Нуқтаи назар

Тоҷикистон метавонад истеҳсолкунандаи бузурги «сӯзишвории асри XXI» бошад, ба шарте ки ҳамгироии илм ва истеҳсолот таъмин гардад

№71 (3708) 15.06.2017

img1966594_zapravka_vodorodomАфзоиши мушкилоти экологӣ роҳбарони ширкатҳои автомобил­барорӣ ва ҳукуматдорони бисёр кишварҳоро водор намудааст, ки дар пайи дарёфти сӯзишвории алтернативии нисбатан арзону безарар шаванд. Яке аз онҳо биоэтанол мебошад.

Дар Бразилия, ИМА ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ­навъи сӯзишворӣ фаровон истифода мебаранд. Масалан, ширкати «Saab»- и Шветсия то ин дам зиёда аз 100000 автомобили бо биоэтанол ҳаракаткунанда фурӯхтааст. Ин навъи сӯзишворӣ, ки аз омехтаи бензин ва спирти этили аз растаниҳо гирифташуда иборат аст, ҳаворо хеле кам ифлос мекунад. Ширкати «Фондарё», ки сарвараш Садафмоҳ Абдуллоева мебошад, дар Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, истеҳсоли биоэтанолро аз ҷуворимакка ба роҳ монд. Роҳбарияти ширкат мақсад дошт, ки истеҳсоли ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаро аз топинамбур (ноки заминӣ) ба роҳ монад. Мутаассифона, ташаббуси бонуи навовар дастгирӣ наёфт. Ҳол он ки бо амалӣ шудани ин нияти нек ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам шуда, маблағи аз ҳисоби кам кардани воридоти сӯзишворӣ сарфашуда ба рушди иқтисодиёти мамлакат равона мегардид.

Навъи дигари сӯзишвории ба муҳити зист камзарар биодизел аст. Дар аксар кишварҳои аврупоӣ, минҷумла Федератсияи Россия, аз маъсар (рапс) биодизел истеҳсол мекунанд. Соляркаи биологиро аз чигити пахта ва лӯбиёи чинӣ (соя) низ истеҳсол кардан мумкин аст. Дар ҷумҳурӣ то ҳол истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки аз ҳисоби заминҳои лалмӣ метавон майдони кишти маъсарро зиёд карда, истеҳсоли биодизелро ба роҳ монд.

Коршиносон гидроген (водород) — ро яке аз ояндадортарин навъи сӯзишворӣ дар ҷаҳон меҳисобанд. Бартарии гидроген дар он аст, ки зимни ба ҳайси сӯзишворӣ истифода кардани он ягон хел гази заҳрнок ихроҷ намешавад. Илова бар ин, неруи сӯзиши он хеле баланд аст. То ин дам намудҳои гуногуни нақлиёти бо гидроген ҳаракаткунанда мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, ширкати «Пежо» автомобили бо гидроген ҳаракаткунандаро истеҳсол намудааст, ки бомуваффақият аз санҷиш гузашт. Ширкати автомобилии «Honda» чанде пеш мошини тамғаи «Honda FCX»- ро ба фурӯш баровард, ки бо 5 кило гидрогени моеъ зиёда аз 500 километр роҳро бо суръати 160 км/ соат тай мекунад. Барои харидани мошин 50000 нафар дар навбат истодаанд. Ширкатҳои «Toyota» ва «Huyndai» низ ба истеҳсоли нақлиёти бо гидроген ҳаракаткунанда шурӯъ намуданд.

Автобуси мусофиркаши «Mepcebec Citaro»-и истеҳсоли Олмон низ бо гази гидроген ҳаракат мекунад. Хароҷоти сӯзишворӣ дар ин нақлиёти ҷамъиятӣ 25 кило дар 100 километр буда, бо суръати 80 км/ соат ҳаракат мекунад. Ғунҷоиши автобуси мазкур 42 кило гази гидроген аст, ки барои 167 километр мерасад. Ин автобус аллакай дар шаҳрҳои Аврупо, Чин ва Австралия мавриди истифода қарор гирифтааст. Соли равон дар шаҳри Ригаи Латвия 10 адад мусофиркаши бо гидроген ҳаракаткунанда ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Бо ин мақсад ба маблағи 4,5 миллион евро стансияи бузурги истеҳсолу пуркунии гази гидроген ба истифода дода мешавад.

Ширкати «CSR Sifang»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой аввалин шуда, дар ҷаҳон истеҳсоли трамвайи бо гидрогенҳаракаткунандаро ба роҳ монд. Барои пур кардани гази гидроген 3 дақиқа сарф мешавад. Бо як бор пур кардани газ трамвай 100 километрро тай мекунад. Зарфҳои газпуркунии трамвай аз нахи карбон сохта шуда, барои интиқоли аз 60 то 380 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Хитой баъд аз ИМА ва Олмон сеюмин кишварест, ки парвози ҳавопайморо бо сӯзишвории гидрогенӣ бомуваффақият аз санҷиш гузаронидааст. Тамоми намуди нақлиёти бо гидроген ҳаракаткунанда ба ҷои газҳои зарарноки нафасгиркунанда об ихроҷ мекунанд.

Узви вобастаи Академияи табиатшиносии Россия, доктори илмҳои химия, академик Ҳаким Аҳмадов мегӯяд, ки имконияти васеи гидроген ва истифодаи минбаъдаи он ҳамчун ҳомил (бардоранда, нигоҳдоранда)- и энергия, сӯзишворӣ ва реагент соҳаҳои нақлиёт, саноат, маишиву коммуналиро пурсамар мегардонад.

- Камшавии захираҳои нафту газ ба коҳиши истеҳсоли онҳо, болоравии сатҳи бекорӣ боис шуда метавонад, — мегӯяд Ҳаким Аҳмадов. — Рушди энергетикаи гидрогенӣ бо роҳи таъсис додани саноате, ки бо истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодаи ҳомилони гидрогенӣ, инчунин истеҳсоли намудҳои гуногуни элементҳои сӯзишвориистифодабаранда алоқаманд аст, метавонад мутахассисони бекормонда ва дигар табақаҳои аҳолиро бо кор таъмин намояд.

Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон дар истеҳсоли гидроген метавонад яке аз кишварҳои муқтадири минтақа гардад. Ба гуфти доктори илмҳои физикаву математика, академик Мамадшо Илолов, ноилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ имкон медиҳад, ки на танҳо фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ таъмин гардад, балки корхонаҳои нави пурмаҳсул низ бунёд ёбанд.

- Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар Корхонаи электрохимиявии Ёвон, ки айни замон ба воситаи электролиз содаи каустикӣ ва хлори моеъ истеҳсол мешавад, ба воситаи электролизи об истеҳсоли гидрогенро низ ба роҳ монанд, — мегӯяд Мамадшо Илолов.

- Ба роҳ мондани истеҳсоли гидроген боиси рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва нақлиёти кишвар хоҳад шуд. Масалан, барои тараққиёти соҳаи кишоварзӣ нурии арзону фаровон зарур аст. Зимни истеҳсоли карбамид (мочевина), ки яке аз нуриҳои асосии минералист, гази карбон ва аммиак лозиманд. Барои ҳосил кардани аммиак бошад, гидроген зарур аст. То ин дам гидрогенро дар корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ҶСП «Тоҷиказот») аз гази табиии аз Ӯзбекистон воридшаванда ҳосил мекарданд. Ҳол он ки барои истеҳсоли аммиак аз гидрогени бо усули электролиз дар Корхонаи электрохимиявии Ёвон ҳосилшаванда истифода бурдан мумкин аст. Танҳо барои интиқоли газ аз Корхонаи электрохимиявии Ёвон то ҶСП «Тоҷиказот»- и Сарбанд ба масофаи тақрибан 120 километр қубури газ кашидан лозим меояд. Имрӯз арзиши хобондани 1,6 километр қубури газ тақрибан 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ин нақшаро амалӣ карда, ба пешрафти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ноил шудан мумкин аст.

Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои ҳамсоя захираи зиёди нафту газ надорад. Лекин барқи арзоне, ки дар неругоҳҳои барқи обии мамлакат истеҳсол мешавад, барои тавлиди гидроген аз об имконияти хуб фароҳам меорад. Бо ин роҳ ҷумҳурӣ метавонад кишвари бузурги содиркунандаи «сӯзишвории асри XXI», яъне гидроген гардад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияи нави ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин ҷода бо олимони Академияи илмҳо ҳамкории зичро ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани ташаббуси мазкур мусоидат намоянд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»