Т. Холиқова: «Дар паҳлуи мардони бунёдкор фаъолият кардан ифтихор аст»

№141 (3778) 28.11.2017

DSC00435Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз фаъолияти бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳайси соҳибкор ёдовар шуда, аз ҷумла гуфтанд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби занон ба соҳибкорӣ ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст. Барои дастгирии соҳибкории бонувон, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар даҳ соли охир аз ҳисоби грантҳои президентӣ зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Имрӯз бонувони соҳибкори мамлакат қариб 22 фоизи субъектҳои соҳибкории кишварро ташкил медиҳанд ва роҳбарони 10 фоизи корхонаҳои хурду миёна занону бонувон мебошанд.

Бонувони фаъоли мамлакат роҳбарии 25 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро ба зимма доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 даҳ баробар зиёд мебошад.».

Тамара Холиқова аз зумраи занони фаъолу меҳнатқаринест, ки дар ободонии кишвар саҳми арзанда дорад. Корхонае, ки имрӯз сарвараш мебошад, ҶДММ «Сохтмонсармоя – 2000» ном дошта, дар заминаи ширкатҳои сохтмонии «Спринт», «Азимут – 96», «Маърифат» ва «Центр» таъсис ёфтааст.

- Имрӯз, ки ба шарофати сиё­сати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду азнав­созии шаҳру деҳоти Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ интихоб шудааст, мехоҳем ҳар чӣ бештар дар ин раванд саҳмгузор бошем, — мегӯяд Тамара Холиқова.

Ин зани кордон ва роҳбари ташаб­бускору дилсӯз дар корхона беҳтарин мутахассисони соҳаи сохтмону меъморӣ ва олимонро ба кор ҷалб кардааст. Ҳамсараш Носирбек Нарзибеков ба фаъолияти пурсамараш ёри мерасонад. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи давлатии бадеии Ҷумҳурии Литва буда, аз зумраи мутахассисони камназир аст. Ҳунари вай ба иншооте, ки аз ҷониби ҶДММ «Сохтмонсармоя – 2000» бунёд мегардад, ҳусни тоза зам мекунад. Инро дар мисоли даҳҳо иншооти хурду бузург дидан мумкин аст. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, ҶДММ «Сохтмонсармоя – 2000» айни замон бо 10 ширкати ватанӣ ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, як бригадаи сохтмончиён иборат аз 25 нафар дар НБО «Сангтӯда – 1» фаъолият доранд.

ҶДММ «Сохтмонсармоя – 2000» дорои се сехи мухсус оид ба тайёр кардани маҳсулоти сохтмонӣ аз металл, пластика ва чӯб мебошад.

Заҳмати Тамара Холиқова борҳо аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, барои саҳми назаррас дар сохтмони НБО «Сангтӯда- 1» соли 2010 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардид. Ин мукофоти олиро Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба ӯ супорид.

Номзади илмҳои техникӣ низ мебошад ва рисолаи илмиашро соли 1985 дар Институти муҳандисию сохтмонии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт –Петербург) ҳимоя намудааст. Солҳои минбаъда ҳамчун мутахассиси варзида дар бунёди садҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ саҳмгузор буд. Фаъолияти сермаҳсули ӯро дар рушди пойтахт ба назар гирифта , соли 2011 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб карданд.

Дар ҶДММ «Сохтмонсармоя – 2000» манзараи дилрабо таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард. Майдони идора пур аз гулу дарахтони ороишӣ буд ва гулҳои рангоранги навруста дар тубакчаҳои алоҳида парвариш меёфтанд.

- Баҳори соли 2014 аввалин маротиба парвариши гулҳои мавсимиро оғоз кардем. Айни замон мутахассисон ба парвариши гулҳо машғуланд. Сохтмончиёну меъморон моҳиятан зебоиофаранд, — афзуд номбурда.

Воқеан, Тамара Холиқова се сол директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе будааст.

- Имрӯз симои шаҳри Душанбе дигаргун шудааст. Роҳбарияти шаҳр бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободонию созандагиро вусъати тоза бахшидаанд. Дар паҳлуи чунин мардони ободкору созанда, ба хотири пешрафти Ватан фаъолият кардан боиси ифтихору сарфарозист, — мегӯяд Тамара Холиқова.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»