Кишти пунбадона оғоз шуд

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки имсол дар майдони 5175 гектар кишт гузаронанд, ки ин нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Дар хоҷагии деҳқонии «Балҷувон», аз Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, ки онро пахтакори асилу соҳибтаҷриба Фазила Раҷабова сарварӣ менамояд, маъракаи кишти пунбадона бо дуои неки пирони деҳа шурӯъ гардид.

Саҳмдорони хоҷагӣ ният доранд, ки дар майдони 16 гектар пахтаи навъи флора кишт намоянд. Онҳо ин навъи пахтаро чанд сол боз кишт менамоянду самараи онро дидаанд.

- Аз ҳама муҳимаш, — мегӯяд сарвари хоҷагӣ Фазила Раҷабова, — ин навъи пахта ба касалиҳо тобовару серҳосил аст. Бо вуҷуди гармсели соли гузашта, мо тавонистем аз он ҳосили фаровону дилхоҳ ба каф оварем.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»