Ваҳдат – заминасози татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузург

№85 (4191) 14.07.2020

Ҷомеаи ҷаҳон дар ҳолати фавқулода қарор гирифтааст. Бемории сироятии COVID — 19 аксар кишварҳои оламро дар шароити ногувор қарор дод. Сиёсати берунии баъзе аз давлатҳо тарҳи нав гирифта истодааст. Дар баробари ин, бо истифода аз шароити барояшон муносиб гурӯҳҳои манфиатҷӯй кӯшида истодаанд, ки суботи давлатҳо ва мардумро халалдор созанд.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии табаддулоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Ҳоло аз шиорҳои марбут ба ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мешавад, ки баҳонае беш нест. Мақсад танҳо ба даст овардани манфиат аст.

Ҳодисаҳое, ки дар гӯшаву канори дунё рух дода истодаанд, ба афкору зиндагии аҳолӣ ва вазъи сиёсии давлатҳо бетаъсир намемонанд.

Бархе аз воситаҳои ахбори омма, ки манфиати ин ё он корпоратсия ва ё идеяҳои ғаразноки гурӯҳҳоро пеш мебаранд, барои хизмат подош мегиранд. Мисоли равшан ба гунаи гуногун арзёбии паҳншавии бемории COVID — 19 мебошад. Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки доир ба пайдоиши ин вирус баён доштанд: «Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла, обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд». Дуруст аст, ки мо бояд сабабҳои пайдоиши онро аз нуқтаи назари илмӣ баррасӣ намоем ва якҷо ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ эътибори ҷиддӣ диҳем.

Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиат стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар «муколамаҳо» давлатҳои хурд, новобаста аз хоҳишашон, ворид мешаванд. Ба ифодаи дигар, онҳо дар муайян намудани ирода комилан озод нестанд. Суол ба миён меояд, ки чаро абарқудратҳо ба давлатҳои хурд чашм ало мекунанд? Ин чанд омил дорад, ки яке аз онҳо мавҷудияти захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофист. Дороии табиӣ диққати абарқудратҳоро бештар ҷалб мекунад ва сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои дигар мегардад. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб намудааст: ҳақиқат дар дасти тавоност. Дар ҷараёни бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд аст, истиқлолиятро ҳифз карда метавонад. Дар акси ҳол давлат ба майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад.

Омили дигари пешгирандаи чунин ҳолат амалкарди қонунҳо мебошад. Дар сурати риоя нашудани қонунҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мегардад. Мисоли равшани ин, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон мебошад, ки қариб сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат шуд. Моро зарур аст, ки аз он ҳодисаҳои фоҷиабор сабақи зарурӣ бигирем, омилҳои барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ ва натиҷаҳои харобиовари онро ба насли наврас пайваста ёдрас намоем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Агар сулҳу ваҳдат пойдор бошад, бемории COVID -19 ва оқибати онро низ ба осонӣ пурра паси сар хоҳем кард.

Пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Мардум дарк кард, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай, амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин кардан имконнопазир аст. Ҳамчунин, давлат дар раванди тараққиёт бе такя ба сарвари оқилу дурандеш наметавонад механизмҳои самараноки давлатдориро соҳиб шавад.

Хушбахтона, сарварии халқи тоҷик бар дӯши шахсияти бузурге афтодааст, ки баҳри пешрафти ҷомеа, беҳбуд бахшидани шароити зиндагии аҳолӣ шабу рӯз заҳмат мекашад. Мардуми кишвар низ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон этиқоду эътимод доранд ва баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳояшон пайваста талош меварзанд.

Ҳамин аст, ки нақшаву ниятҳои неки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд, батадриҷ амалӣ гаштаанду мегарданд.

Албатта, ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдорӣ дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқи табиии хоси қавму миллатҳо, манфиатҳои онҳо табиатан мавҷуданд, ки сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккур ва пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатиро мутобиқи менталитет ва хусусияти хос таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои халқҳои дигар носозгор оқибатҳои нохуш дорад.

Дар замони муосир, бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ, ҳар як давлат бояд модели давлатдориро интихоб намояд, агарчӣ ин ба бозингарони абарқудрати минтақаҳои сиёсӣ мақбул нест. Вале ягона роҳ барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки танҳо бо дастгирии тамоми узви ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ҳар як давлат суботу якпорчагиро нигоҳ дошта метавонад.

Маҳз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба рушди миллату кишвар мусоидат намуд, се ҳадафи стратегии давлат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоӣ расид. Ҳоло паи саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегием. Иншооти бузург — неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда», «Роғун» ва нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон» ва «Чормағзак» ин ҳам натиҷаи сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату якдилӣ мебошанд. Дар ин радиф метавонем даст­овардҳои зиёдеро ба монанди симои замонавию зебо гирифтани пойтахти кишварамон Душанбе ва дигар шаҳрҳо, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро низ ҳамчун дастоварду натиҷаи ваҳдату ризояти миллӣ номбар намоем.

Ваҳдату Истиқлолият ҳамчун арзишҳои бебаҳо ба ифодаи Пешвои миллат ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд. Алҳол обрӯю нуфузи хосаи Тоҷикистон ҳам дар арсаи байналмилалӣ аз ҳамин мафҳум маншаъ мегирад. Баргузории ҷаласаҳои баланд­поя бо иштироки сарварони давлатҳои гуногун дар Душанбе далели он аст, ки ҳоло Душанбе яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ мебошад. Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо онҳо садҳо лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва дастгирии онҳо аз тарафи СММ боиси ифтихор аст.

Яке аз собиқадорони меҳнат пас аз интихоб шудани Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ёд меорад, ки дар ҷараёни ҳалли масъалаҳо Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба қатъи ҷанг ва баргардонидани гурезаҳо диққати махсус медоданд, аз тарафи мухолифин касе ба назди Сарвари давлат наомадааст. Таърих собит мекунад, ки ташаббус аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбари давлат ба назди мухолифин мерафтанду ба сулҳ даъват менамуданд. Яъне, поягузории сулҳ дар Тоҷикис­тон танҳо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо дастгирии мардуми сулҳпарвар онро таҳким бахшида истодааст.

Сулҳу ваҳдате, ки баъди хунрезию ҷонфидоии халқ ба даст омад, дар китоби таърихи миллат ҳамчун дарси зиндагӣ сабт гардид, то ки ояндагон аз он огоҳ бошанду ҳақиқати зиндагиро дарк намоянд, сафедро аз сиёҳ фарқ кунанд. Ҳамон тавре ки имрӯзиён дарк ва фарқ мекунанд.

 Насиба СОДИҚӢ, Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон