Нишасти матбуотӣ

Намоиши маҳсулоти 80 ширкати Эрон дар Тоҷикистон

№133 (3279) 13.11.2014

Чанде пеш дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории намоиши молҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд. Ҷамъомадро раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки саҳми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории намоиши маҳсулоти кишварҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ назаррас буда, дар ин бобат корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Шариф Саид ҳамчунин зикр кард, ки ин чорабинии тиҷоратӣ дар заминаи қарордоди имзошудаи миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ки 10 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, доир мегардад.

- Мақсад аз баргузории намоишгоҳ ин густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, пайдо кардани сармоягузорон, воридоти таҷҳизот ва технологияи нав барои коркарди ашёи хоми ватанӣ мебошад. Дар ин намоишгоҳ 80 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок мекунад, -афзуд Шариф Саид.

Зимни нишасти матбуотӣ мудири намоишгоҳҳои ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Садрзода изҳор намуд, ки намоишгоҳи молҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 12 то 15 ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар он масолеҳи сохтмонӣ, либосворӣ, маводи маданӣ, техникаи кишоварзӣ намоиш дода мешавад. Дар ҷараёни баргузории он вохӯриҳои вазирон, раисони кумитаҳо ва тоҷирону соҳибкорони байни ду давлат дар назар аст.

Дар идомаи суҳбат Алиризо Садрзода чунин гуфт: «Мо низ умед дорем, ки бо баргузории намоишгоҳ барои ривоҷи робитаи иқтисодии ду кишвари бародар мусоидат намоем. Вижагии намоишгоҳ дар он аст, ки соҳибкорони аксари вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он ширкат меварзанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки давоми чор соли пеш 75 фоизи молҳо аз вилояти Хуросони Разавӣ буданд. Имсол аз ин вилоят ҳамагӣ 35 фоизи маҳсулот гирифта шудааст. Инчунин дар заминаи ин чорабинӣ интиқоли технологияи нав аз кишвари мо ба Тоҷикистон сурат мегирад».

Дар поёни нишаст Шариф Саид ва Алиризо Садрзода ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»