Корҷӯён соҳиби кор шуданд

№ 03.10.2016

Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони бешуғл, шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашта дар шаҳри Гулистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  баргузор гардид.

Корманди масъули маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр Рустамҷон Одизода хабар дод, ки дар ярмарка аз ҷониби 13 ташкилоту корхонаи шаҳри Гулистон 196 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод аз рӯи ихтисосҳои гуногун барои шаҳрвандон пешниҳод карда шуд. Музди маоши моҳонаи вазифаҳои озод аз 500 то 2000 сомонӣ мебошад.

Дар натиҷа, 10 нафар бо ҷойи кор таъмин, 3 нафар ба касбомӯзӣ  сафарбар  карда  шуданд.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»