Таътили тобистона. 200 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳ мераванд

№71 (4811) 03.06.2024

detskiy_otdyh_photo — копияБино ба иттилои муовини директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Саидҳофиз Шаболов, ҳамасола бо мақсади ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон қарори дахлдори Ҳукумати кишвар ба тасвиб расида, дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи муайян ҷудо мешавад. Соли 2024, ба ин мақсад, 4 млн. 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ин робита сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки то 1-уми июни соли 2024 таъмиру тармим, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзиш, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба анҷом расонанд.

Соли равон дар вилояти Суғд 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ бо фарогирии 6020 кӯдак фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар 596 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби 30450 хонанда истироҳатгоҳи наздимактабӣ ташкил мегардад.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, соли равон 191 ҳазору 290 кӯдак ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ — 29200 нафар, интернатӣ — 6310, таълимӣ -22300, истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ — 12060, варзишию беҳдоштӣ — 17680, фароғатӣ – таълимӣ — 9756 ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 6180 нафарро ташкил медиҳад.

Имсол дар назди 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва дар заминаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 6160 хонанда ба майдончаҳои солимгардонию тандурустии наздимуассисавӣ ҷалб мегарданд. Дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ — «Орзу» (ноҳияи Фирдавсӣ), «Зимчуруд» (ноҳияи Шоҳмансур), «Шарора» (ноҳияи И. Сомонӣ) ва «Гулхан» (ноҳияи Сино) 3792 нафар ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд.

- Дар ҷумҳурӣ 57 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 20-тои он дар тобеияти шуъбаҳои маориф ва 5 адад дар ихтиёри иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм мебошанд. Боқимонда ба сохторҳои гуногун тааллуқ доранд, — зикр кард Саидҳофиз Шаболов.

 Ба гуфти ӯ, дар маҷмӯъ, имсол зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода иттилоъ дод, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дода мешаванд. Тибқи банди 4 қарори мазкур, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, ки дар тобеияташон мактаб-интернат дошта, барои аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақа ба истироҳатгоҳ фиристодани бошандагон имкон надоранд, бояд ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»