Истеҳсол ва содироти масолеҳи сохтмонӣ афзудааст

№ 20.04.2017

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар давоми семоҳаи якуми соли 2017 ба маблағи 316,8 миллион сомонӣ масолеҳи соҳаи сохтмон истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиш 102,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли семент ба 426,0 ҳазор тонна, ғишт 20,7 миллион дона, гаҷкартон 190,2 ҳазор дона, гаҷ 1,8 ҳазор тонна расидааст.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»,  «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон  ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  назаррас мебошад.

Дар давоми се моҳ  133,2 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистон 120,4 ҳазор тонна, Ӯзбекистон 10 ҳазор тонна ва Қирғизистон 2,7 ҳазор тонна содирот  гардидааст. Инчунин, аз ҷониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноҳияи Ёвон 6,2 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 128,2 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда шудааст.

Шумораи корхонаҳои соҳа дар ин давра  511, ҷойҳои корӣ 9246 ва музди миёнаи меҳнат 1020 сомониро ташкил дода,  ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 8,8 фоиз баробар гардидааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»