Ҷудоихоҳӣ дар аксар кишварҳо аз бетанзимии муносибат ба дин ва давлат сар мезанад

№81 (4031) 06.07.2019

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» даҳ сол пур шуд. Он, ки дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба тасвиб расид, тавонист дар ҷомеа барои беҳдош­ти вазъи дин ва муносибат бо он нақши мусбат бозад. Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба таърих ва моҳияти санади зикршуда андешаҳояшро ба тариқи зайл дар миён гузошт.

- Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксар кишварҳои мусулмонӣ маҳз аз бетанзимии муносибати инсонҳо ба дин ва давлат сар мезанад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ба ин масъала баъди соҳиб шудан ба истиқлолият таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд ва дар натиҷа, дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқӣ заминаҳои воқеӣ эҷод шуданд.

Воқеан, таъсири мутақобилаи дин, давлат ва ҷамъият яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар баробари он таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Қонуни зикршуда дар ин самт нақши бориз дорад. Агар ба таърихи ҳазорсолаи миллат назар намоем, мебинем, ки чӣ дар аҳди Тоҳириёну Сомониён ва чӣ дар давраи ҳукумати сулолаҳои баъдӣ ҳокимияти давлатӣ кӯшиш мекард, ки бо ҳар роҳу усул дар ҷамъият вазъи таъсиру нуфузи динро муътадил ва бо як маром нигаҳ доранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав рӯи кор оянд. Ин амал ба хотири тинҷиву осоиштагӣ, оромии ҷомеа ва пеш гирифтани тундбоди ҳаводиси таърих роҳандозӣ мегардид. Далели ин гуфтаҳо интишори китоби «Ассавод-ул-аъзам» бо супориши махсуси Амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби фақеҳон ва илоҳиётшиносони маҳаллӣ мебошад. Яъне, барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои марбут ба муносибати дин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа масоили нав набуда, дар замони муосир дар шакли нав арзи ҳастӣ намудаанд.

Ислом на танҳо идеологияи муайян бо таълимоти диниву ахлоқӣ аст, балки фарҳанги махсуси тамаддуни тавҳидӣ низ мебошад. Меъёрҳои вай ба ҳалли масъалаҳои диниву шахсӣ ва ба танзими амали ҳаррӯзаи мусулмонон дар ташаккули образи он ба ҳаёти ҳаррӯза равона карда шудаанд. Аз ин рӯ, нодуруст тавзеҳ додани рисолати аслии ислом ба гумроҳӣ мебарад. Ба қавле:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост

Имрӯз вақте сари ин мавзӯъ бо мардум суҳбату мулоқот мекунем, қаноатмандии онҳо, хусусан ходимони динро аз қонун эҳсос мекунем.

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад ва дар  боби якуми моддаи 8-уми Конститутсияи он оид ба фаъолияти озоди иттиҳодияҳои динӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ишора рафтааст. Амалан вақте назар мекунем, воқеан, дар мамлакат даҳҳо масҷиди ҷомеи марказӣ ва садҳо масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта тибқи оиннома ва низомнома фаъолият карда, ба мардум барои баровардани эҳтиёҷи динӣ хидмат мекунанд.

Масъалаи муносибати давлат ба дин дар қонун возеҳу равшан баён шудааст. Тибқи Конститутсия, дин дар ҳимояи давлат аст, доир ба ин масъала дар боби 2, моддаи 5 чунин омадааст: «Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатиро намегузорад».

Аксарияти аҳолии кишвар ҳанафимазҳаб мебошанд, барои ҳамин ҳам дар сархати қонун омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

Тӯли даҳ соли сипаришуда бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва дохили мамлакат ташаббусҳо ва чорабиниҳои зиёд дар ин соҳа ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, баргузории конфронсу симпозиум ва чорабиниҳои калони сиёсӣ бо иштироки афроди фарҳехтаи олам дар пешрафти маърифати сиёсӣ ва динии мардум нақши калон бозид. Бахусус, эълон шудани соли 2009 — Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва дар доираи он баргузории Конфронсҳои байналмилалӣ, илмӣ-амалии «Тоҷикистон ва фарҳанги исломӣ» (соли 2010), ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба муносибати 1200-солагии Имом Ал-Бухорӣ ва даҳҳои дигар аз муҳимтарин ташаббусҳои Пешвои миллат маҳсуб мешаванд.

Сохтмони масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, санги асос гузоштан ба сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи қонуни мавҷуда амал мекунад ва дар баланд бардоштани маърифати динии мардум саҳм мегузорад.

Дар самти амалӣ шудани қонун мақоми Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Тоҷикистон калон аст. Ба дараҷаи баланд ва бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир таҳия намудани мавъизаи рӯзи ҷумъаи имом-хатибон ташаббуси беҳтарин маҳсуб мешавад, ки дар фаъолияти имом-хатибон таъсир гузоштааст.

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 10 сол ҳаёти динии мардумро ба танзим даровард ва он раҳнамо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии динӣ ва дунявӣ мебошад.

Таснифи Саидумрон САИДОВ