Чанде пеш дар бинои Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» нишаст баргузор гардид.
Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд. Сардори давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2016 зиёд карда шавад. Вобаста ба ин, 6 июни соли равон таҳти № 697 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Тибқи фармони мазкур аз 1 июли соли равон ҳадди ақали музди меҳнат дар мамлакат 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.
Сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи ҷумҳурӣ Сайвалӣ Сафаров зикр кард, ки тибқи фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, мактаб — интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
- Яъне, агар маоши муаллими тахассуси дараҷаи олӣ аз рӯи як ставка ба ҳисоби миёна 649 сомониро ташкил медод, пас аз 1 июли соли ҷорӣ он ба 779 сомонӣ баробар гардид, — гуфт Сайвалӣ Сафаров. — Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синф ва мудири кабинетро ба уҳда доранд, инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, вобаста ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад. Маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии касбидошта аз рӯи як ставка бо дарназардошти 352 сомонӣ иловапулиҳо 1129 сомониро ташкил медиҳад.
Ба кормандони унвони илмидоштаи муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 30 фоизи маоши вазифавӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 30 фоиз муайян карда шудааст. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (300 нафар) аз 378 сомонӣ ба 491 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (100 нафар) аз 630 сомонӣ ба 819 сомонӣ ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ (15 нафар) аз 756 сомонӣ ба 983 сомонӣ расонида шудааст.
Сайвалӣ Сафаров қайд кард, ки мувофиқи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ бо мақсади ҷалби мутахассисони соҳа кормандоне, ки дар деҳот кор мекунанд, нисбат ба мутахассисони дар шаҳрҳо бо ҳамин ихтисос фаъолияткунанда як дараҷа зиёд маоши моҳона мегиранд. Инчунин, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ду дараҷа аз маоши тарифии беморхонаҳо зиёд муқаррар шудааст.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки акнун андозаи он моҳе 156 сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол ин нишондиҳанда ба 130 сомонӣ баробар аст. Ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол низ 20 фоиз зиёд карда шуд ва ба 748,8 сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда то зиёдшавӣ 624 сомониро ташкил медод.
- Барои татбиқи фармони мазкур танҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ зиёда аз 600,0 миллион сомонӣ равона карда мешавад, — гуфт Сайвалӣ Сафаров.
Сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молия Раҷабалӣ Одинаев, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон А. Солеҳзода дар робита ба фармон изҳори андеша намуданд. Дар роликҳои видеоие, ки пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид, масъулони секторҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мудофиа ва иқтисодиёти Вазорати молияи ҷумҳурӣ бандҳои алоҳидаи фармонро шарҳ доданд.
С. Суннатӣ,
«Садои мардум»