Санади меъёрии ҳуқуқӣ ва раванди татбиқи он

ММП — лоиҳаи беназир ва тақвиятбахши низоми бонкӣ

№60 (4322) 04.05.2021

Ҳадаф аз қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳамсозии заминаи мукаммали ҳуқуқӣ ва ба ин васила рушди соҳаҳо маҳсуб мешавад. Моҳиятан санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инъикоскунандаи адолатанд, бояд дорои низоми муайян ва баҳисобгирифташаванда бошанд, зеро давлате, ки худро ба сифати давлати демократию ҳуқуқбунёд эълон намудааст ва усули муайянкунандаи фаъолияти он волоияти қонунҳои одилона мебошад, наметавонад аз тартиби муқаррарии сабти санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ сарфи назар кунад.

Тибқи муқаррароти моддаи 7-уми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ»  аввалин иқдом баҳри тавсеаи пардохти ғайринақдӣ маҳсуб мешавад.

Мақсад аз  қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ,  рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, вусъат бахшидани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва пардохти маблағи молу хизматрасониҳо буда, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Бонки миллӣ, вазоратҳои адлия, молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои он вазифадор гардида буданд.

Тибқи муқаррароти он, номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, сохторҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз шаванд, тасдиқ мегардид. Барои гузаштани воҳидҳои мазкур ба қабули ҳатмии кортҳои пардохтии бонкӣ барои ҳисоббаробаркунии молҳои фурӯхташуда, корҳои иҷрошуда ва ё хизматҳои расонидашуда то 1 январи соли 2017 муҳлат муайян шуда буд. Ташкилотҳои қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд, муваззаф гардида буданд, ки қабул ва хизматрасонии ҳатмии кортҳои Низоми пардохти миллӣ «Корти миллӣ»-ро то 1 марти соли 2015 таъмин намоянд.

Тибқи талаботи ин қарор, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба кортҳои пардохтии бонкии кормандон гузаронидани музди меҳнат ва дигар намудҳои пардохтҳои ба он баробаркардашударо бояд таъмин менамуданд.

Дар қисми 10 — уми қарори мазкур зикр шуда буд, ки «Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба муқаррар намудани муҷозот нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд».

  Қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 30 ноябри соли 2018  ба тасвиб расид, идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Дар қиёс ба қарори қаблӣ, талаботи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур такмил ёфта, тибқи он,  вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро пешниҳод менамоянд, бояд то 1 апрели соли 2019, дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳатман қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониро ғайринақдӣ таъмин менамуданд.

  Илова бар ин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки пардохти ҷарима, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатиро тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба роҳ монанд. Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор шуда буданд, ки оид ба ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  вобаста ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ироа намоянд.

Омӯзиши масъала собит кард, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори  мамлакат дар ин самт фаъол буда, хеле пештар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул ва ҷонибдорӣ кард.

Ин иқдом ба иҷрои қарорҳои зикршуда рабт дош­та, тибқи иловаҳои моддаи 615,  «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд».

Лозим ба ёдоварист, ки дар меъёрҳои қаблан амалкунандаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардида буд.

Дар муқоиса ба сохторҳои дигар фаъолияти Бонки миллӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои зикршуда қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда,  солҳои охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ ба хизматрасониҳои аз тариқи онҳо имконпазир хеле сода гардонида шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» – «ба кортҳои пардохтии бонкии кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ гузаронидани музди меҳнат ва дигар намудҳои пардохтҳои ба он баробаркардашуда» пурра иҷро гардид.

Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар теъдоди банкомату POS — терминалҳоро бамаротиб зиёд намуда, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳоро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Тибқи маълумоти аз Бонки милллӣ дастрасшуда, ҳоло шумораи банкоматҳо 1281 адад ва терминалҳои электронӣ 5710- торо ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2019 мутаносибан 403 ва 362 ададӣ зиёд шудаанд.

Эътироф бояд кард, ки ҳоло ҳам як қисми шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони кортҳо ҳар рӯз ва ҳангоми сафарҳо ба хориҷи кишвар зарурати бо худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад.

Илова бар ин, тадбири мазкур ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Дар маҷмӯъ, тавсеаи ин раванд ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда таҳрик мебахшад.

Дар робита ба масъалаи мавриди назар месазад аз иқдоми беназир, муҳиму саривақтии роҳбарияти Бонки миллӣ — таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб (ММП)  ёдовар шавем. Қабл аз ҳама, бояд зикр кард, ки маркази мавриди назар лоиҳаи тиҷоратӣ нест ва барои таъсиси он маблағи ҳангуфт низ харҷ нашудааст.

Хуб дар хотир дорем, ки  баъзе аз расонаҳо ва журналистони алоҳида  манфиатҳои низомҳои интиқоли пулро ҳимоя намуда, «бонги изтироб» зада буданд, ки таъсиси чунин марказ боиси гарон шудани нархи интиқоли пул мешавад.

  Нодида мегирифтанд, ки аз он ҷониб ба ҷои маблағ «код» меомаду яке аз ин низомҳо – «Золотая корона»  бо сармояи хеле кам ва ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи мавҷуда зиёда аз 80 фоизи бозорро дар ихтиёр дошт.  Тоифаи мазкур «далел» пеш оварда буданд, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия муқаррароте ҷой дорад, ки барои пайвастани низомҳои интиқоли маблағ монеа пеш меорад. Андешае, ки асоси воқеӣ надоштанаш баъдтар ба шарофати шарҳи расмии Бонки марказии Россия  собит шуд.

  Бегуфтугӯ, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, аз ҷумла, «нигаронӣ» -и баъзеҳоро  ба миён меорад.   Хушбахтона, бо мурури вақт ММП натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ боварӣ ҳосил намуданд, ки ин тадбир  оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳбуд бахшидани фаъолияти низоми бонкии кишвар муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

  Алорағми «пешгӯйӣ» -и як идда шоҳиди он ҳастем, ки дар заминаи фаъол шудани марказ  самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағ, таъмини шаффофияти амалиёт, коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф таъмин гардид.  Ҷанбаи дигари муҳим  саҳми ММП дар устувории қурби асъори миллӣ ва тавсеаи пардохти ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.

Далелҳое, ки  натиҷаи назаррас ба бор овардани ин иқдомро собит менамоянд хеле зиёданд. Вале бо овардани чанд далел, ки «қатрае аз баҳр» аст, иктифо менамоем.

Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки  миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда  соли сипаригашта 3,25 миллион ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум  30,8 фоиз зиёд мебошад. Ба шарофати фаъол гардидани ММП то 31 марти соли ҷорӣ теъдоди ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ  2221924 ададро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин марҳилаи соли 2020-ум 4,3 маротиба афзуд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2020 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,7 млн. амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 543,1 миллион сомонӣ анҷом дода шуд, ки ин нишондиҳандаҳо  дар қиёс ба соли 2019 аз лиҳози шумора 8, 8 миллион адад (5,7 маротиба) ва маблағи амалиёт 440,8 миллион сомонӣ (5,3 маротиба) зиёд мебошанд.

Умуман, соли равон дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути ҳамёнҳои электронӣ 5,5 млн. амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 233,5 миллион сомонӣ сурат гирифт, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2020 хеле зиёд  аст.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурсамари Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб  собит намуд, ки мо — тоҷикон низ метавонем дар бахши иқтисодиёт лоиҳаҳои беназири судоварро таҳия намоем ва мавриди истифода қарор диҳем.

Андешае, ки ба дурустии он  баъзе аз «дӯстон» шубҳа доштанд…

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»