Вақте сухан дар бораи Маркази табобатии Мачитон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат меравад, бисёриҳо гумон мекунанд, ки дар он танҳо беморони сил табобат меёбанд. Муаллифи ин сатрҳо шоҳиди бевоситаи он гардид, ки дар ин дармонгоҳ касалиҳои ғайрисилӣ низ мавриди ташхису табобат қарор доранд. Банда якчанд моҳ аз сулфа ва нафастангӣ азият мекашидам. Бо вуҷуди ба чанд дармонгоҳу духтурони соҳибкасб муроҷиат кардан вазъият тағйир намеёфт. Бо тавсияи наздикон ба Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина (ММБСШ ва ҶҚС) муроҷиат кардам. Маро мудири шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва бемориҳои шуш, доктори илмҳои тиб, профессор Абдурасул Сангинов қабул карда, баъди суҳбат таскин дод:
- Бародар, бисёр рӯҳафтода нашавед. Бемории шумо бронхит аст ва иншоаллоҳ шифо меёбед.
Ҳамин тавр, маро дигар духтурони ботаҷрибаи дармонгоҳ низ муоина ва ташхис карданду ба табобат пардохтанд. Аз рӯзҳои аввал беҳбудиро ҳис кардам ва баъди даҳ рӯзи табобат ҳолатам хеле беҳтар шуд. Мушоҳида кардам, ки бисёр беморони дигар, ки дар ҳолати вазнин ба ин ҷо омада буданд, баъди муддате ҳолашон хуб шуд.
Мавриди зикр аст, ки 6 декабри соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои МД «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» баъди тармиму навсозӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Навсозию муҷаҳҳазгардонии он бо харҷи 70 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сурат гирифтааст. Он дорои Озмоишгоҳи миллии реферансиест, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Соли 2012 дар ин ҷо шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва бемориҳои шуш (ғайрисилӣ) таъсис ёфта, таҳти сарпарастии олими ҷавон Абдурасул Сангинов, ки дар 35 — солагӣ соҳиби унвони доктори илмҳои тиб гардидааст, ба фаъолият шурӯъ кард. Шуъба барои табобат ва ҷарроҳии бемориҳои қафаси сина, аз ҷумла амрози эхенококки шуш, абсесс, бронхоэкгозия, ғафсшваии пардаҳои шуш ва ғайра махсус гардонида шудааст.
Абдурасул, ки аз зумраи мутахассисони камназири бахши пулмонология ва ҷарроҳии қафаси сина аст, аз наврасӣ дар муҳити эҷодӣ таълиму тарбия гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна ва як соли таҳсил дар шуъбаи тайёрӣ, соли 1992 ба факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1998 бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст. Баъди чанд муддати фаъолият дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва таҳсил дар ординатураи клиникӣ, барои сайқал додани донишу тахассус ба шуъбаи аспирантураи Академияи тиббии баъдидипломии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Санкт — Петербург, дохил мешавад. Дар он ҷо солҳои 2004 — 2005 ба ҳайси ҷарроҳи дармонгоҳи №10 кор карда, соли 2005 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Такмилдиҳии усули ҷарроҳӣ ҳангоми дохил шудан аз пеш ба омоси қафаси сина ва синдроми Панкоси» ҳимоя мекунад. Солҳои 2005-2008 ба ҳайси мудири кафедраи ҷарроҳии пластикӣ ва барқароркунии Донишгоҳи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 2008 – 2011 дар докторантураи кафедраи ҷарроҳии госпитали №1 Донишгоҳи тиббии ба номи академик И. П. Павлови шаҳри Санкт — Петербург таҳсил ва соли 2011 дар мавзӯи «Муолиҷаи ҷарроҳии тангшавии хирной» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.
Абдурасул Сангинов узви Ҷамъияти ҷарроҳони созмони Пирогов, Мактаби саратоншиносони «ОШО»-и Санкт — Петербург, Академияи дониши табиии Россия ва Ҷамъияти ҷарроҳони қафаси синаи Аврупо мебошад. Соли 2007 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гаштааст. Аз соли 2012 мудири шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ва ҳамзамон мудири кафедраи фтизиопулмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
Таҳти роҳбарии А. Сангинов имрӯз дар шуъбаи зикргардида се нафар духтури соҳибтахассус — Хайриддин Саидов, Шодмон Розиқов, Амон Ҳасанов, шаш нафар ҳамшираи шафқат ва кормандони дигари хизматрасон ба ташхису табобат машғуланд.
Бо хоҳиши мо профессор А. Сангинов роҷеъ ба сабаби гирифторӣ ба бемориҳое, ки дар шуъба табобат меёбанд ва тарзу усулҳои табобат маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки тавассути дастгоҳу технологияҳои ташхисии ҳозирамон, аз қабили томографияи компютерӣ, бронхоскопия иллати беморонро дақиқ муайян карда, барои муоинаи бемороне, ки дар шушашон об ҷамъ мешавад, усули пунтсионии ташхисро истифода мебаранд. Яъне, биопсияи плевроро мегиранд ва барои муайян кардани он ки ин бемории онкологӣ аст ё силӣ ва ё ғайрисилӣ ташхиси умумӣ мегузаронанд. На ҳама вақт дар шуш ҷамъшавии об аломати сил аст, зеро дар зиёда аз 50 намуди касал дар шуш об ҷамъ мешавад. Баъзан бемор сулфа карда, хун мепартояд, ки ин ҳам дар аксар маврид аломати сил нест. Бисёриҳо ҳангоми ба чунин ҳолат гирифтор шудан ба духтурону табибони ғайриихтисос муроҷиат мекунанд. Дар натиҷа, бемориашон дақиқ муайян намешавад ва ба ҳолати вазнин гирифтор мешаванд. Хуб мебуд, онҳо сари вақт ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд. Шояд бисёр одамон гумон кунанд, ки дар беморхонаи бо номи Мачитон машҳур (ММБСШ ва ҶҚС) танҳо бемориҳои сил табобат мегиранд.
- Ман фарзанди даврони Истиқлолияти кишварам ва маҳз бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илм ва фаъолияти касбӣ ба комёбиҳо ноил гардидам. Донишандӯзиам дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълимгоҳҳои олии кишвар ва хориҷа, фаъолияти илмию эҷодӣ, комёбиҳои соҳибгаштаам маҳз дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтаанд. Аз ин хотир, масъулияти бештареро эҳсос карда, баҳри беҳбудии саломатии мардум боз ҳам бештар саъю талош менамоям, — гуфт Абдурасул Сангинов.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»