Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Магар корҷӯён ҳақ надоранд, ки сарпаноҳ дошта бошанд?»

№94 (4356) 17.07.2021

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҳамкории судманд бо нашрияи муътабари «Садои мардум» изҳори хушнудӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:

Мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки 4 майи соли 2021 таҳти рақами 60 (4322) бо унвони «Магар  корҷӯён ҳақ надоранд, ки сарпаноҳ дошта бошанд?» чоп шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баҳри танзими бозорҳои корҷӯӣ аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 8 январи соли 2021 нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар назди ҳар як бозори корҷӯӣ ба тасвиб расид. Тибқи он, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кордиҳандагон ва шарикони рушд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати аз худ намудани касб тавсеа ёфта, гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ ба нақша гирифта шуд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар байни корҷӯён  пурсиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он барои беҳтар намудани вазъ ва танзими фаъолияти  бозорҳо  дар 11 банд пешниҳод манзур гардид.

Ҳамчунин, бо фармоиш аз 3 июни соли 2021, №58 бо мақсади таъмин намудани низоми муайяни фаъолияти бозорҳои меҳнатии  ғайрирасмӣ ва роҳандозии модели намунавӣ (пилотӣ) Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти он барои ба танзим даровардани бозорҳои корҷӯӣ, таъсис ва муайян намудани механизми фаъолият, таъмини инфрасохтор  ва дигар ҷанбаҳои хизматрасонии онҳо равона шудааст.

Вобаста ба танзими фаъолияти бозорҳои корҷӯӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар мақола зикр гардидаанд, раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он фаъолияти густурда дошта, ҷиҳати ҷалби корҷӯён ба курсҳои омӯзишӣ ва танзими фаъолияти нуктаҳои мазкур корбарии доимӣ доранд.

Бо мақсади таъмини инфрасохтори зарурӣ 9 июни соли 2021 ба раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар хусуси муайян  намудани макон  ва таъсиси инфрасохтори ба талаботи замони муосир мутобиқ  мактуби расмӣ ирсол шуд.

А. РАҲМОНЗОДА,

муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ