Мақсад якест: ҳифзи муҳити зист ва таъмини шароити солим барои инсоният
Тоҷикистони азизи мо дорои табиати хеле нодир аст. Шояд дар ягон гӯшаю канори дунё чунин табиати афсункор, иқлими мусоид, обҳои хуштаъму ширин, талу теппаҳои назаррабо, дашту саҳрои сабзу хуррам ва кӯҳҳои сар ба афлоккашида ба назар нарасанд.
Насли кунунӣ бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки табиат барои инсон то чӣ андоза муҳиму нафъовар буда, бидуни он зиндагӣ кардани одамон комилан номумкин аст.
Вақтҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки дар саросари дунё дарёҳо, ҷангал ва буттазор хеле ифлос шудаанд. Баъзан мебинем ё мушоҳида мекунем, ки маҳз, аз беназоратию беэҳтиётии инсонҳо бешаю ҷангалзор оташ мегирад ва оташ аз худ зиёну хароботи зиёд боқӣ мегузорад. Бар асари сӯхторҳои даҳшатбор ҳазорон дарахт ва гулу буттаю растаниҳо аз байн мераванд, зироат нест мешавад. Албатта, ин сӯхторҳо дар ҷойҳои иқлимашон хеле гарм бештар ба амал меоянд, вале зиёни он ба тамоми сайёра мерасад ва дар саргаҳи он сӯхторҳо ҳамоно инсонҳо меистанд. Бештари одамон дар оғӯши табиат истироҳат карда, аз боигариҳои он фаровон истифода мебаранд, вале ба қадри сарватҳои бебаҳои он намерасанд. Яъне, инсонҳо гоҳе ҳамбастагии бебаҳсу мустақими худро бо табиат фаромӯш месозанд ва бо мақсади тозаю зебо нигоҳ доштани оби ҳавзу наҳрҳо, пешгирии ифлосшавии гирду атроф кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Мебинем ё мешунавем, ки гурӯҳе аз одамон пас аз фароғату истироҳат дар табиат ҷиҳозу ашёи нозарур, шишаю қуттиҳои холӣ, зарфҳои пластикию полиэтиленӣ ва ғайраро паҳну парешон партофта мераванд. Тоифаи дигар хеле бераҳмона шохаю навдаҳои дарахтони мевадиҳандаро шикаста, қитъазаминҳои киштро валангор месозанд. Гоҳо ба чашм мерасад, ки навъҳои алоҳидаи парандаю ҳайвоноти нодир ва марғзору чашмасори ба қалбҳо суруру фараҳбахшанда несту поймол мегарданд. Мисоли дигар, гоҳо мо дар табиат гулхан афрӯхта, шабона хомӯш кардани онро фаромӯш месозем. Охир, ҳифзу нигоҳдории табиат, истифодаи оқилонаи дороиҳои муҳити атроф, барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии табиате, ки моро иҳота кардааст, на танҳо вазифаи масъулону мутасаддиёни бахши марбута, балки вазифа ва қарзи ҷонию виҷдонии ҳар як сокини кишвар ба шумор меравад.
Таассуфовар аст, ки гурӯҳе аз одамон то ҳанӯз фаҳмидан намехоҳанд, ки табиат дӯсти қарину ҳамдами беминнати инсонҳост ва дарду ҳиҷрони ҳар кадоми моро табиат дармону даво мебахшад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоҳизаронии хеш чунин изҳор доштанд: «Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори буҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд».
Олими барҷастаи рус Евгений Золотарёв дар яке аз шабакаҳои интернетӣ андешаҳои худро оид ба мушкилоте, ки ҷаҳонро дар масъалаи экологӣ ба ташвиш овардааст, чунин баён намудааст: «Масоҳати захираҳои замин имрӯз тақрибан 140 миллион метри мураббаъро ташкил менамояд, ки 23 дарсади он рӯ ба таназзул буда, 15 дарсади он хусусияти худро комилан гум кардааст. Дар натиҷаи афзоиши шаҳрсозӣ масоҳати заминҳои кишоварзӣ ба маротиб кам шуда, имконияти истифодаи об маҳдуд гашта, партовҳои маишию истеҳсолӣ нисбатан зиёд мешаванд. Конҳои нави нафт, газ ва ангишт кашф шаванд ҳам, вале то соли 2050 норасоии азими захираҳои энергетикӣ ба амал меояд. Мушкилоти дигар, ин нобуд гаштани ҷангалзор мебошад. Масоҳати онҳо, ки 6 миллиард гектар арзёбӣ мегардид, танҳо 4 миллиард гектар боқӣ мондааст. Барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангал яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти экологӣ дар саросари ҷаҳон буда, барои ин эҳтиёҷот солона миллионҳо доллар сарф карда шавад ҳам, аммо аз ҳар 11 миллион гектар талафоти ҷангал танҳо 1 миллион гектар барқарор карда мешавад. Талафот аз нобудшавии ҷангалҳо ҳамасола 5 трлн. долларро ташкил медиҳад. Барои аз байн нарафтани организмҳои зинда, аз ҷумла инсон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои санитарию гигиенӣ, ҳар рӯз об лозим аст, вале оби тозаи ошомиданӣ танҳо 2,5 дарсади тамоми захираҳои обии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар бисёр минтақаҳо мардум маҷбуранд оберо истифода намоянд, ки ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нест».
Аз маъхазҳои таърихӣ иттилоъ дорем, ки бори нахуст Созишнома оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро Созмони Милали Муттаҳид 5 июни соли 1972 дар шаҳри Стокголм дар конфронси махсус қабул намуд, ки ҳадаф аз он ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъалаи хеле мубрам ва тақдирсоз буд. Дар ҷумҳурии мо Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 таҷлил мешавад. Одатан он рӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт идораю муассиса, корхонаю ташкилот, сохторҳои зертобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бахшҳои муҳити зист доранд, дастовардҳои худро ба маъраз гузошта, намунаи парандагони нодиру хушхон ва дигар дастовардҳои соҳавӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба намоиш бароварда мешаванд. Нахуст, меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта мешаванд, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошташуда баҳои воқеӣ медиҳанд.
Ҳадафи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист поку озода нигоҳ доштани атроф, фароҳамсозии фазои тозаи экологӣ, ҳифзи муҳити зисти солим ва таъмини маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Агар мо таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ҳар чӣ бештар ба масоили экологӣ ҷалб намоем, он гоҳ самараю натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳем овард, зеро таъмини амнияти экологии ҷомеа дар ҳоли ҳозир аз шумули мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Ба мо зарур аст, ки дар таълимгоҳҳо, махсусан ба тарбия ва таълими фанни экология аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва наврасонро пайваста ба дӯст доштани табиат ва сарватҳои он ҳидоят намоем. Моро мебояд омӯхтани донишҳои экологиро ба кӯдакон, маҳз аз боғча оғоз карда, вобаста ба ҳамин масъала дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯзҳои аввали таҳсилу дарсомӯзӣ ба масъалаи таълиму тарбияи экологии толибилмон диққати бештар диҳем. Ба андешаи мо, вусъати ҳар чӣ бештари чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ баҳри рушди дониши экологӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ҳисси табиатдӯстии наврасон такони ҷиддӣ мебахшад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки маҳз ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса маъракаи умумиҷумҳуриявии кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав, гулзоркунии кӯчаю хиёбон ва боғҳои фароғатию истироҳатӣ, ки қариб тамоми сол ҷараён мегиранд, ба рафъи мушкилоти экологӣ таҳрик бахшиданд.
Биёед, мо ҳамеша табиати хешро ҳифз намуда, нагузорем, ки он несту нобуд ва маҳв гардад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»