Кай аз сӯзишвории давраи ибтидоӣ даст мекашем?

№ 18.06.2016

СузишвориРӯзҳои истироҳатии пеш аз  фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба аёдати падарам ба деҳа рафтам. Азбаски дар пеш як моҳи рӯзадорӣ буд, аксари сокинони деҳа ҳашари таппаккунӣ  доштанд. Занону духтарон бо дастпӯшакҳои  резинӣ кор карда, бӯйи ғализи  поруро нафас мекашиданд. Аз дидани ин ҳолат табъам хира шуд. Наход дар асри нанотехнология низ мо аз  сӯзишвории одамони давраи ибтидоӣ истифода барем?  Шарт аст, ки бонувони тоҷик аз заҳри поруи  чорво нафас кашанд?  Магар роҳи дигари ба даст овардани сӯзишвории арзон нест?

Ба гуфти  академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов ҳанӯз соли 1900 дар шаҳри  Бомбайи Ҳиндустон дастгоҳи истеҳсоли  биогаз аз поруи чорво пайдо шуд. Соли 1918 истифодаи партовҳои растанигӣ ва ҳайвонот барои истеҳсоли биогаз бо роҳи туршондани метанӣ оғоз гардида, алҳол дар Олмон, Хитой, Ҳиндустон, Шри — Ланка ва ғайра корхонаҳои азими истеҳсоли биогаз сохта шудаанд, ки онҳо  метавонанд сокинони як деҳа ва ё шаҳракро бо биогаз  таъмин намоянд.

Олимон ҳисоб  кардаанд, ки аз поруи як сар гов соле тақрибан 500 метри кубӣ биогаз ҳосил кардан мумкин аст, ки баробари 350 литр  сӯзишвории шартӣ мебошад. Он  имкон медиҳад, ки  генератор (движок)-и тавоноиаш ним киловатта як сол беист  кор кунад. Кишварҳои мутараққӣ бо истеҳсоли  биогаз се манфиат мегиранд. Ҳам партовро кам мекунанду ҳам сӯзишвории аз  лиҳози экологӣ тоза ҳосил мешавад.  Пасмондаи пору баъди пурра пӯсидан беҳтарин нурӣ барои замин хоҳад гашт. Соле дар ИМА зиёда аз 500 миллион метри кубӣ, Олмон — 400, Британия — 200, Нидерландия — 50 ва Франсия 40 миллион метри кубӣ биогаз ҳосил мекунанд. Ин рақамҳо сол то сол зиёд мешавад.

Дар ҷумҳурии мо солҳои навадуми асри гузашта олимони Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон вобаста ба тавлиди биогаз аз партовҳои набототу чорво корҳои зиёд анҷом доданд, вале ташаббуси онҳо аз ҷониби хоҷагиҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон дастгирӣ наёфт. Яке аз собиқадорони соҳа, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Анвар Мадалиев оид ба биогаз чунин гуфт:

- Чанд сол пеш дар факултети механиконии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси истеҳсоли биогазро сохтем. Соли 1998 бо мусоидати як созмони байналмилалӣ дар  фермаи  мурғпарварии собиқ хоҷагии ба номи Жданови ноҳияи  Қумсангир ( ҳоло Ҷайҳун) таҷҳизоти биогазро насб кардему баъди ду ҳафта аз биогази  ҳосилшуда дар ҳузури мардуми зиёд чой ҷӯшондем. Дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияи Данғара  низ чунин  дастгоҳро насб кардем. Мардуми зиёд шоҳиди аз биогаз хӯрок пухтану чой ҷӯшонидан шуданд, вале ягон соҳибкоре пайдо нашуд, ки ин таҷрибаро давом дода, дастгоҳҳои биогазро харидорӣ кунад, ҳол он ки таҷҳизоти биогаз он қадар қимат набуда, хароҷоташро дар 2 — 4 сол мебарорад.

Мутаассифона, соҳибкорону фермерҳо ва ашхоси сарватманди  чорводор ба ҷои таҷҳизоти биогазро насб кардан ба саломатии аҳли хонаводаашон беэътиноӣ намуда,  ҳашари таппаккунӣ ташкил намуданро  арзонтар мешуморанд.

-Истеҳсоли биогаз ихроҷи  гази метанро ба атмосфера  кам мекунад. Гази метан нисбат ба гази карбонат 21 маротиба зиёдтар ба «Эффекти парникӣ» таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, метанро ба сифати биогаз истифода бурдан ихроҷи онро ба фазо бозмедорад, — мегӯяд муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шамс Назаров.

Олимони Пажӯҳишгоҳи хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси тағйироти хок дар се даҳсолаи охир ба  хулоса омадаанд, ки ҳосилхезии хокҳои кишвар хеле  паст рафтааст. Аз рӯи маълумоти ташкилоти экологии «Маленькая земля» зиёда аз 90 фоиз  масоҳати заминҳои ҷумҳурӣ дучори фарсудашавӣ ва эрозия гаштаанд. Яке аз сабабҳои  камшавии ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ кам истифода бурдани нуриҳои органикӣ, аз ҷумла пору мебошад, зеро аксари сокинони  мамлакат ба ҷои поруро ба замин  рехтан, таппак мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, соли 2013 дар бахши кишоварзии мамлакат 173816 тонна  пору истифода шудааст, ки ин нисбат ба соли 1980 қариб 3,5 маротиба кам мебошад.

Чанде пеш вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ ҳангоми баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» чунин гуфт: -Имрӯз ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бахусус  заминҳои корами  обии хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ бинобар дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани талаботи агротехникаи коркарди хок ва ташхиси саривақтии таркиби он, нокифоя таъмин намудани он бо ғизои маъданию биологӣ ва дигар омилҳо хеле коҳиш ёфтааст.

Воқеан, пору яке аз  муҳимтарин  нурии органикӣ ба шумор рафта, заминро аз  макро ва микроэлементҳо бой  мегардонад. Микроорганизмҳои таркиби пору моддаҳои  органикиро барои растаниҳо дастрас мегардонанд. Растаниҳо гази  карбонатеро, ки зимни пӯсидани пору ҳосил мешавад, дар ҷараёни  фотосинтез истифода мебаранд. Пору  структураи хокро беҳ карда, заминҳои сахтро  ковок мегардонад. Қобилияти намнигоҳдорӣ ва ҳавогузарии хок беҳтар мешавад. Поруро дар вақти шудгор ва дар вақти нашъунамои  зироат (ба сифати компост) ба замин  мерезанд. Ҳосили зироате, ки бо пору  рӯёнда шудааст, нисбат ба ҳосиле, ки тавассути нуриҳои  минералӣ рӯёнида шудааст, сифати беҳтар дошта,  дурудароз меистад.

Хуб мешуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, раёсати кишоварзӣ ва намояндагони ҷамоатҳои деҳот бо сокинони деҳаҳо суҳбат гузаронида, фаҳмонанд, ки поруи  чорворо аз таппак кардан дида, биогаз гирифтан ё барои ҳосилхез намудани боғу киштзор истифода бурдан беҳтар аст. Касоне, ки ба сӯзишворӣ  эҳтиёҷ доранд, метавонанд як мошин поруро ба ивази  як мошин ҳезум (аз ҳисоби буридани шохи дарахтон, «обрезка») ба боғдоре  бидиҳанд. Ё ин ки поруро ба деҳқоне фурӯхта, ба ивазаш ҳезум харанд. Он гоҳ ҳоҷат ба таппаккунию нафасгир кардани аҳли хонаводаю  атрофиён намемонад.

С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»