Ба истиқболи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи корнамоии фотеҳони Дилварзин

№89 (3569) 12.07.2016

3R9AzPXa1-QДар ноҳияи Мастчоҳ ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25 – ­солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт вусъат мегирад. Имсол, инчунин ба азхудкунии дашти синабирёни Дилварзин 60 сол пур мешавад.

- То ин дам дар доираи амали «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум барои солҳои 2013 — 2015» ва «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008 – 2015», ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буданд, тадбирҳои созандагӣ ба анҷом расонида шуд, — гуфт раиси ноҳия Ғайрат Азиззода.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ соли 2015 ба 471407 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда аз рӯи иҷрои суръати афзоиш нисбат ба соли 2014-ум 110 фоизро ташкил медиҳад. Маблағи маҳсулоти истеҳсолкардаи саноатчиён ба 145,1 миллион сомонӣ расид, ки ба 109 фоизи соли пештар баробар аст. Ҳамчунин, аз ҳисоби ҳама сарчашма 2360 метри мукааб манзил ба истифода дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 51 километр роҳи Мастчоҳ – Спитаменро бо маблағи 13 миллион сомонӣ ба истифода дод. Акнун роҳи мардуми Мастчоҳ ба дигар мавзеъҳо, аз ҷумла пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе хеле наздик шуд. Ин роҳ ҳанӯз соли 1956 бунёд гардида, то имрӯз рӯи таъмирро надида буд.

Имрӯз дар 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, ду литсей ва даҳ кӯдакистон 1555 нафар омӯзгору мураббӣ, аз ҷумла 848 нафар зан ба таълиму тарбияи 21086 хонанда машғул аст, ки 982 нафари он маълумоти олӣ доранд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер пурра таъмин шудаанд. Дар маҳаллаи Сардоби деҳоти «Навбаҳор» муассисаи таълимии замонавӣ барои 480 хонанда бо маблағи 1,8 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Хонандагони деҳаи Чаманистони ҳамин деҳот бошанд, дар шаш синфхонаи нав таҳсилро идома медиҳанд.

Риоя ва иҷрои талаботи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз самтҳои асосии фаъолияти масъулони соҳа, идораву муассисаҳои марбута мебошад. Дар ин самт, масъулияти асосӣ бар дӯши 781 нафар корманди соҳаи тандурустӣ гузошта шудааст, ки дар 39 беморхонаю маркази тиббӣ машғули иҷрои вазифаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020»  эътибори хоса медиҳад. Айни замон 135 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад, се нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 19 нафар вакили ҷамоат, 179 нафар сарвари хоҷагии деҳқонӣ мебошанд. Дар донишгоҳҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе зиёда аз 400 духтари мастчоҳӣ таҳсил дорад. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ имрӯз 12 нафар зан дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши қолинбофӣ ба машғулият фаро гирифта шудааст.

Ҷавонон, ки 35 дарсади аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд, қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Порсол дар чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ 20 ҳазор ҷавонписару ҷавондухтари ноҳия иштирок доштанд. Онҳо аз 110 мусобиқаи гуногуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 1024 медал, аз ҷумла 496 тилло, 350 нуқра, 180 биринҷӣ оварданд. Боиси ифтихор аст, ки аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 100 кило дар гӯштии намуди камарбандӣ Маҳмад Миров аз ноҳияи мо мебошад.

Имрӯз маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон майдони ҳақиқии сохтмонро мемонад. Дар хиёбони марказии шаҳрак, ки номи Асосгузори давлати Сомониён — Исмоили Сомониро дорад, даҳҳо нафар машғули меҳнатанд. Мувофиқи нақша дар маркази ин хиёбон ҳайкали барқади Асосгузори давлати тоҷикон бо пойдевори баландиаш 7 — метра қомат афрохта, ҳафт фаввора ба ин макон ҳусни тоза мебахшанд. Маркази асосии чорабиниҳои идона ба шарафи 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ — боғи марказии истироҳатию фароғатӣ меҳмононро бо қабои нав истиқбол хоҳад кард.

Акнун мехоҳам дар бораи туҳфаи асосии идона – бунёди шаҳраки Меҳробод, ки дар паҳлуи чапи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар масофаи 330 гектар  қомат рост мекунад, ҳарф занам. Дар шаҳраки Меҳробод, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешавад, 2700 оилаи  эҳтиёҷманди деҳоти «Мастчоҳ», «Оббурдан», «Палдорак» ва шаҳраки Бӯстон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд. Тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта шуда, дар он се муассисаи таълимӣ, се бунгоҳи тиббӣ, беморхона, се кӯдакис­тон ва дигар иншооти замонавӣ бунёд мегарданд. Аҳолии шаҳрак ба воситаи лӯлаҳои қутрашон 315 — миллиметра аз масофаи панҷ километр бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Дар шафати шаҳрак дар масоҳати 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд ва дар маҷмӯъ се ҳазор гектар замини солҳои тӯлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз худ мегардад. Бо мақсади обёрии ин мавзеъ бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пойгоҳи обёрии «Дилварзин — 3» таъмир ва бо ин васила заминҳои мавзеъ пурра обёрӣ мешавад.

- Боиси ифтихору сарбаландии мо, мастчоҳиён аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 40 – солагии азхудкунии дашти Дилварзин иштирок намуда, ба заҳмати фотеҳони он баҳои баланд дод: «Иштирок кардан дар ҷашнҳое, ки ободонии Ватани азиз ва сарбаландии халқи моро таҷассум мекунанд, ҳамеша гуворо аст. Ин як навъ эҳтиром гузоштан ба неруи созандагии падарону бобоёни мост, ки ба мушкилоти тоқатфарсои солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, даштҳои Дилварзину Мирзочӯлро аз худ намуданд».

Дар ободонии Дилварзин фиристодагони мавзеъҳои гуногуни кишвар, мутахассисони шаҳру ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов, Истаравшану Бобоҷон Ғафуров, Исфараву  Конибодом низ саҳм доранд. Баҳри ободонии Дилварзин дар се навбат 300 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар саҳрои беодаме, ки дар собиқ макони янтоқу саксавул буд, алҳол ҳазорҳо гектар пахтазору ғаллазор, боғу токзор доман паҳн кардааст. Аҳолии 17 — ҳазораи аввали муҳоҷират имрӯз ба зиёда аз 110 ҳазор расидааст.

Шукр мекунем, ки бо ташаббусу ҳидояти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯҳистониён макони таърихии худро эҳё карданд ва он ҷо ноҳияи нав таъсис ёфт. Макони нав ба кӯҳистониён ба воситаи меҳнати ҳалолашон ҳам нон доду ҳам ном. Аз давраи мавҷудияташ то ин замон ба марказҳои қабул ноҳияи Мастчоҳ наздик ба ду миллион тонна пахта супурдааст. Ноҳия ҳашт маротиба ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ дониста шуда, се нафар- Наврӯз Раҷабов– раиси колхози «Зарафшон», Ҳоҷӣ Амиров – механизатори колхози ба номи Куйбишев, Сафарбек Давлатов – сардори бригадаи комсомолону ҷавонони колхози «Комсомол» соҳиби унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардиданд. Қариб ду ҳазор нафар дорандаи ордену медал, унвони ифтихорӣ мебошанд. Дар ноҳия аввалин фабрикаи парандапарварӣ соли 1983 ва корхонаи бузурги саноатии коркарди пахта соли 1985 ифтитоҳ ёфт.

Дар диёри нав шумораи маълумоти олидорон даҳҳо баробар афзуда, сафи олимон, аъзои иттифоқи нависандагону журналистон аз сад гузаштааст. Ягона Рассоми халқии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комил Ёдгоров парвардаи мактаби № 3-и деҳоти «Оббурдан»-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб қайд карданиам, ки мастчоҳиён вобаста ба шароит ғайр аз Дилварзин ба дигар макон низ дар давраҳои гуногун ҳиҷрат кардаанд. Дар замони ҳокимияти шӯроҳо мардуми Мастчоҳ бори аввал солҳои 40-уми асри гузашта ба вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон кӯч баста буданд, ки имрӯз диаспораи мастчоҳиён он ҷо соҳиби мактабу муассисаҳои фарҳангӣ бо забони модарианд. Муҳоҷирати дигари аҳолии ноҳияи мо ба навоҳии Ҷаббор Расулову Спитамен ибтидои солҳои панҷоҳуми асри ХХ анҷом ёфта буд. Имрӯз дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон хоҷагии деҳқонии «Зарафшон» фаъолият дорад, ки аз ҳисоби ҳамдиёрони кӯҳистонии мо созмон ёфтааст.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мардуми сарбаланди мо дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020» (бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 28-уми декабри соли 2015 таҳти № 197 қабул шудааст) 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60- солагии азхудкунии дашти Дилварзинро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.

 Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор