Намоди омезиши тамаддуни шарқу ғарб

№125 (4708) 16.10.2023

Имсол 2500 - солагии яке аз мавзеъҳои таърихии кишвар — Тахти Сангин дар доираи Феҳристи ҷашнвораҳои муҳими ЮНЕСКО таҷлил мегардад.

Ба ин хотир, чанде пеш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ — «Тахти Сангин намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» доир шуд. Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, шарқшиноси фаронсавӣ, узви хориҷии АМИТ Франсис Ришар, бунёдгузори «Анҷумани Рӯдакӣ», узви хориҷии АМИТ Масъуд Миршоҳӣ, дар маҷмӯъ коршиносони 14 кишвари дунё, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми мондагор гузоштаанд, ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, зимни ифтитоҳи ҷамъомад аз ҷумла гуфт, ки дар ҳудуди кишвари мо ёдгориҳои зиёди бостонию таърихӣ мавҷуданд, ки на танҳо таҷассумгари миллати тамаддунофари моянд, балки дар пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башар нақши мондагор доранд. Ёдгории Тахти Сангин аз зумраи онҳост. Ба ҳамин хотир, вақте Тоҷикис­тон дар доираи чорабиниҳои ЮНЕСКО таҷлил намудани 2500 — солагии онро пешниҳод намуд, бисёр ҳамсоякишварҳои мо ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуданд. Боиси хушбахтӣ, балки ифтихор аст, ки ЮНЕСКО низ ин таклифро пазируфт.

Сипас, паёми шодбошии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба аҳли нишаст ироа гардид, ки дар он Одри Азуле Тахти Сангинро ёдгории аҳамияти ҷаҳонидошта ва бозёфтҳои аз ин мавзеъ кашфшударо барои омӯзиши таърихи башарият муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Тахти Сангин ҳамон Тахти Қубод аст, ки дар ­бисёр сарчашмаҳои таърихӣ ёд мешавад. Бостоншиносон сабаби «Тахти Сангин» ном гирифтани ёдгориро дар он арзёбӣ намуданд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Таъкид намуданд, ки дар мавриди «Тахти Қубод» ном гирифтани ёдгорӣ низ ривоятҳои зиёде мавҷуд аст.

Директори Институти таърих, бос­тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши назди АМИТ Насрулло Убайдулло мавзӯи «Тахти Сангин дар таърих ва фарҳанги халқи тоҷик»-ро баррасӣ намуда, иброз дошт: «Ёдгории мазкур, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, аз нодиртарин ёдгориҳои  замони тоисломии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ дар ин ёдгорӣ се қабати фарҳангӣ пайдо намудаанд, ки ҳар қабати он бозгӯйи давраҳои гуногуни давлатдорӣ ва таърихӣ мебошанд. Ҳудуди он бениҳоят калон аст. Ҳини ҳафриёти бостоншиносӣ аз ин мавзеъ маводи замони тоисломӣ, тоюнонӣ ва ҳам юнонӣ пайдо намуданд. Баъди он ки Искандари Мақдунӣ Осиёи  Марказиро забт намуд, ин ҷо як муддат  тамаддуне пайдо шуд, ки  эленистӣ (маданияти фарҳанги  омехта) номаш мебаранд. Яъне, тамаддуне, ки дар натиҷаи омезиши  фарҳанги Ғарбу Шарқ ба вуҷуд омадааст. Аҳамияти ҷаҳонии ин мавзеи таърихӣ дар он аст, ки инъи­косгари омезиши ду фарҳанг мебошад».

«Тахти Сангин: Оид ба бозёфтҳои давраи то эллинӣ» ва «Элементҳо ва объектҳои давраи Ҳахоманишӣ аз маъбади Окс» аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷамъомад аз ҷониби шарқшиносони бурунмарзӣ Анри Пол Франкфор (Фаронса) ва Дружинина А.П (Олмон) муҳокима шуданд.

Матилда Желен (Фаронса), Хажиме Инагаки (Ҷопон), А. Омелченко (Россия), Лорен Моррис (Чехия), Михаил Шенкар (Исроил), Болелов С.Б. (Россия), П.Б. Лурйе (Россия), Гунвор Линдстрем (Олмон) ва дигар олимони сатҳи ҷаҳонӣ масоили гуногуни марбуд ба Тахти Сангиро дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ф. ФАЙЗАЛИЕВА,

«Садои мардум»