БА ИСТИҚБОЛИ 19-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ВАҲДАТ ОМИЛИ АСОСИИ РУШД АСТ

№75 (3555) 10.06.2016

Хомӯш намудани оташи ҷанг, баргардонидани гурезаҳо, боварии мардумро ба даст овардан, сохтори фалаҷшудаи давлатдориро устувор намудан, вазъи иқтисодиву иҷтимоиро тадриҷан ба эътидол овардан аз корҳои заҳматталабу душворе буд, ки бо шарофати хираду маърифат, таҳаммулу асолати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Гурӯҳҳое буданд, ки ба ҳокимияти конститутсионӣ итоат кардан намехостанд, ба дастоварду пешравиҳои Тоҷикистон назари нек надоштанд ва боиси сар задани низоъ дар баъзе минтақаҳо мегардиданд. Баҳри аз байн бурдани ин ҳама мебоист бо саркардагони ин гурӯҳҳо  созиш кард. Мутаассифона, ҳашт даври гуфтушуниди ҳукумат бо мухолифин бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳар бор дар раванди гуфтушунидҳо ихтилоф сурат мегирифт, то ба ҷараёни оштишавӣ таъсири манфӣ расонда шавад. Хушбахтона, 27 июни соли 1997  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Бо мақсади амалисозии талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 то 1 апрели соли 2000 Комиссияи оштии миллӣ фаъолият намуд, ки 26 нафар аз ҷониби Ҳукумат ва мухолифин  ба он шомил буданд. То ин давра маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он 26 сентябри соли 1999 доир гардид. 22 июни соли 2003 низ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Дар замони мутамаддин мафҳуми ваҳдат хеле гаронқадр гардидааст. Имрӯз баъзе давлатҳои олам бинобар набудани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар гирдоби моҷарову низоъҳои даҳшатбор қарор дошта, дигар давлатҳо мекӯшанд ваҳдату оромӣ, суботи сиёсиашонро ҳифз намоянд, то ба гирдоби бенизомиҳо наафтанд. Шоҳиди он ҳастем, ки чӣ қадар неру, заҳмату талош баҳри пойдории сулҳу субот дар Сурияву Ироқ ва Афғонистону Украина масраф мешавад, вале аксари маврид бенатиҷа… Ҳазорҳо нафар ватани аҷдодии хешро тарк намуда, ба минтақаи осудаву ором худро расондан мехоҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ  таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Биноан, ваҳдати миллӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи муҳим дошта, зарур аст, ки онро арҷгузорӣ намоем, зеро он миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Ҷоиз ба зикр аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон боиси омӯзишу таҷриба ва пайравии миллату давлатҳо гардида, ин омил боиси ифтихори мо аст.

Алишо ҚУРБОНИЁН,

муовини якуми раиси

Суди шаҳри Душанбе