Нӯшокии қувватдиҳанда ва оқибати истеъмоли он

№91 (4674) 10.07.2023

U-YPzhMxDgwҲоло ки фасли тобистон аст,  шумораи зиёди одамон ҳангоми ташнагӣ ё худро хаста эҳсос намудан аз нӯшокиҳои қувватдиҳанда истифода мебаранд. Табибон истеъмоли ин навъи нӯшокиҳоро зараровар медонанд, зеро нӯшокиҳои қувватдиҳанда дар таркибашон глюкоза, кофеин, теобромин, таурин ва дигар моддаҳои ба системаи асаби инсон таъсиррасонанда доранд. Моддаҳои  зикршуда эҳсоси хастагӣ ва хоболудиро коҳиш дода, қобилияти равониро зиёд карда, набзи дилро метезонанд. Таъсири вояи миёнаи кофеин тақрибан 3 соат давом мекунад, аммо он аз бадани инсон хеле суст хориҷ мешавад, аз ин рӯ ҳангоми истифодаи барзиёд метавонад ба организм таъсири манфӣ дошта бошад.

Мудири шуъбаи тарзи ҳаёти солими Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Муҳаммадҷон Шарифов дар ин бора чунин гуфт: «Нӯшокиҳои энергетикӣ метавонанд ба бехобӣ, асабоният, дарди шикам, номунтазамии тапиши дил оварда расонад. Истифодаи мунтазами миқдори зиёди кофеин боиси инкишофи нашъа­мандӣ — кофеинизм мегардад. Аз ин рӯ, меъёри истифодаи онро бояд риоя намуд».

Фарқияти таъсири манфии ин нӯшокиҳо танҳо дар он зоҳир мегардад, ки занон нисбат ба мардон аз ҷиҳати ҷисмонӣ андак камқувваттаранд ва нӯшидани миқдори камтар нисбат ба меъёр метавонад ба саломатии онҳо зарар расонад.

Дар қуттиҳои баъзе аз нӯшокиҳои қувватдиҳанда дарҷ гардидааст, ки ин гуна нӯшокиҳоро шахсони аз 18 — сола  боло бояд нӯшанд, вале табиб тавсия медиҳад, ки шахсони аз 23 — сола поён аз ин нӯшокиҳо истифода набаранд. Чунки организми шахсони аз 23 — сола поён дар ҳоли инкишоф аст ва моддаҳои дар таркиби ин гуна нӯшокиҳо ҷойдош­та метавонанд ба саломатӣ ва ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ расонида, кори ғадудҳоро тезонанд, ки ин ба ҳосилшавии аз меъёр зиёди ҳормонҳо оварда мерасонад. Аз меъёр зиёд ҳосил гардидани ҳормонҳо ба кори асаб, дилу рагҳои хунгард ва дигар узвҳои дохила созгор нест. Истифодаи ин нӯшокиҳо ҳамаи неруро ба асаб ва дилу рагҳои хунгард медиҳад, ки ба фаъолияти дигар узвҳои бадан таъсири манфӣ мерасонад.

- Дар натиҷаи аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳо, афзоиши назарраси фишори хун ё сатҳи қанди хун имконпазир аст.

Инчунин, нӯшидани нӯшокиҳои қувватдиҳанда ба занони ҳомиладор, шахсони аз 18-23 — сола поён (аз ҷумла кӯдакони аз 16 — сола поён), ашхоси гирифтори бемориҳои фишорбаландиву дил, асаб, меъда ва амсоли инҳо қатъиян манъ аст,- қайд намуд Муҳаммадҷон Шарифов.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»