Нақша аз нисф гузашт

№ 16.06.2016

    Зироаткорони ноҳияи Фархор ният доранд, ки дар майдони 6189 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Аз ин ҳисоб то имрӯз дар 3122 гектари он пахта, ҷуворимакка, лӯбиё ва полезиҳо кишт намудаанд, ки баробари 50,4 фоизи нақша аст.

   Кишти такрорӣ хусусан дар деҳоти «Фархор», «Ватан», «Дарқад», «Деҳқонариқ» ва «Гулшан» хуб ҷараён дорад. Ноҳияи Фархор миёни ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ягона ноҳияе маҳсуб меёбад, ки нақшаи кишти такрори пайваста зиёд менамояд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»