Таъминоти баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Мурғоб бо оби тозаи ошомиданӣ то ба ҳол аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст.
Маҳалҳои аҳолинишин, ба мисли Қаракӯл, Булункӯл, Тохтамиш, Шаймоқ аз манобеи оби тоза дар масофаи дур қарор доранд. Дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ барои аҳолии ин маҳалҳо, бахусус дар фасли зимистон, душвор мегардад. Ин мушкилӣ фасли зимистон дар маркази ноҳия низ эҳсос мешавад.
Ҷиҳати ҳалли масъала намояндагии Ташкилоти байналмилалии АКТЕД саҳми намоён дорад. Танзимгари намояндагии ин ташкилот дар ноҳияи Мурғоб Суйунбек Тоҷиддинов гуфт, ки соли 2016 тибқи Барномаи дастрасӣ ва таъмин намудани деҳоти дурдаст бо оби тозаи ошомиданӣ, бо кумаки сармоягузорони байналмилалӣ — UNDP ва Ширкати COCA COLA 20 таҷҳизоти дастии обкашӣ насб карда шуд.
Айни ҳол онҳо фаъол буда, сокинони ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин месозанд.
Инчунин, айни замон масъалаи дар маҳалҳои аҳолинишини боқимонда ва кӯчаҳои алоҳидаи маркази ноҳия гузоштани дастгоҳҳои обкашии дастӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ин бора муҳандиси ташкилот Исроҷиддин Умаров иттилоъ дод.
Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ташкилоти байналмилалии АКТЕД, ки чанде қабл дар ҷамоатҳои деҳот баргузор шуд, раиси ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев ширкат варзида, ба роҳбарият ва кормандони АКТЕД барои саҳми арзанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ, изҳори сипос намуд.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»