Солҳои 2022 - 2026 - «Солҳои рушди саноат»

Мис «Тиллои нав» мешавад?

№27 (4447) 01.03.2022

123547_big (2)Муассиси гурӯҳи «USM», миллиардери маъруф Алишер Усмонов дар сомонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ иброз дошт, ки мисро бинобар дар иқтисодиёти камкарбон ва соҳаҳои технологияи баланд нақши ивазнашаванда ­доштан «тиллои нав», «нефти нав» ва «металли оянда» меноманд.

Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ, то соли 2040 миёни минералу металлҳои дар технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергетикӣ талабот ба мис, никел ва графит бештар мешавад. Мис, махсусан дар таҷҳизоти шамолию офтобӣ ва мошинҳои барқӣ (электромобил, электробус, электрофургон) нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин, то соли 2040 талабот ба ин металл 2,7 маротиба меафзояд.

Мис хосияти барқгузаронӣ ва гармигузаронии баланд дошта, ба зангзанӣ тобовар аст. Барои муқоиса, оҳан зимни намнокии баланд зудтар занг мезанад. Мис ба осонӣ мавриди коркард қарор гирифта, ба риштаи чандин маротиба бориктар аз як миллиметр табдил меёбад. Аз ин рӯ, онро дар соҳаи радиотехника, мошинсозӣ, киштисозӣ, тангабарорӣ ва таҷҳизотсозӣ васеъ истифода мебаранд. Дар соҳаҳои сохтмон, заргарӣ ва кишоварзӣ низ онро истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон кони мис бештар дар вилояти Суғд (Олтин — Топкан, Тарор, Чоруқдарон, Қарамазор ва ғайра) ҷой гирифтааст. Кони мис дар ноҳияи Дарвоз низ кашф шудааст.

Ба гуфти Алишер Усмонов, бо мақсади пешгирии норасоии мис бояд ба соҳаи геология маблағгузорӣ шавад. Инчунин, технологияи ҷудо кардани мис аз маъданҳо бояд такмил ёбад. Моҳи майи соли 2020 Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ кард, ки то соли 2050 истихроҷи мис, графит, литий ва кобалт 500 дарсад зиёд хоҳад шуд.

Ба гуфти коршиносон, барои истифодаи энергияи шамолу офтоб ва чашмаҳои геотермалӣ ва боздоштани гармшавии глобалии ҳаво зиёда аз 3 миллиард тонна минералу металл лозиманд.

Соли 2020, бинобар зиёд шудани талабот дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон, нархи мис дар бозори ҷаҳонӣ 22 дарсад боло рафт. Мувофиқи таҳлили коршиносони «Goldman Sachs», нимаи аввали соли 2022 нархи мис боз баландтар хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки фурсатро ғанимат дониста, баҳри дарёфти сармоягузорон дар бахши ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди мис фаъолиятро тавсеа бахшанд. Шояд миллиардер Алишер Усмонов ба захираҳои кишвари мо низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд?

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»