ЁДБУДИ ТУРСУН ӮЛҶАБОЕВ

№ 09.06.2016

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 100- солагии ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатӣ Турсунбой Улҷабоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳияи Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Келдиёров роҷеъ ба ин шахсияти шинохта сухан ронда, ӯро аз роҳбарони бунёдкору созанда ва дилсӯзи миллат унвон карданд. Профессор Усмонҷон Ғаффоров низ доир ба фаъолияти меҳнатӣ ва хидматҳои Турсунбой Ӯлҷабоев маърӯза кард.

Абдувосит Салимзода,

«Садои мардум»