаҳру ноҳияҳо, Шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва Симои мустақили Тоҷикистон  иштирок доштанд. Намояндагони ВАО аз тамоми  гӯшаву канори ҷумҳурӣ рӯзномаҳо, расмҳо ва китобҳоро ба маърази тамошобинон гузоштанд. Намоишгоҳи мазкур таърихи рушди ВАО-и ватаниро дар муддати 25 сол муаррифӣ намуд.

Меҳмононро пеш аз оғози намоишгоҳ ва конференсия кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева пешвоз гирифтанд. Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, ташрифи журналистонро ба Боми Ҷаҳон хайрмақдам гуфт.

Раиси вилоят аз нақши васоити ахбори омма дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ сухан карда, иброз дошт, ки ҳиссаи ҳар яки шумо дар барқароркунии сохти конститутсионии давлатдорӣ, сулҳи бесобиқа ва Ваҳдати миллӣ, ки меъмори он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, калон аст.

Шодихони Ҷамшед таъкид намуд, ки журналистон тавони зиёд доранд, то воқеатро ба мардум расонанд. Биноан, зарур аст, ки зимни иншои дар ҳар сатр бояд созандагӣ кунанд, на сузандагӣ.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, арз дошт, ки баргузории чунин ҳамоиш дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ тасодуфӣ нест. Зеро бо неруи журналистон дар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ чандин корҳои хайр амалӣ гаштанд, ки беҳтаринҳояш ташкил намудани барномаҳои радиоии «Хоки Ватан» ва «Садои ошно» мебошанд.

Суханронии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар ба «Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон ва бозтоби он ВАО-и дохилию хориҷӣ» бахшида шуд. Аз диди вай бузургтарин дастоварди тоҷикистониён истиқрори сулҳ ва пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд демократӣ ва дунёвӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист тарафҳои даргирро ба ҳам оварад ва Тоҷикистонро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад.

Директори Муассисаи давлатии телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид  Ҳакимзода дар баромадаш қайд намуд, ки ВАО-и ватанӣ, бахусус Радиои Тоҷикистон, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми босазо доранд. Аз соли 1993 то 1997-ум барномаи радиоии «Хоки Ватан» аз тарафи муҳоҷирон 30 ҳазор нома гирифт. Тарғиби ғояҳои ватанпарварӣ имконият доданд, ки дар аввали солҳои 90-уми  асри гузашта 10 ҳазор нафар гурезагон ба ватан баргарданд.

Маърӯзаи Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ба «Нақши публисистикаи сиёсӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бахшида шуд.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ризоиён муътаҳид аст, ки саҳмгузори дар ҳифзи сулҳу субот осудагии миллат бояд вазифаи якуминдараҷаи васоити ахбори омма бошад. Дар замони муосир тариқи бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ тафриқандозӣ ба назар мерасад, ки ба пойдории Ваҳдати миллӣ хатар дорад. Аз ин хотир лозим аст, ки журналистон сари вақт ба мақолаҳои иғвоангез бо далелҳои муътамад ҷавоб нависанд.

Иштирокчиёни ҳамоиш низ фикру андешаҳои хешро оид ба масъалаи мавриди назар баён намуданд арз доштанд.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,

«Садои мардум»