Такмили санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба рушди ин ё он соҳа такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид

№7 (3957) 17.01.2019

02-39Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳиятан боргоҳ ва коргоҳи қонун маҳсуб мешавад, ҳар рӯзу ҳар соат лоиҳаи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва баррасӣ мегарданд. Яке аз онҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» аст, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон М. Ахмедов, Б. Авзалшоева, З. Исмоилзода ва З. Сафаров таҳия шудааст ва рӯзҳои наздик дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Тавре муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров иброз дошт, ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонун, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии соҳаи парандапарварӣ ва низоми идораи давлатии он мебошад, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2017) бармеояд.

Доир ба мазмуну моҳияти лоиҳаи қонун, инчунин бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта ва мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо моддаи 1 дар таҳрири нав ифода гардид. Иловаҳои дар моддаҳои 3 ва 4 пешбинишуда хусусияти муайянкунанда ва танзимкунанда доранд.

Илова бар ин, ба қонун моддаи 41, ки ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи парандапарварӣ муқаррар менамояд, илова гардид. Номи боби 2 ба мазмуни он мутобиқ гардонида, моддаҳои 5, 6 ва 7-и боби мазкур дар таҳрири нав ифода карда шуданд, ки принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ, ҳуқуқ ва уҳдадории субъектҳои хоҷагидорӣ, идоракунии давлатии соҳаро мушаххас мегардонанд.

Тағйирот ва иловаҳо ба моддаҳои 9, 10 ва 11 хусусияти таҳрирӣ дошта, мазмуни матни онҳоро саҳеҳ мегардонанд.

Вакил дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 1-ро шарҳ дода, гуфт, ки дар лоиҳаи қонун парандаҳо — гурӯҳи ҳайвоноти сутунмуҳрадори гармхуни тухмзо, ки синфи алоҳидаи олами ҳайвонотро ташкил медиҳанд, парандапарварӣ — соҳаи кишоварзӣ, ки ба истеҳсоли гӯшту тухми паранда махсус гардонда шуда, партовҳои он (пар, пат ва партовҳои дигар) барои эҳтиёҷоти соҳаҳои дигар истифода бурда мешаванд, корхонаи (хоҷагии) парандапарварӣ — субъекти хоҷагидоре, ки барои парвариши паранда, истеҳсоли гӯшт, тухм, аз ҷумла тухми инкубатсионӣ, офаридани зотҳо ва кроссҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои паранда, инчунин нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти он машғул мебошад, корхонаи зотпарварии парандаҳо — корхонаи парандапарварӣ, ки ба такрористеҳсолкунӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зоту кроссҳои муайяни парандаҳо машғул аст, корхонаи чӯҷабарорӣ — корхонае, ки барои баровардани чӯҷаҳо махсус гардонида шудааст, кросс — маҷмӯи авлодҳои парандаҳо, ки бо истифодаи тартиби муайяни ҷуфтикунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилияти устувори ҳаётӣ доранд, тухмҳои инкубатсионӣ — тухмҳои бордоршуда, ки барои баровардани чӯҷа истифода бурда мешаванд, ба сифати мафҳумҳои асосӣ истифода шудаанд.

Тибқи моддаи 21 фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ бо риояи принсипҳои самаранокӣ ва рақобати солим ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, шаффофияти баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи технологияи муосир вобаста ба соҳа, пешгӯӣ ва банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, бартарии ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташаккули низоми устувори таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти соҳа муфид арзёбӣ мегардад.

Тағйироти фундаменталӣ илова гардидани моддаи 41 маҳсуб меёбад, ки «Ваколатҳои мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ» ном дорад. Тибқи муқаррароти моддаи зикршуда, ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ таҳияи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи парандапарварӣ ва назорати иҷрои онҳо, назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба истифодаи захираҳои маҳаллӣ барои таъмини рушди соҳаи парандапарварӣ, амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дохил мешаванд.

Ҳифзи саломатии аҳолӣ низ зимни таҳияи лоиҳаи қонун аз мадди назар дур намондааст. Мутобиқи моддаи 6 қисми 2 «Дар соҳаи парандапарварӣ бо истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда амалӣ намудани корҳои селексионӣ барои баровардани зот, кросс ва дурагаҳои нав, истеҳсоли хӯроки омехта дар афзун намудани маҳсулнокии парандаҳо, ки метавонанд ба саломатии инсон зарар расонанд, манъ аст».

- Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» дар сурати қабул гардидан ба рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, — гуфт дар фарҷом Зайнудин Сафаров.

Далер Мерганов, «Садои мардум»