Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор…?

№85 (4191) 14.07.2020

Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр ё ҳар ду?

Мусибат аз мусулмонҳост ё куффор ё ҳар ду?

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳар ду?

Абулқосим Лоҳутӣ

Хоин ва хиёнатВатан дар ҳама забон муқаддастарин вожа мебошад. Беҳуда нест, ки бузургон модарро ба ватан ва ватанро ба модар шабоҳат додаанд.

Хонандаи закӣ, худ қазоват кунад, ки бе сарчашмаи ҳаёт — модар магар ба дунё омадан мумкин аст? Албатта, не. Бе ватан зистан низ.

Бо мақсади он ки ба мазмуни асосии вожаи ватан амиқтар сарфаҳм равем, рӯ ба «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» овардем. Дар он калимаи ватан ҷои таваллуд, зодгоҳ, диёр, сарзамин, кишвар ва мамлакат шарҳ ёфтааст.

Ғайр аз ин, муносибати одамон нисбат ба ватан мусбат ва манфӣ сифат шудаанд: ба гурӯҳи мусбат вожаҳои ватандор, ватандӯст, ватанпараст ва ватанпарвар, ба гурӯҳи манфӣ ватанбезор, ватангадо, ватангурез ва ватанфурӯш.

Дар луғат мазмуни вожаи ватанфурӯш, ки дар мақола асосан оид ба он сухан меравад, ба таври зер омадааст: «Он, ки ба ватан ва халқи худ содиқ набуда, хиёнат кардааст, ватанфурӯш номида мешавад».

Чанде пеш тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки аз се қисм иборат аст, намоиш дода шуд.

Пеш аз он ки ба мақсади асосӣ гузарем, боз ба луғатҳои гуногун назар афкандем, то ки муҳтавои вожаи «хиёнат»-ро ба хонандаи муҳтарам пешниҳод намоем. Хиёнат — «аҳдшиканӣ, бевафоӣ ба паймони басташуда, хиёнат ба молу мулк, хонаю дари касе ва ба вазифаи боварикардашуда, инчунин, хиёнат ба ватан ва мардуми он» аст.

Хиёнат дар ҳама давру замон маҳкум мешавад. Хиёнаткор бошад, шахси ҳақиру паст, залилу разил ва манфур ҳисоб ёфта, дар ҷомеа боис ба таҳқир, нафрат ва кароҳати аксари мардум мегардад. Аз қадим хиёнатпеша мувофиқи қонунҳои ин ё он давлату кишвар ҷазои сазовор мегирифт ва ҳоло низ мегирад.

Мо — як гурӯҳ собиқадорон, ки солҳои вазнини 90-уми асри гузашта барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, сулҳу салоҳ, ваҳдат ва якпорчагии кишвару миллат дар мақомоти амният хизмат намуда, ҷонбозӣ кардаем, пас аз дидани филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ва баъд аз вохӯрӣ бо ҳам ва муколамаи байни якдигар, бе супоришу пешниҳоди ягон шахси масъули воломақом, тасмим гирифтем, ки фикру мулоҳизаҳоямонро оид ба факту рақамҳои мушаххаси дар филм овардашуда холисона иброз намоем.

Аз ин лиҳоз, саҳифаҳои таърихи азсаргузаронидаи миллати тоҷикро варақ зада, ба он душманону кӯрдилон бори дигар гуфтанием, ки ба Тоҷикистон хиёнат накунанд.

Бояд қайд кард, ки Истиқлолияти давлатии бадастовардаи Тоҷикистон барои бадхоҳони миллати тоҷик мисли ханҷаре буд, гӯё ба дил ва ё ҷигари онҳо халида бошад.

Ба ҷои роҳандозӣ намудани корҳои созандагию ободонӣ ва берун овардани кишвар аз буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ бадтинатону мансабхоҳон бо сарварию дастгирию иштироки бевоситаи наҳзатиҳои ифротию моҷароҷӯй даст ба ташкили низоъ  ва нооромиҳо дар шаҳри Душанбе, баъзе шаҳру ноҳияҳо зада, як қисми мардуми авомро бо фиребу найранг ба тарафи худ кашиданд. Зери таъсири манфии ҳодисаҳои дар Иттиҳоди Шӯравии рухдода, махсусан, сиёсати «бозсозию ошкорбаёнӣ», фаъолияти мақомоти иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра дар Тоҷикистон ниҳоят суст гардид. Бо суиистифода аз ин вазъ, ифротгароён дар шахсияти наҳзатиҳо ва ашхоси нопок ба содир намудани амалҳои зиддиҷамъиятӣ, ҳатто ҷиноятҳои вазнин, мисли одамрабоӣ, қатл, роҳзанӣ ва ғайра даст заданд. Аз беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии роҳбарони вақти ҷумҳурӣ, инчунин, фалаҷ гардидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бетарафии қисмате аз ҷомеа, хурӯҷи маҳалгароӣ ва дигар омилҳо истифода намуда, душманони дохилӣ – наҳзатиҳо ва ба ном демократҳо бо амру роҳандозии «хоҷагон»-и хориҷии худ тоҷиконро ба қисматҳои «худӣ» ва «бегона» ҷудо карда, Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Онҳо мақсад доштанд, ки дар кишвар сохти конститутсиониро бо роҳи зӯрӣ тағйир диҳанд.

Алҳол низ савол ба миён меояд, ки он вақт ҷанги бародаркушро дар кишвар  пешгирӣ намудан мумкин буд ё на? Мо бо як овоз иброз менамоем, ки мумкин буд. Ба шарте ки роҳбарони вақти ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор масъулият эҳсос карда, аз як гиребон сар бароварда, барои якпорчагии кишвару миллат фаъолияти софдилона ва вазифаҳои конститутсиониро адо менамуданд. Сад афсӯс, ки ин тавр нашуд.

Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 5 сол (1992-1997) тӯл кашид, ба ғайр аз зарари маънавӣ, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди кишвар ҷон бохт. Шумораи зиёди истиқоматкунандагони вилояти Хатлон ва баъзе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат фирорӣ шуданд. Ба ҷумҳурӣ на кам аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари молиявию иқтисодӣ расид.

Барои хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, нобасомониҳо, ҷинояту ҷинояткорӣ, раҳонидани ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бос­тонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Дар он фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин абармард тадбирҳое амалӣ шуданд, ки дар таърихи халқи тоҷик бемисланд. Бо талошу ҷонбозиҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати барои таърих начандон тӯлонӣ (соли 1997) ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуд. Дар кишвар гурӯҳҳои исёнгару моҷароҷӯ, экстремистиву террористӣ саркӯб ва безарар гардонида шуда, сулҳу амният  ва ваҳдати миллӣ таъмин ва дар мамлакат фазои ободкорию созандагӣ ҳукмфармо гардид.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад. Муваффақиятҳое, ки миллати тоҷик зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин, сиёсати дохиливу хориҷӣ, ба даст овард, боиси хушбахтиву ифтихори беканор мебошанд. Аз ин рӯ, пешравиҳое, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ ноил гаштааст, хореанд ба чашми душманон, махсусан, хоинону нотавонбинони миллати тоҷик. Бинобар ин, душманони Тоҷикистон бо ҳар роҳу равиш тавассути истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоии бо кумаки «хоҷагон»-и хориҷӣ созмондода, дигар усулҳои хоинона майнаи мардумро гиҷ намуда, мақсадҳои разилонаро амалӣ карданӣ мешаванд.

Акнун бевосита ба таҳлилу баҳо додан ба мазмуни филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», тавсифи қисме аз қаҳрамонҳои он ва рафтору кирдори зиддидавлатию ношоистаи онҳо мегузарем.

Соли 2015  Назарзода Ҳалим (лақабаш Ҳоҷӣ Ҳалим) бо ҷонибдоронаш мехост дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатӣ ба амал орад. Аммо онҳо ба мақсади нопоки худ нарасиданд ва «тирашон хок хӯрд».

Назарзода ҳини таҳсил дар мактаби миёна, олӣ ва кор дар вазифаи мудири анбор дар назди Мулло Тоҳир, ки дар кӯчаи Восеи шаҳри Душанбе иқомат дошт, таълими динӣ низ мегирифт. Мулло Тоҳир яке аз таблиғгарон ва тарафдорони фаъоли ҷараёни «Ваҳҳобия» ба шумор мерафт. Бинобар ин, Назарзода ҳанӯз дар давраи наврасию ҷавониаш зери таъсири манфии рӯҳониёни ифротӣ қарор дошт. Ӯ ба пулу мол як ҳирси беандоза дошт ва маблағи зиёд дар айёми ҷавонӣ ҷамъ намуд.

Бо супориши ҲНИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) 5-уми майи  соли 1992 як гурӯҳ ҷавонони ифротии яроқнок бо роҳбарии Назарзода  бинои марказии телевизиони Тоҷикистонро ғасб карданд.

Пас аз шикаст хӯрдан ва аз шаҳри Душанбе берун рондани силоҳбадас­тони мухолифин Назарзода ғайб зад ва баъд аз ба имзо  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, командири баталиони 25-ум таъин гардид, ки аз ҳисоби яроқбадастони мухолифин ташкил шуд.

Мувофиқ ба гуфтаҳои ҳолдонон, Назарзода шахси сарватманд ва соҳиби се зан буд. Ӯ дар муҳлати 18 сол аз командирии баталион то ба вазифаи муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ расид. Вале ба боварии роҳбарият, вазифаи ишғолкардааш ва халқу ватани хеш хиёнат намуд ва ҷазои сазовор гирифт.

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

Ки имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?

Бо ин ду мисраъ шеъри устод Лоҳутӣ ба Муҳиддин Кабирӣ, ки  ҳоло дар ким-кадом давлати хориҷӣ зиндагӣ карда, нисбат ба Тоҷикис­тону миллати тоҷик буҳтон бофта, бонг мезанад, муроҷиат намуда, савол доданием, ки ӯ дар ҳаёташ, махсусан, зимни фаъолияташ ба симмати вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кадом кори манфиатнок­ро барои мардум анҷом додааст? Фақат ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ҳамон тавре халқ мегӯяд: «Ӯ дасташро ба оби хунук назада», зиндагӣ ба сар бурда, наврасӣ ва ҷавониро ба хондану аз бар кардани  китобҳои ифротгароӣ сарф намудааст. Боз ҳаминаш муайян аст, ки Кабирӣ яке аз сарватмандтарин шахс дар ҷумҳурӣ ҳисоб мешуд. Ин қадар боигарӣ ва молу мулкро ӯ аз куҷо ва аз кадом ҳисоб дарёфт кардааст?

Имонамон комил аст, ки Кабирӣ қисми асосии боигариашро маҳз барои «хизматҳояш» ба «хоҷагонаш» ба даст овардааст ва ҳоло дар назди онҳо забонкӯтоҳ асту супоришҳои онҳоро зидди Тоҷикистону миллати тоҷик хоинона иҷро менамояд. Агар дили Кабирӣ ба халқ месӯхт, ба ҷои он ки оид ба ҳолати Covid — 19 дар ҷумҳурӣ иттиҳоми беасос бизанад, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардааш ба мардуми эҳтиёҷманду дармонда беғаразона кумак мерасонд.

«Қаҳрамон» — и дигари филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» Садурдинов Қаландар, ки то тарки ватан кардан дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) бо аҳли оилааш умр ба сар мебурд, ба шумор меравад. Ӯ яке аз фаъолтарин наҳзатиҳое буд, ки мардуми тоҷикро ба ҷанги таҳмилӣ кашида, пас аз шикасти қувваҳои мухолифин ба хориҷи кишвар гурехт.

Бояд ёдовар шуд, ки Садурдинов Қ. тавассути ақидаҳои нопоку зиддидавлатиаш соли 1986 дар ташкил намудани якумин гирдиҳамоии зиддиқонунии рӯҳониёни ифротӣ дар шаҳри Бохтар даст дошт.

Тавре дар урфият мегӯянд: «Падар чӣ гуна, писар намуна». Фарзанди Садурдинов Қ. – Муҳаммадиқболи Садруддин, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, дар маросими ба хок супоридани ҷасади падар иштирок накард. Ӯ, ки ба падари хиёнаткори худ хиёнат кардааст, ба дигарон ақл ёд медиҳад, ба Тоҷикистону мардуми он «дилсӯзӣ» менамояд.

«Қаҳрамон»-и дигари филми «Хиёнат» — Юнуси Истаравшанӣ (Бурҳонов Юнус Аббосович) мебошад, ки дар маҳаллаи  «Боғот»-и шаҳри Истаравшан ба дунё омадаасту дар наврасиву ҷавонӣ дар назди М. Раҳимҷонов таълими динӣ гирифта, зери таъсири манфии ӯ қадам ба ифротгаройӣ гузош­тааст. Ин ҷо мехоҳем ёдрас шавем, ки Юнус бо духтари 13-солаи устоди худ издивоҷ намуда, ба хориҷа бурда, аз ӯ ҷудо мешавад ва ғарибу дар ба дар мекунад. Дар натиҷа, духтари раҳгумзада ба яке аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ  меояд ва дар он ҷо ҳамчун ифротгаро боздошту зиндонӣ гардида, мефавтад. Ҳоло Юнус дар шаҳри Қуми Эрон бо тоҷикдухтари дигаре, ки ба доми ин разил афтодааст, зиндагӣ мекунад. Бинед, ки Юнус то куҷо нопоку номард аст! Хонандаи закӣ бояд худ ба рафтори Юнусе, ки дар бораи шариату тариқат сухан ронда, бо хабарҳои ғаразнокаш Тоҷикистонро доғдор менамояд,  баҳои холисона диҳад. Имрӯз Юнус худро Истаравшанӣ хонда, ба номи ин шаҳр ва мардуми он иснод меорад. Нисбат ба персонажҳои дигари дар «Хиёнат»  «тавсифшуда», ба мисли С. Гадоев, бародарон  А. М. Кузовҳо ва ғайра, фикр мекунем, ки бинандагон нуқтаи назари беғаразонаро тавассути ВАО иброз медоранд.

Пас аз дидани филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ин гуна афрод шояд хулоса бароварда, аз амалҳое, ки кишвари тоҷиконро доғдор мекунанд, худдорӣ намоянд.

Ба ҳама тоҷиконе, ки дар хориҷа зиндагӣ ва ба Тоҷикистон хиёнаткорӣ мекунанд, рӯ оварда, хоҳиш карданием, ки минбаъд  ба амалҳои душманонаи зидди Тоҷикистон роҳ надиҳанд ва дигар ашхоси раҳгумкардаву зудбоварро ба дом накашанд.

Баъд аз дидани филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба хулоса омадем, ки ифротиён берун аз хоки Тоҷикистон истода, гумроҳон, махсусан, ҷавононеро, ки ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Россия, барои кор мераванд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи найрангу фиреб ба дом меафтонанд ва барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд. Бинобар ин, пурзӯр намудани корҳои тарбиявиро байни ин қишри ҷомеа тавассути истифода аз имкониятҳои корпусҳои дипломатии Тоҷикистон, марказҳои тоҷикон, ки дар хориҷи кишвар ташкил шудаанд, ба мақсад мувофиқ медонем.

Дар филми «Хиёнат» мавзӯъҳои доғи рӯз – терроризм, экстремизм, ифротгаройӣ, хиёнату хиёнаткорӣ ва мубориза алайҳи онҳо бардошта шудаанд. Он саривақтӣ буда, ба мо, собиқадорон, ниҳоят писанд омад ва бовар дорем, ки аз ҷониби дигар бинандагон низ хуб пазируфта мешавад.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод мекунем, ки филм тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, дар корхонаву муассисаҳо, такрор ба такрор намоиш дода шавад. Аз фоида холӣ намебуд, агар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ — олимону шоирону нависандагон ва дигар фаъолон нисбат ба он фикру ақидаи худро дар воситаҳои ахбори омма баён мекарданд.

Матлабро бо байти зерини Сайидои Насафӣ хотима мебахшем, ки фармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Эркин МУҲИДДИНОВ, генерал-майор, Шариф САЛИМОВ, генерал-майор, собиқадорони мақомоти амният