Ба озмуни «Маърифати экологӣ»

Мушкилоти экологӣ бояд мушкилоти шахсии ҳар як инсон бошад (эссе)

№148 (4568) 29.11.2022

1651952870_42-celes-club-p-gorod-isfara-krasivo-foto-44«Бовар дорам, ки башарият роҳи ҳалли мушкилоти печидаи амалисозии пешрафтҳои азиму зарур ва ногузирро бо нигоҳ доштани инсонӣ дар инсон ва табиӣ дар табиат пайдо хоҳад кард».

Андрей Сахаров, академик

Вожаи «экология» вақтҳои охир ба ҳадде зиёд истифода мешавад, ки баъзан намефаҳмӣ чиро дар назар доранд. Кор то ҷое расидааст, ки ҳатто дар борбанди дихлофос ва роҳаткурсии чармин ҳам навиштаҷоти «Аз нигоҳи экологӣ тоза»-ро мехонем.

Аслан ин вожа чӣ маъно дорад, кай пайдо шудааст, муаллифи он кист? «Экология» аз калимаҳои юнонии «оикос» (манзил, маскан, ватан) ва логос (илм) таркиб ёфта, тарҷумаи таҳтуллафзиаш «илм дар бораи ҷои зист» мебошад. Ҳамчун илм шарту шароити мавҷудияти организмҳои зинда ва робитаи мутақобилаи байни организмҳо ва муҳити зистро меомӯзад. Истилоҳи «экология» соли 1866 аз тарафи зоолог ва файласуфи олмонӣ Э. Геккел пешниҳод шудааст.

Ин илм вобаста ба пешрафтҳои илмиву техникӣ аз чаҳорчӯбаи фанни биология берун рафта, арзишашро торафт бештару равшантар карда истодааст. Бахусус, дар даҳсолаҳои охир экология чашми башарро ба равандҳое боз кард, ки аҳамияти глобалӣ доранд. Мутаассифона, маҳз ба ҳамин равандҳо нигарониҳо дар мавриди бадбахтиҳои башарият низ алоқаманд мебошанд.

Экология ҳоло аҳли Заминро ба андешаи имрӯзу фардои бани одам ва ҷаҳон афкандааст, зеро ба ин вожа аз ҳар паҳлуе назар андозем, мафҳуми офати умумисайёравиро мебинем, ки инсон дар давоми мавҷудияташ ҳеҷ гоҳ бо он рӯбарӯ набуд. Мо муҳити зистамонро ба ҳадде тағйир додаем, ки акнун барои дар он зистан бояд хешро тағйир диҳем.

Биёед, як лаҳза тасаввур намоем, ки мо дар коинотем ва Замини ягонаву нотак­рор ва сабзу зеборо наззора дорем. Он мисли пуфаке хурд ва беҳимоя ба назар мерасад ва якбора эҳсоси ифтихор, ки мо аз неруи бузурги табиат дорем, ба нигаронӣ нисбат ба тақдири он бадал мешавад.

Имрӯз дар ҷаҳон 8 миллиард одам ҳам зиндагӣ кунад, ин танҳо 0,01 дарсади мавҷудоти зиндаи сайёраи моро ташкил медиҳад. Аммо одамият хоставу нохоста аллакай 83 дарсади ҷонварони ширхори ваҳшӣ ва нисфи рустаниҳои заминро ба нобудӣ расондааст. Дар ин хусус таҳлилгарони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ соли 2020 дар гузоришашон оид ба хавфҳои табиӣ бонги изтироб задаанд. Ба андешаи онҳо, силсилаи иқтисодии мавҷуда – тарзи истеҳсол ва истеъмол, заминистифодабарӣ ва шаҳришавӣ, тиҷорат ва саноат – дар масъалаи таъсири инсон ба табиат таҷдиди назари қатъиро тақозо дорад. Зеро одамият захираҳои табииро аз он миқдор, ки сайёра қудрати барқарор кардан дорад, 50 дарсад бештар истифода мебарад. Агар ин тамоюл ҳамчунон нигоҳ дошта шавад, баъди 30 сол ба мо се сайёраи дигари мисли Замин даркор мешудааст, ки ҳамаи талаботашонро қонеъ созем.

Ҳатто иқрор шудан дарднок аст, ки аз таъсири ҷоҳилонаи инсон ба корҳои табиат дар рӯи замин дарёҳо хушк, баҳру уқёнусҳо ифлос ва ҷангалҳо, ки шуши ин бунияи мураккаб ҳастанд, нобуд мешаванд.

Шояд вазифаи асосии даврони мо аслан на омӯзиши табиат, балки ҳифзи он бошад. Воқеияти имрӯза низ тақозо дорад, ки ифодаи «Инсон ва табиат» дигар ба ифодаи мувофиқу муносиби «Инсон дар табиат» иваз карда шавад.

Моро солҳои пеш талқин мекарданд, ки «Инсон шоҳи табиат аст!». Акнун бояд шуур, идрок ва шинохтамонро комилан бозсозӣ кунем. Охир, дар асл инсон танҳо ҷузъи табиат аст. Бале, беҳтарин, вале ҷузъ. Кӯшиши инсон барои ба даст гирифтани тақдири табиат ҳамон зӯри беҳуда аст, ки билохир миён мешиканад. Табиат ҷовидонӣ аст, дар ҳоле ки одам, тавре дар урфият мегӯем, як дам аст.

Вале бояд ёдовар шавем, ки муносибати инсон ва табиат аз ибтидо чунин набуд. Биёед як лаҳза ба таърих руҷӯъ кунем. Меравем ба замонҳои қадим, ки нуқтаи оғози рушди муносибатҳои инсон бо ҷаҳони табиат маҳсуб мешавад. Дар он рӯзгорон одамон ҳанӯз худро аз табиат ҷудо накарда буданд, хешро ҷузъи табиати ягона медонистанд. Ин бар он асос ёфта буд, ки одамони ибтидоӣ ба табиат вобастагии ниҳоят сахт доштанд. Дар тасаввури онҳо объектҳо ва ҳодисаҳои муҳити атроф низ моҳиятан одам буданд, танҳо дар симои дигар. Гомҳои нахустинро дар бегонашавӣ аз табиат гузариш ба зиндагии муқимӣ гузошт. Акнун инсон таваҷҷуҳро аз табиат ба худаш равон кард.

Дар замони антиқа бошад, низоми тасаввурот дар бораи худоҳо ҳамчун офарандагони табиат, ки сифат ва симои инсонӣ доранд, ба вуҷуд омад. Як навъ муқобилгузории инсон ва табиат шурӯъ шуд. Одам як навъи мавҷуди ҷондор боқӣ монда, ҳамзамон худро аз назорати омилҳои табиат берун кард ва дарки илмии табиат оғоз ёфт, ки онро ба объекти омӯзиш табдил дод.

Дар асрҳои миёна бошад, пайдоиши динҳои яккахудоӣ, аз ҷумла дини насронӣ, раванди бегонашавии инсон аз табиатро суръати баланд бахшид ва онро то ба охир расонд. Насроният инсонро, агар истиораомез гӯем, дар баландии эҳроми кураи замин нишонда, характери дарки объектҳои табиатро комилан дигар кард. Агар инсон дар замони антиқӣ табиатро объекти омӯзиши илмӣ қарор дода, вале ба ҳар ҳол дар объектҳои табиат низ мавҷудияти «ҷон»-ро қоил буд, насроният онҳоро аз «ҷон» пурра маҳрум сохт. Инсон уҳдадории парастиши табиатро аз дӯш дур афканд ва дар муносибат бо табиат соҳиби озодии мутлақ гашт. Дигар ҳамаи объектҳои табиат аз арзише, ки пеши ӯ доштанд, маҳрум гаштанд: арзиши онҳо ин шуд, ки то кадом андоза барои инсон ҷолибанд ва ба ӯ чӣ хидмате карда метавонанд.

Дар замони нав бошад, таассуроте ташаккул ёфт, ки инсон субъект асту табиат — объект. Инсон онро ҳар гуна, ки хоҳад, истифода мекунад. Яъне, табиат набояд худ ба худ ё номуташаккилона арзи вуҷуд ва рушд кунад, он бояд дар хидмати инсон бошад. Ана ҳамин гоми ниҳоӣ дар бегонашавӣ аз табиат гоми нахустин ба сӯи буҳрони экологӣ шуд.

Дуруст аст, ки инсон ҳанӯз аз замони пайдоиш ба муҳити атроф таъсир мегу­зошт. Вале таъсири ҳалокатбораш ба таври назаррас дар садаи ҳаждаҳум, дар оғози инқилоби саноатӣ намоён шуд. Замин ба дигаршавӣ оғоз кард, вале мо ба зудӣ инро мушоҳида нанамудем — тамаддуни башарӣ ба ташвишҳои «муҳимтар» банд буд: истеҳсоли сӯзишворӣ (ангишт, газ, нефт ва ғайра), фулузот ва канданиҳои дигари фоиданок. Ин ҳама боиси аз ҳад зиёди ифлосшавии замин, об, ҳаво ва муҷиби буҳрони экологӣ гардиданд.

Вазъияти ғайриодии сиёсии садаи бистум (ихтилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷанг­ҳои ҷаҳонӣ) ба аҳли башар имкон надод, ки ба мушкилоти экологӣ ба таври лозим мутаваҷҷеҳ шавад. Ба ин мусаллаҳшавии бошитоб (ҷанги сард) ва суръати ҳайратовари пешрафтҳои технологиро зам намоед. Ҳамаи ин омилҳо ба он оварда расонданд, ки дар охири садаи бистум инсоният ногузир ба ақл омад, ба атрофаш назар андохт ва дарку эътироф намуд, ки хонаи худро то кадом андоза харобу хатарнок кардааст.

Ифлосшавии атмосфера, гармшавии сартосарӣ, таъсири газҳои гулхонаӣ, боронҳои кислотадор, вайронкунии табақаҳои озон, нобудсозии ҷангалҳо, биёбоншавии заминҳо, таназзули экосис­темаҳои табиӣ, пластикаи дар Уқёнуси ҷаҳонӣ шинокунанда… Ин танҳо ҷузъе аз мушкилоти экологист, ки дахолати бетаъхирро талаб дорад. Ҳалли онҳо барои ҳамаи мамолики ҷаҳон, ки ба фалокати глобалӣ роҳ доданӣ нестанд, масъалаи ҳаёту мамот маҳсуб мешавад.

Бигирем гармшавии глобалиро, ки Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2021-2030 — ро «Даҳсолаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» эълон кардааст.

 Сабаби асосии гармшавии сартосарӣ фаъолияти нодурусти одам аст. Одамон сӯзишвории истихроҷкардаро (ангиштсанг, нефт, газ) бебаркаш месӯзанд, дар натиҷа ба атмосфера газҳо хориҷ мешаванд — гази ангидриди карбон, метан (гази ботлоқ), оксиди азот, газҳои фтордор ва монанди инҳо. Онҳо муҷиби пайдоиши таъсири (эффекти) гулхонаӣ мешаванд. Ба навиштаи олимони соҳа, «саҳм»-и гази ангидриди карбон дар гармшавии сартосарӣ ба 64 дарсад баробар аст. Алҳол ҷамъшавии он дар атмосфера бошад, дар қиёс ба даврони тоиндустриалӣ 40 дарсад зиёд мебошад.

Бисёриҳо дар ҳайратанд, ки проблемаи гармшавии сартосарӣ ҳамаро якбора ба ташвиш овард. Аммо афроди огоҳ медонанд, ки ягон хел «якбора» нест. Дар ҷомеаи илмӣ дар бораи гармшавии сартосарӣ хеле ва хеле вақт шуд, ки бонги изтироб мезаданд.

Вале танҳо 12-уми декабри соли 2015 намояндагони 197 давлат дар пойтахти Фаронса ҷамъ омада, Созишномаи Париж­ро ба имзо расонданд. Созишнома 8-уми ноябри соли 2016 мавриди амал қарор гирифт. Мутобиқи он бояд гармшавии сартосарии сайёраи Заминро дар ҳадди 1,5°C дар қиёс бо даврони тоиндустриалӣ нигоҳ доранд. Ба хулосаи донишмандон, ин роҳи ягонаи пешгирии фоҷиаи иқлимӣ мебошад.

Дар иртибот ба андешидани тадбирҳо оғоз карданд: Иттиҳоди Аврупо эълом дошт, ки то соли 2050 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз офтоб, бод ва манбаъҳои дигари «сабз» мегузарад; аз соли 2035 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фурӯши автомобилҳои дорои муҳаррики дарунсӯз қатъ мешавад, ҷои онҳоро электромобилҳо хоҳанд гирифт…

Аммо ҳаҷми партовҳои СО2 ба атмосфера чӣ дар соли 2018 ва чӣ дар соли 2019 «рекордӣ» буданд, зеро на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба Созишномаи Париж пайвастанд ва на ҳамаи давлатҳои имзокарда то имрӯз онро ба тасвиб расондаанд.

Акнун рафту гармшавӣ дар Замин афзудан гирад чӣ? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳарорат ҳатто ба андозаи 2°C боло равад, боиси зуд-зуд рух додани тӯфону обхезиҳои шадид мегардад, бахусус дар минтақаҳои наздисоҳилӣ. Дар минтақаҳои гарм хушксолӣ ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил меёбад. Уқёнуси ҷаҳонӣ бошад, турштар мешавад, ки ин муҷиби ба ҳалокат расидани садҳо навъи ҷонварону рустаниҳои баҳрӣ мегардад. Арктика — «яхдон»-и асосии сайёра дигар Заминро хунук кардан наметавонад…

Агар гармшавии сартосарӣ ба 3°C расад, обшавии яхҳои Греландия ва Антарктида суръату хислати фалокатбор касб мекунанд. Сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ якбора боло меравад ва минтақаву давлатҳои наздисоҳилӣ зери об мемонанд. Ҷонварону рустаниҳои зиёде аз байн мераванд, муҳоҷирати оммавии одамон оғоз меёбад. Тасаввур кунед: алҳол дар минтақаҳое, ки аз сатҳи баҳр дар баландии то даҳ метр ҷойгиранд, ҳудуди як миллиард одам зиндагӣ дорад.

Зимнан, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар садаи бистум ҳаҷми ­партофтҳо, танҳо дар замони буҳронҳои иқтисодӣ, эпидемияҳо ва ҷангҳо коҳиш ёфтааст ва он ҳам барои як муддати кӯтоҳ. Чунончи, дар солҳои ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дувум, таназзули иқтисодии солҳои 1930-юм, буҳрони энергетикии солҳои 1970-ум. Дар садаи бисту якум бошад, партофтҳои газҳои гулхонаӣ замони буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявии солҳои 2008-2009 ва бемории сироятии COVID-19 коҳиш ёфтанд. Вале ҳар дафъа, чун вазъият ба эътидол меояд, ҳаҷми партофтҳо боз рӯ ба афзоиш меоранд.

Тоҷикистон, ҳарчанд дар ­масъалаи ба атмосфера хориҷ кардани газҳои гулхонаӣ бо ҳаҷми кам дар сафи кишварҳои намунавии ҷаҳон қарор дорад, аз таъсири ногувори тағйирёбии иқлим дар канор буда наметавонад. Чунон ки Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳафтуми ноябри соли равон дар Миср зимни суханронӣ дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иброз доштанд, хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Имрӯз захираҳои об ҳам зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. Таи якчанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мо, ки ҳаҷмашон ба 850 километри мукааб баробар аст, як ҳазораш пурра аз байн рафтааст. Ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ бошад, бо суръати рекордӣ боло рафта истодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина дар доираи ­Эътилофи обу иқлим пешниҳод карданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад.

Барои рафъи мушкилоти экологӣ, албатта, ба ҳар як кишвар мутахассисони таҳсилдидаи баландпоя заруранд. Тарбияи онҳо табиист, ки бар уҳдаи соҳаи маориф вогузор аст.

Тарбияи экологӣ ҳоло ба сифати самти авлавиятдори рушди мактаби муосир ва, дар маҷмӯъ, низоми таҳсил баромад карда, бояд ду масъаларо ҳал намояд: якум, тарбияи экологӣ ба омӯзиш ва пажӯҳиши муҳити зист нигаронда шавад; дувум, нисбат ба муҳити зист дар асоси тасмимҳои оқилона ғамхорӣ намояд.

Муҳаббат ба табиат, мисли ҳама гуна муҳаббати инсонӣ, мусалламан, аз кӯдакӣ дар ниҳоди мо ҷо карда мешавад. Омӯзгор ва нависандаи машҳури рус Василий Сухомлинский низ фармудааст, ки «инсон ҳамон мешавад, ки то панҷсолагиаш мешавад». Дар ҳақиқат ҳам нишонаҳои асосии хислати ҳар инсон дар солҳои аввали зиндагиаш шакл мегиранд, аз ин рӯ, асосҳои муносибати дуруст бо табиатро низ маҳз дар ҳамин давра дар ниҳоди ӯ ҷо намудан ба мақсад мувофиқ аст. Донишҳои дар ин замон андӯхтаи кӯдак дар оянда имкон доранд ба боварҳои пойдор мубаддал шаванд.

Вале, ба сурати умум, маърифати экологӣ бояд дар тамоми зиндагӣ ҳамроҳу ҳамнафаси инсон бошад: дар кӯдакӣ эҳсоси муассири наздикӣ бо ҷаҳони табиати зиндаро ба шакли муайян дарорад; дар мактаб ба дарки комили манзараи ҷаҳон мусоидат намояд; дар калонсолӣ ҷаҳонбинии экологӣ, эҳсоси масъулият барои вазъи муътадили табиат ва фаъолияти экологиро рушд бахшад. Яъне, маърифати экологӣ бояд ҳамаи марҳилаи зиндагӣ ва ҳамаи соҳаи фаъолияти инсонро фаро гирад.

Маърифати экологӣ ба инсонҳо дар ҳалли мушкилоте, ки ба муҳити зист таҳдид мекунанд, мадад мерасонад: инсон медонад, ки сайёра чӣ гуна «зиндагӣ» дорад, одамону табиат чӣ гуна ҳамкорӣ доранд ва одам амалҳои худро зери назорати оқилона қарор медиҳад.

Маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки тамоми даҳшату маргбории ҷангҳои ҷаҳониро дарк намоем. Онҳо на танҳо марги одамони бисёр ва ҳатто тамаддунро дар пай доранд, балки муҷиби фалокати умумиэкологӣ ва ҳалокати тамоми аҳли башар хоҳанд шуд. Аз ин бармеояд, ки шарти муҳимтарини экологӣ барои зинда мондани одамон ва ҳамаи мавҷудоти дигари зинда ҳаёти осоишта дар рӯи Замин мебошад. Инсони соҳиби маърифати экологӣ бояд, пеш аз ҳама, маҳз барои зиндагии осоишта кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ҷомеа бе маърифати экологӣ умри дароз надорад. Ин донишҳо бояд ба ҳамаи соҳаҳои илм, техника ва истеҳсолот роҳ ёбанд ва онҳоро ба дараҷае тағйир диҳанд, ки ба зинда мондани инсон мусоидат намоянд, на ба ҳалокаташ.

Дар шуури наслҳои оянда ҷо кардани асосҳои шуури экологӣ нишондиҳандаи муҳими қобили ҳаёт будани ҷомеа ва пешрафти бонизоми он дар ҳалли мушкилоти доғи рӯз мебошад. Аз ин бармеояд, ки таҳсилоти экологӣ ҷузъи таҳсилот набуда, онро метавон маънии нави раванди таҳсилоти муосир, василаи нодири нигоҳдорӣ ва рушди инсон ва идомаи тамаддуни башарӣ унвон кард…

 Ниҳоят, даҳсолаҳои охир башарият хатарбории вазъи экологии Заминро дар пӯсти худ эҳсос намуд, дид, ки табиат воқеан ҳам, аз уҳдаи бардоштани сарбории сангини антропогенӣ, ки аз имконияти табиии он бамаротиб зиёд аст, намебарояд. Хушбахтона, дар саросари гетӣ иқдомоти созандаеро барои ҳифз ва барқарорсозии табиати Сайёра рӯи даст гирифт. Тадбирҳои таҳияшуда ва амалишавандаро маъмулан ба ин гурӯҳҳо тақсим мекунанд:

1. Ҳуқуқӣ – таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист.

2. Иқтисодӣ – коҳиш додан ё пурра аз байн бурдани таъсири манфии техногенӣ ба табиат тавассути маблағгузорӣ, таъсиси барномаҳои сармоягузорӣ ва фондҳо.

3. Техногенӣ – ихтироъ ва роҳандозӣ кардани технологияҳои нав дар соҳаҳои металлургӣ, нақлиёт ва истихроҷи маъдан, ки тавонанд таъсири маргборро ба табиат коҳиш диҳанд. Бунёди манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия.

Оре, вазъи экологӣ дар ҷаҳон аз ҳар ҷиҳат ташвишовар аст. Муҳите, ки моро фаро гирифтааст, дар 100 соли охир ба андозае тағйир ёфтааст, ки таърихи 40-70 ҳазор соли пеши башар чунин дигаргуниро ёд надорад. Инсони муосир зери таъсири омилҳои нави физикӣ ва кимиёвӣ умр ба сар мебарад, ки пеш аслан дар табиат вуҷуд надоштанд: радиатсияи иондоркунанда, мавҷҳо ва майдонҳои электромагнитӣ, ултрасадо, вибратсия, аэрозолҳо, садоҳои гӯшкаркунандаи дастгоҳҳо ва техникаҳо…

Бояд эътироф кард, ки дар садаи бисту якум дар масъалаи дарки амиқи мушкилоти мавриди таваҷҷуҳ ба пешрафтҳои чашмрас ноил шудаем ва бо вуҷуди ин ҳама зарар, ки мо ба сайёраамон расондаем, ҳанӯз ҳам имкони кофӣ дорем онро ба ҳолати идеалӣ баргардонем.

Хулоса, мо амиқ дарк кардем, ки ҳаракати мутамаддин ҳаргиз ба инсон мутеъ кардани табиат нест, ҳаргиз аз бар кардани қонунҳои дунё ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи инсон дар зиндагӣ нест. Тамаддун ин эҳсоси масъулияти инсонӣ пеши Офаридгори хеш барои неъматҳои Ӯст, ин шинохти масъулият барои нигоҳдории сайёраи Замин аст, ин ҳаракати инсон ва миллатҳо барои расидан ба ягонагии умумисайёравӣ аз роҳи дарки қонунҳои коинот ва донистани ҷойгоҳи худ дар он аст.

Одамон аз рӯи қонунҳои навиштаашон зиндагӣ мекунанд. Табиат бошад, аз рӯи қонунҳои Офаридгори тамоми олам. Дар онҳо маънии офариниш ва мавҷудияти инсон ва тамоми башар ниҳода шудааст. Барои шинохти рисолати худ инсон бояд ҳатман қонунҳои табиатро аз бар намояд ва зиндагиро аз рӯи онҳо ба роҳ монад.

…Зеро вақте инсон табиатро хароб месозад, нияти Офаридгорро барбод медиҳад. Барои фаҳмидани сабабҳои вазъи рухдода ва дарёфти роҳҳои бурунрафт аз буҳрони тамаддунӣ ҷаҳонбинии наве зарур аст, ки дар он арзишҳои маънавӣ бар моддӣ авлавият дошта бошанд ва он ҷаҳонбинӣ бояд экологӣ бошад.

Камоли ҚУРБОНИЙОН,

рӯзноманигор