Нафаси тоза

№94 (4677) 21.07.2023

Фароҳам гардидани ду ҳазор ҷои нави кор, 10 фоиз афзудани истеҳсоли маҳсулот ва тасмим барои дар се соли оянда ба 300 ҳазор тонна расонидани ин нишондиҳанда аз оғози марҳилаи сифатан нави фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мужда дод

ТАлкоЧанде пеш масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иқдомеро амалӣ намуданд, ки бо назардош­ти моҳият ва натиҷа барои дигар коргоҳу муассисаҳо намунаи ибрат бояд бошад. Манзур ташкил намудани боздиди як гурӯҳ журналистон мебошад, ки дар ин зимн аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли ҷомеа доир ба фаъолият ва дурнамои ин корхонаи муқтадир маълумоти муфассал пешниҳод гардад.

Пурмоҳият будани иқдоми мазкур дар он зоҳир мегардад, ки бар асари буҳронҳои молиявӣ ва зуҳури COVID — 19 корхонаи мавриди назар аз соли 2008 инҷониб ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардид. Муҳим он аст, ки роҳбарият ва кормандони корхона марҳилаҳои ба маънои том ҳассосро сарбаландона паси сар намуданд. Аз соли 2008 фаъолияти корхона бо истифодаи ашёи хоми дохилӣ тавсеа ёфта, технологияи он комилан таҷдид шуд.

Дар ин замина зерниҳоде ба номи «Талко — ресурс» бо иқтидори 400 ҳазор тонна ангишт дар як сол ба кор даромада, тавассути дастгоҳҳои истихроҷи газ вобастагии корхона аз воридоти он анҷом ёфт. Минбаъд ба роҳ мондани тавлиди маҳсулоти аз оташ осебнопазир, аз ҷумла хиштҳои навъи гуногун, кварсит, графити 97- фоиза, шишаи моеъ, криолит, фториди алюминий ва оксиди сулфат, идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад.

 Тадбирандешиҳои мазкур боис гардид, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ 10 ширкати зертобеъ фаъол гардида, 60 фоизи ашёи хоми барои истеҳсоли алюминий зарур дар дохили кишвар ба даст ояд. Набояд сарфи назар кард, ки мушкилоти молиявии байналмилалии солҳои 2013-2016 ба корхонаи мазкур таъсири манфӣ расониданд. Бино ба иттилое, ки расонаӣ шуд, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» солҳои 2015 — 2017 мутаносибан 60,8 ва 73,8 миллион доллари ИМА зарар дида буд. Бо зуҳури бемории сироятии COVID — 19 мушкилот дар фаъолияти он афзуда, дар ин марҳила осеби ҷиддӣ ба фаъолияти дег­ҳои барқӣ расид. Хушбахтона, ин марҳила низ паси сар шуда, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт тамоюли беҳшавиро касб намудаанд.

 Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи аввали соли равон корхона 31 ҳазору 500 тонна алюминийи аввалия истеҳсол кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Азми масъулин дар ин самт қавӣ буда, тасмим аст, ки дар се соли охир тавлиди алюминийро 5 маротиба афзоиш дода, ба 300 ҳазор тонна расонанд. Муҳим он аст, ки фаъолияти электролизёрҳо ба маҷрои муайян ворид шуда, дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 28 электролизёр фаъол гардид. То охири сол таъмир ва ба кор андохтани зиёда аз 90 электролизёр дар назар аст.

Ҳоло дар ин ширкат 4767 нафар кор мекунанд ва қарор аст, ки баъд аз барқарор шудани электролизёрҳо аз 1,5 то 2 ҳазор нафари дигар ба кор ҷалб шаванд. Тайи ним соли гузашта маоши коргарон низ 10 фоиз боло рафта, ҳоло музди миёнаи онҳо ва мутахассисон мутаносибан 2204 ва 4000 сомонӣ аст.

Далели ҷолиби дигар тавсеаи ҳамкории КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо истеҳсолкунандагони дохилӣ мебошад. Масъулин ба журналистон гуфтанд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати мазкур корхонаҳои ватаниро бо 6879,731 тонна алюминий ба маблағи 178,9 млн. сомонӣ таъмин намуд.

Мушоҳида кардем, ки ба ­васлу насби технологияи нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳ хоса аст, зеро ба шарофати ин иқдом имкон фароҳам меояд, ки неруи барқ сарфа гардида, сифати маҳсулот беҳбудӣ ёбад. Аҳли ин корхона аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, мулоқот бо заҳматкашони онро, ки 5- уми апрели соли 2000 доир гардида буд, ёдовар шуданд. Ҳамон вақт Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мазкурро «шиносномаи Тоҷикистон» номида, гуфта буданд, ки он аҳамияти корхонаи азими саноатиро дар миқёси давлатӣ ниҳоят дақиқ инъикос менамояд. Қобили зикр аст, ки 24 — уми майи соли равон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-уми КДВ «Ширкати Алюминийи Тоҷик» шинос шуда буданд.

Заҳматкашони корхона, аз он ки саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон гардид, хушнуданд ва барои саҳмгузорӣ дар ин раванд иродаашон хастагинопазир аст. Барқарорсозии иқтидорҳо, истифодаи густурдаи технологияҳои муосир, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба кор андохтани электролизёрҳои иловагӣ, афзун намудани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва профилҳои алюминий аз нақшаҳои минбаъдаи аҳли КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»