Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз

№92 (3886) 31.07.2018

ddddПирони рӯзгордида ҳамеша ҷавононро андарз мегуфтанд, ки «ҳунар омӯзед, зеро ҳунарманд дар ҳеҷ давру замон хор нахоҳад шуд». Агар панду насиҳати пирон намешуд, шояд то имрӯз аз ҳунарҳои миллӣ чизе боқӣ намемонд.

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳунарҳои миллӣ эҳё гардида, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Каромат Гадоева аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки дар ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақши назаррас дорад. Солҳои зиёдест дастдӯхти ин зани меҳнаткаш ҳаҷлаи арӯсонро зинат мебахшад.

Ӯ соли 1954 ба дунё омада, дӯзандагиро аз модараш омӯхтааст. Соли 1972  ба Аскар Комилов, сокини шаҳраки Ғарм ба шавҳар баромада, дар назди хушдоманаш — Моҳистон Давлатова ин касбро такмил бахшид.

Ҳунармандест, ки даҳ ангушташ ҳунар асту дар қарамадӯзӣ барои кӯрпаю лула ва якандозу таксарӣ дасти даҳҳо бонуро рост кардааст.  Миёни мардуми ноҳия кам иттифоқ меафтад, ки нафаре ӯро надонад.

-  Аз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан сипосгузорем, ки ҳунарҳои мардумиро дастгирӣ карда, барои рушди онҳо замина фароҳам оварданд. Ба шарофати имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дода шудааст, сафи мо — бонувони ҳунарманд афзуда,  ҳунарҳои аз байнрафта эҳё ва зиндагии мо боз ҳам беҳтар мешавад, — мегӯяд Каромат Гадоева.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»