Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд соҳибкасб бошанд

№108-109 (3409-3410) 13.08.2015

Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Абдулло Қодирӣ — сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, И.Олимов -  сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва С.Бобиев — мутахассиси пешбари Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат ширкат варзиданд.

Вохӯриро муовини раиси ноҳия Ғайниддин Маннонов  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 10174904 доллари ИМА кам ворид шудааст. Айни ҳол 362 нафар муҳоҷирони меҳнатии ноҳия имконияти ба ҷойи кори пештараашон рафтанро надоранд, зеро вурудшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ гардидааст.

Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулло Қодирӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои нав шурӯъ аз якуми январи соли 2015  муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ рафта метавонанд. Муҳоҷиронро зарур аст, ки то сафар аз намунаи имтиҳонӣ (тест) истифода бурда, омода шаванд. Ҳамчунин вай дар атрофи масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва пешгирӣ аз ин амал ибрози назар намуд.

Сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ И. Олимов оид ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ сухан ронда, таъкид кард, ки муҳоҷирони мо бояд соҳиби касб шаванд, зеро танҳо дар ҳамин сурат метавонанд дар Федератсияи Россия барои худ ҷойи кори хуб пайдо намоянд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рашт Ҳ. Саидов изҳори назар карда гуфт, ки бахши мо дар се самти асосӣ — муҳоҷирати меҳнатӣ,  муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва муҳоҷирати экологӣ фаъолият мекунад. Ӯ ҳамчунин оид ба тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Федератсия Россия, вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва ғайра ҳарф зад. Мавсуф дар давоми суханрониаш ботаассуф  изҳор дошт, ки аз ноҳия се нафар ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд. Онҳо аз шумораи он муҳоҷирони меҳнатие  мебошанд, ки дар мулки бегона бо сабаби  паст будани сатҳи маънавиёташон ба доми фиреб афтодаанд. Бо мақсади пешгирии ин зуҳурот бахши муҳоҷират пайваста бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ дар робита  аст ва доимо аз онҳо хоҳиш менамояд, ки алоқаашонро бо фарзандон мустаҳкам намуда, тариқи телефонӣ дар тамос бошанд ва  нагузоранд, ки онҳо ба хатоӣ роҳ диҳанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»