Чанде пеш дотсенти кафедраи «Ҳимояи наботот»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, собиқадори соҳаи кишоварзӣ Икромиддин Тешаев ба идораи рӯзнома омада, андешаҳояшро вобаста ба мақолаи «Тоҷикистон дар роҳи рушди энергияи сабз» («Садои мардум» №61 (4481) аз 21 майи соли 2022) чунин баён намуд:
- «Энергияи сабз» яке аз бахшҳои «иқтисоди сабз» мебошад. Тавре раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло дар соати парламентӣ иброз доштааст, «иқтисоди сабз» ба ҳама соҳа пайвастагии зич дорад. Чунончи, дар соҳаи кишоварзӣ бояд аз нуриҳои органикӣ, обёрии қатраӣ, усули биологии мубориза бо зараррасони зироатҳо истифода бурд. Ман ҳамчун собиқадори соҳаи кишоварзӣ гуфтаниам, ки пешниҳодоти мазкур на танҳо боздеҳи киштзорҳоро зиёд ва арзиши аслии маҳсулотро кам мекунад, балки боис ба арзоншавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, покиза мондани муҳити зист ва билохира, солимии аҳолии мамлакат мегардад.
Ҳамсуҳбатам бо таассуф иброз дошт, ки чанд сол боз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни ҳимояи зироатҳо аз зараррасонҳо усули биологиро васеъ истифода мебаранд, вале дар ҷумҳурӣ дар ин ҷода чандон пешравӣ ба назар намерасад, зеро нафароне ҳастанд, ки ба фурӯхтани заҳрхимикатҳо манфиатдоранд.
Ба таври дигар гӯем, усули ҳимояи биологии зироатҳо аз доираи семинарҳои «рӯикоғазӣ» берун нарафтааст. Чунончи, 25 ноябр ва 10 декабри соли 2021 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и пойтахт семинар дар мавзӯи «Такмилдиҳии заминаи қонунгузорӣ барои пешбурди кишоварзии органикӣ» баргузор гардид. Доираи иштирокчиён маҳдуд буду дар он олимони маъруфи соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат надоштаанд. Азбаски ман ҳанӯз аз давраи шӯравӣ дар соҳаи зироаткорӣ усули биологии мубориза бо зараррасонҳои набототро ба роҳ монда будам, монеагузорони рушди ин усулро интиқод кардам. Бинобар ин, дар семинарҳо маро даъват накарданд, зеро барои дастандаркорон танҳо барои номаш гузаронидани чорабиниҳо муҳим буд. Вагарна, бояд намояндагони Комиссияи экологӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рӯзноманигорон даъват мешуданд.
Яке аз роҳҳои вусъат бахшидан ба паҳншавии усули биологии ҳимояи набототро Икромиддин Тешаев дар таъсиси Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи биологии наботот мешуморад.
- Дар он парваришу афзоиши энтомофагҳои ватаниро ба роҳ бояд монд. Ин ниҳод дар соҳаи омӯхтани ҳашароти фоидаовари ватанӣ ва интродутсияшуда саҳм гузошта метавонад, — гуфт ӯ.
Бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа ва ҳавасмандкунии онҳо зичии энтомофагҳоро дар киштзорҳо ҳар чӣ зудтар зиёд бояд кард. Барои омӯзиши ҳашароти фоидаовар минтақаҳои махсуси дорои шароити муътадил ҷудо намудан зарур аст.
Мутаассифона, дар самти омода кардани мутахассисони бахши муборизаи биологӣ бо зараррасонҳои наботот низ камбудиҳо мавҷуданд. Ҳоло танҳо ба донишҷӯёни бахши «ҳимояи наботот»-и факултети агрономии ДАТ фанни «усули биологии мубориза бо зараррасонҳои наботот» таълим дода мешавад. Бояд фанни мазкур дар факултет ва бахшҳои экология, ҷангалпарварӣ, боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ низ таълим дода шавад.
Бо мақсади вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар ҳар ноҳия лабораторияи биологии истеҳсоли энтопофагҳо зарур мебошад. Дар баробари ин, ба хоҷагидорон давраҳои омӯзишӣ, семинарҳои сайёр баҳри даст кашидан аз заҳрхимикатҳо ва рӯ овардан ба усули биологии ҳимояи наботот гузаронидан лозим аст.
Бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо дар хусуси майдони истифодабарии усули биологии ҳимояи наботот ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намоянд.
- Хуб мешуд, дар воситаҳои ахбори омма дар бораи манфиати иқтисодию экологии истифодабарии усули биологии ҳимояи наботот, таҷрибаи мамолики пешқадам дар ин самт бештар матолиби ҷолиб пешкаш гардад, — суҳбатро хулоса намуд Икромиддин Тешаев.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»