Корвони саломатӣ кумаки тиббӣ расонид

№ 03.10.2016

Дар доираи эълон гардидани «Соли 2016-соли фарди солим» ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 23 ва 24 сентябр дар шаҳри Конибодом чорабинии «Корвони саломатӣ» доир гардид.

Корманди масъули дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева хабар дод, ки табибони муассисаи тиббии  «Луқмони Ҳаким» дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро аз рӯи муроҷиаташон номнавис намуда, бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ кумаки тиббӣ расониданд.

Қобили қайд аст, ки дар рӯзҳои баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз 600 нафар сокинони шаҳр аз ташхиси мутахассисони тиб гузаронида шуданд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»