ВАҚТЕ КИ ПАЛИДҲО ҶАМЪ МЕШАВАНД… БА ОНҲОЕ, КИ АЗ ДАСТАШОН НЕ МУРДАҲО ВА НЕ ЗИНДАҲО, ДАР МИСОЛИ ҚАБРИСТОНИ ХОВАНСКОИ ШАҲРИ МОСКВА, ОРОМӢ НАДОРАНД

№71 (3551) 02.06.2016

591P.S 14 майи соли 2016 дар қабристони Хованскои шаҳри Москва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамлаи мусаллаҳонаи як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро зада баргардонданд. Мутаассифона, дар ин задухӯрди нобаробар се тан аз ҳамватанони мо аз шаҳри Роғун: Суҳроб Хушакови 26 – сола, Иноят Ризоеви 39 — сола ва Сайнуриддин Собирови 42 – сола ба ҳалокат расиданд.Ҷасадашон бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ба Ватан оварда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ карда, ба масъулини мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ супориш додааст, ки дар таҳқиқи объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор бо ҳамтоёни руси худ дар ҳамкорӣ фаъол бошанд.

Айни ҳол Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия нисбати Юрий Чабуев, мудири собиқи қабристони Хованскои шаҳри Москва чун гумонбари аслии ташкили моҷарои хунин ва Никита Мошенко — собиқ сержанти политсия,  корманди ППС – и  ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва чун иштирокчии фаъоли ин моҷаро кор бурда истодааст.

Вокуниш ва мавқеъгирии ниҳодҳои давлатии ҷумҳурӣ дар ин маврид қобили таҳсин аст ва боварӣ ҳаст, ки гунаҳкорони ҳодиса ҳатман ҷазои сазовори худро мегиранд.

Аз чопи мақолаи «Дар мазори мо ғарибон, не чароғе, не гуле…» («Садои мардум. 7 майи соли 2016 № 59-60 (3539-3540)), ки муҳтавояш ноором насохтани рӯҳи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бе ҷазо мондани дастандаркорон буд, муҳлати зиёде нагузашта, инак, ҳодисаи таҳқиру куштори навбатӣ дар қабристони Хованскои шаҳри Москва 14 майи соли равон ба захмҳо намак пошид. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бо амри тақдир 20 сол инҷониб баҳри ободию зебоии оромгоҳи мазкур софдилона заҳмат мекашанд, дар муқоиса бо шумо ва ҳамсафони ҷинояту хиёнатпешаатон Юрий Чабуев, мудири собиқи қабристони Хованскои шаҳри Мос­ква, Никита Мошенко — собиқ сержанти политсия, корманди ППС — и  ВКД Россия дар шаҳри Москва, оромгоҳу мазорҳоро арҷ мегузоранд. Оё ташкил, ҷангу хархаша дар болои устухонҳои одамӣ, чун махфигоҳи аслиҳа ва маводи касофати мухаддири барои заҳролуду нобуд сохтани боз ҳам ҷавонони навхати рус истифода бурдани қабристон аз рӯи одамият аст? Пас, аз рӯи инсоф кист дӯсту кист душмани мардуми рус? Кист ҷинояткору кист машғул ба корҳои хайру савоб? Беҷо нест, ки роҳбарони «ватану миллатдӯст» — е чун Иля Дроздов — вакил аз ҳизби миллатгарои Жириновский, Франтс Клитнтскевич аз ҳизби «Россияи ягона», Евгений Серебрянников, муовини аввали раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсия, Сергей Миронов, сенатор аз ҳизби «Россияи боадолат», ки рус будан ё набуданашон аз ному насабҳояшон равшан аст, ин ҳамаро нодида гирифта, таъҷилан ҷорӣ кардани «виза» — ро барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бо белу калтак, сангу хиштпора худ ва  қабристонро аз ҳамлаи ноҷавонмардона, ғайриинсонӣ, боз ҳам дурусттараш, палидони беимони сар то по мусаллаҳ ҳимоя намуданд, пеш мегузоранд? Ё мутмаин будед, ки шербачаҳои ғарибу бепушту паноҳи тоҷик, авлодони Восеи қаҳрамони айнан бо ҳамин сабаб ва шева ба муқобили манғитҳо қиёмбардошта, тарсида сар пеши пои палидон мегузоранд ва ба тақдир тан медиҳанд? Бехабар аз қисмату сарнавишти фоҷиабори минбаъдаи манғиту салтанати бепояашон.

Аз куҷо ҳам медонед, ки шоирони шаҳири советии тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, тараннумгари сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода, шоири ҷанговари советии тоҷик Ҳабиб Юсуфии як рӯз пеш аз Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия бо роҳбарии Гитлере, ки имрӯз шумо, фашис­тони навбаромади рус, саҷдааш овардаед, ҳалок гардида, андар боби ҳифзи шарафу номуси инсонӣ, ҷавонмардӣ чӣ гуфтаанд?

Аз ин рӯ, «маъзарат», ки писарони миллати шеърдӯст, коргару деҳқони меҳнатӣ, мардуми сулҳпарвар наметавонистанд, ки ба фиристодаҳои варзишгару мусаллаҳи шумо ҷавоби сазовор  надиҳанд. Дигар ин ки мо, миллати кӯрнамаку носипос нестем. Фарзандони мо, ки бо меҳнат дар ин мавзеъ ризқу рӯзии кӯдаконашонро пайдо мекунанд, наметавонистанд ба он таҳқирро раво бинанд. Бе ин ҳодиса ҳам аз миёни дигар миллатҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чун канаю мараз часпида, дар дилхоҳ ҷиноят онҳоро гунаҳкор мекунед. Аз Ленину Сталин, то Хрушёву Горбачёву Елтсин чӣ ҷурме гузашта бошад, мо, тоҷикон бояд ҷавоб гӯем.  Барои сиёҳ кардани миллати мо шояд роҳу усуле намонда бошад, ки истифода набурда бошед. Ҳатто аз гузаш­танамон ба ному насаби аҷдодӣ ба танг меоед. Охир, мо, аз он тоифа нестем, ки зери ному насаби дигарон, аслияти худро пинҳон дорем. Баръакс, аз тоҷик буданамон дар ифтихор ҳастем. Аниқтараш, шумо аз ягон бартарияти ирсии миллати мо сахт дар ҳарос афтодаед. Он ҳам бошад меҳнатдӯстӣ, бунёдкорӣ ва сулҳпарварии мост. Гап сари ин ки пирони беимони шумо тавонис­танд солҳои навадуми асри гузашта хуни тоҷикро бо дасти тоҷик бирезанд, вале натавонистанд, ки онро ба Афғонистон, Ироқ, Сурия ва амсоли он давлатҳо табдил диҳанд. Моро шикаста тавонистед, аммо рехта не. Аз ин рӯ, дар дил алам доред.

Тоҷики ҳушманд ба ҳар ҳол тавонист бо роҳбарии хирадмандонаи дар ҳақиқат Пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмон нақшаи душманонро барбод диҳад ва бо вуҷуди фишору тангназарии бархе аз ҳамсоядавлатҳо ва шарикони стратегӣ, симо, вазъи сиёсиро дар кишвар тағйир диҳад. Бештар аз ин, ба бунёди иншооти муҳими аҳамияти бузурги стратегидошта ҷуръат намояд. Ба содироти молу маҳсулот, мисли мевагиҳо, қувваи барқ, семент шурӯъ намояд. Маҳз ҳамин пешравиҳо буданд, ки чун хоре ба чашми ҳасудону нотавонбинон халидан дорад. Баҳс намекунем, дар Тоҷикистон коммунизм барпо нашудааст. Ҳанӯз камбудию норасоӣ, мушкилот хеле зиёданд, ки Худо хоҳад  ба вақту соаташ ҳалли худро меёбанд. Вале дастовардҳоро нодида гирифтан ҳам камоли ҷавонмардӣ нест. Шумо ин  ҳамаро хеле хуб  мебинед, медонед ва дарк менамоеду аз бахилию алам оташ мегиред. Чун мор ба худ мепечед, вале ҷавонмардона иқрор шуда наметавонед, зеро  ин ҷавҳарро дар худ надоред, вагарна бо тиру туфанг ба коргарони осоишта ҳуҷум намекардед. Шояд орзуи Тоҷикистонро боз ба хоку хун оғушта кардан доред? Мутмаин бошед, ки ин орзуро ба хок хоҳед бурд! Медонеду инкор мекунед, ки дар Тоҷикистон ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла русҳо баробар, бародарвор дар фазои амну осоиштагӣ умр ба сар мебаранд.

Хушбахтона, ҳанӯз шумораи шумобаринҳо дар Россия чандон зиёд нест ва мардуми дилкушоду бекинаи рус ба фитнаҳоятон дода нашудаанд ва аз дилу нияти шумо хуб огоҳӣ доранду гуфтани ҳақиқатро авло медонанд, ки марҳамат:

«… Ва чун ҳамеша дар ин бархӯрд тоҷиконро гунаҳкор мекунанд, чун мақомот маъмулан онҳоеро боздошт мекунанд, ки ба дасташон меафтад, на онҳоеро, ки гунаҳкорони аслианд. Маълум, ки ба чеченҳо касе даст намерасонад, чун Қодиров метавонад одамонашро ҳимоя кунад. Сокинони Осиёи Марказиро ҷазо медиҳанд ва сабаби аслии зиддиятро мегӯронанд, ифшо намекунанд» (Вячеслав Поставнин – Президенти хазинаи «Муҳоҷирати асри ХХI»)

«Дар ин рӯйдод ширкаткунандагон хеле зиёданд. Бахусус, онҳое, ки ҳоло садо баланд мекунанд, ки низоми раводид ҷорӣ шавад. Маъмулан, хориҷиён гурӯҳҳои осебпазиранд ва касе ба ҳимояи онҳо барнахоҳад хест, ба тафтишоти ҷиддӣ ҳам ниёз нест, онҳоро боздошт мекунанд ва ба ватанашон истирдод менамоянд, боқӣ гӯё мушкилотро ҳал карданд. Мутаассифона, сохтани симои «бегона» барои сиёсатҳои популистӣ як дастаки хуб шудааст». (Сергей Абашин – профессори Донишгоҳи аврупоии Санкт – Петербург ва таҳлилгари муҳоҷират).

«Рӯйдоди қабристони Хованскои шаҳри Москва на ҷанги байни осиёиҳо ва қафқозиҳо, балки коргарон ва авбошон буд ва ҳатто ангезаи миллӣ ҳам надошт. Аз ин рӯ, шӯхии «чеченҳо бо тоҷикон барои гӯронидани мурдаи русҳо ҳамдигарро мезананд», ҳамон як шӯхӣ боқӣ мемонад. Ин ҳамлаи ғоратгарона ба коргоҳи давлатӣ буд, ки коргаронаш бо белу каланд маҳали корашонро аз авбошон ҳимоят кардаанд, ки мусаллаҳ буданд. Ман ҳатто рост истода, барои ин ҷасорат қарсак мезанам! Офарин, бояд ҳамеша чунин бошад!» — мегӯяд Аркадий Бабченко – журналисти маъруфи рус. Ӯ оморҳои умури дохиларо таҳлил карда, ба хулоса меояд, ки агар дарвоқеъ 90 нафар боздошт шуда бошанд, пас, 30 нафари онҳо тоҷиконе буданд, ки худ ва мулки давлатиро ҳимоя мекарданд. «Вале даст рӯи сина монда метавон гуфт, ки аксари боздоштшудагон боз ҳамон заминковон ё гӯрковони бенавои тоҷиканд, ки худро ҳифозат мекарданд. Барои он боздошт шуданд, ки худ ва маҳалро аз ҳамлаи мусаллаҳонаи авбошон муҳофизат карданду ҷамъияти ҷиноии муташаккилро бо муқовимати худ парешон сохтанд ва қисман безарар гардониданд. Аз онҳое худро муҳофизат карданд, ки на горди миллӣ, на казакҳо, на ОМОН, на неруҳои махсус ва на танкҳои артиш наметавонистанд муҳофизат кунанд. Онҳоро акнун барои ин корашон боздошт мекунанд, мавриди шиканҷа қарор медиҳанд, дар милисахона ғорат мекунанд ва ба ватанашон истирдод. Ҳатто  ба зиндон меандозанд. Дар дилхоҳ кишвар ин афрод бояд соҳиби ҷоиза мешуданд, мукофоти пулӣ мегирифтанд, вале ин ҷо Россия аст ва ин ҷо онҳо зиндонӣ хоҳанд шуд», — шарҳ медиҳад ӯ ва дар муқоиса бо пешниҳоди болоиҳо:

- Ман чун як шаҳрванд, ин милисаҳоеро, ки наметавонанд аз ҳамлаҳои ғоратгаронаву авбошона ҷилавгирӣ кунанд, аз кор мерондам ва ба ҷойи онҳо ҳамин тоҷиконро, ки қудрати ҳифозату муқовимат доранд, ба кор мегирифтам».

Истодагарии навбатии тоҷикон идомаи ҳамон корнамоиҳои бобою падарони шуҳратманд дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи шумо барин хунхорон мебошад. Душманони рақами яки миллати рус шумо мебошед ва муқаддасоте дар ин дунё надоред. Мехоҳед, ки сиёсати миёни миллатҳо низоъ, хусуматангезиатонро қувват бахшед. Русро бо тоҷик, тоҷикро бо чечен муқобили ҳам гузоред. Ҳадафи асосиатон бад карда нишон додани миллати рус дар назари аҳли ҷаҳон ва заиф гардонидани Россияи бузург асту бас. Шумо, душманони башарият ҳастед, муқаддасот, мазҳабу миллат надоред. Боварӣ ҳосил кардед, ки тоҷик ҳам ба бузургманишиҳои  дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноӣ муқобилият нишон дода метавонад? Рӯҳи се шаҳиди навбатӣ бошад, дар қатори дигар қурбониёни маълуму номаълуматон, якҷо бо оҳу ашки модарону хоҳарон ва тифлони маъсуми онҳо  умре думболагиратон хоҳад буд.

  Мирзо Рустамзода,

«Садои мардум»