Устоҳои таъмири соат чаро «тухми анқо»-анд?

№85 (4035) 16.07.2019

СоатДар Истаравшан устоҳои таъмири соатро «соатсоз» меноманд. Нахустин соатсозони шаҳр русҳо будаанду баъдан маҳаллӣ пайдо шуданд, ки нозукии корро аз устоҳои яҳудӣ, арманӣ, осетин, немисҳои дар ҶБВ асирафтода ёд гирифта, ба дигарон омӯзонидаанд.

Бино ба шаҳодати ҳолдонҳо, дар замони шӯравӣ дар бозори марказии Истаравшан 12 дӯкони таъмири соат мавҷуд буд, ки устоҳои он зери сарпарастии Комбинати хизмати маишии шаҳр фаъолият доштанд.

Имрӯз дар шаҳр, ки 250 ҳазор аҳолӣ дорад, танҳо дар паҳлуи фурӯшгоҳи «Гули сурх»  як дӯкони хурдакак боқӣ мондааст, ки дар он Мақсуд Мӯсоев ном устои 70- сола фаъолият дорад.

Усто- Нахустин устои таъмири соат дар шаҳр Қорӣ Муҳиддин ном дошт ва бо номи «Қорӣ Муҳиддини соатсоз» машҳур буданд. Дар солҳои аввали Инқилоби Октябр мадрасаҳои шаҳри Бухороро хатм карда, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Авлиё — Ато (ҳозира Ҷанбул) — и Қазоқистон таъин шуда буданд. Вақте масҷидҳоро мебанданд, он кас бекор монда, аз як устои рус соатсозиро аз худ карда, ба Истаравшан омадаанд. Нахус­тин дӯкони таъмири соатро боз карда, писаронашон — Ҷалолиддин, Фахриддин, Баҳриддин ва ҷавонони маҳаллиро ба ин касб ҷалб намуданд.

Дар замони шӯравӣ ҳама намуди соати русӣ, швейтсарӣ ва ҷопониро таъмир мекардем. Комбинат моро бо тамоми шароити кор, аз ҷумла, қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мекард. Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрду дар бозорҳои кишвар ҷойи соатҳои механикию электронии гаронбаҳоро соатҳои камарзиши хитойӣ пур кард. Робита бо корхонаҳои соатсозии Федератсияи Россия низ қатъ гардид. Ҳоло, асосан ба иваз кардани шиша, мурвати тобдиҳӣ, ақрабакҳо, гузоштани батареяи соатҳо машғулам. То ҷое ки медонам, аксари устоҳои таъмири соат дар навоҳии ҳамсоя, ба монанди Деваштичу Шаҳристон, Зафарободу Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар замони шӯравӣ истаравшанӣ буданд. Чун бозори ин касб касод шуд, ҳама аз баҳри он баромаданд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ҳам шумораи устоҳо ангуштшумор буда, дар шаҳрҳои Исфараю Конибодом устохонаҳои таъмири соат, қариб ки боқӣ намондаанд, — мегӯяд усто Мақсуд.

- Боиси хурсандист, ки бо пешниҳоди оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардид. Ба шарофати ин иқдоми наку ҳунарҳои азбайнрафта эҳё шуда, боқимонда такомул ёфта истодаанд. Дар партави ибтикори зикршуда мактаби устоҳои таъмири соатро низ аз нав эҳё кардан зарур ва ногузир аст. Ақаллан дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ташкил шудааст, шуъбаи омодасозии чунин устоҳо ташкил шавад, — ба суҳбат нуқта гузошт Мақсуд Мӯсоев.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»